Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон аз ҳисоби 74 ҳазор сайёҳ 37 миллион $ кор кардааст(Видео)


Акс аз бойгонӣ. Сайёҳони хориҷӣ дар минтақаи кӯҳии Панҷакент.

Акс аз бойгонӣ. Сайёҳони хориҷӣ дар минтақаи кӯҳии Панҷакент.

Масъулони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мегӯянд, дар нимаи аввали сол аз кишвар 74 000 сайёҳи хориҷӣ дидан кардаанд ва Тоҷикистон аз ҳисоби сайёҳӣ имсол 37 миллион доллар "кор" кардааст.

Раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мегӯяд, воқеаҳои ахири Хоруғ ба омаду рафти сайёҳон таъсир нарасондааст. Аҳтами Рустам Абдуллозода, ки моҳе пеш раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таъин шуд ва рӯзи 10 июл барои бори аввал дар ин мақом дар нишасти хабарии кумитааш бо хабарнигорон сӯҳбат кард, мегӯяд, оморе нест, ки ҳодисаҳои Хоруғ ба сайёҳон ягон таъсир расонида бошад: "Яъне барои сайёҳон ин ҳодисаҳои ахир дар Бадахшон ягон мушкиле пеш наовардааст."

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 92 830 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ташриф овардаанд, ки аз ин теъдод 74 002 нафараш сайёҳ будаанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони ин кумита дар нимаи аввали соли гузашта 71 000 ҷаҳонгард вориди Тоҷикистон шудаанд. Дар ин бора раиси нави кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтами Рустам Абдуллозода рӯзи 10-уми июл дар нишасти хабарии ин кумита хабар дод. Ба гуфтаи масъулони кумитаи ҷавонон, аз ҳисоби 74 002 сайёҳи хориҷӣ иқтисоди кишвар 37 миллион доллар маблағ кор кардааст. Ҳар як сайёҳ ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон то 500 доллар сарф кардааст.

Аз рост якум. Аҳтами Рустам Абудллозода, раиси нави Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Аз рост якум. Аҳтами Рустам Абудллозода, раиси нави Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Масъулони кумитаи ҷавонон мегӯянд, ки ҳоло шаҳрвандони 81 кишвари ҷаҳон метавонанд бидуни мамониат аз маконҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан намоянд. Аҳтами Рустам Абдуллозода гуфт, барои ҷалби ҷаҳонгардон ба кишвар нақшаи мушаххасе рӯи даст гирифтаанд. Ҳодисаҳои тирандозии ахир дар Хоруғ, ки боиси марги чанд нафар ва ба оташ кашидани биноҳои маъмурӣ гардид, гуфта мешуд, ба ҳузури ҷаҳонгардон дар ин минтақа таъсир расондааст.

Тоҷикистон бо табиати зебои кӯҳистонаш дар мадди назари сайёҳон қарор дорад, аммо коршиносон мегӯянд, омилҳое ҳаст, ки ҷаҳонгардонро аз ин кишвар «мегурезонад». Аз ҷумла ахиран чанде аз сайёҳони хориҷӣ аз «ҷангалпулӣ» супурдан сари ҳар қадам дар кӯҳистони Тоҷикистон шиква карда буданд. Ин сайёҳон мегӯянд, ҷангалбонҳои тоҷик бо пурсидани «ҷангалпулӣ» баъзан монеъи сайёҳати онҳо мешаванд.

Аммо як мушкили умда дар роҳи рушди сайёҳат ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон набуди зербинои мукаммал, аз ҷумла роҳҳову меҳмонхонаҳои хуб ва шароити дигари ба истилоҳ "саргарм" кардани сайёҳон аст. Фасоди густарда ва фарҳанги бо ҳашми ҳирс нигоҳ кардан ба ҳар меҳмони хориҷӣ низ, ба гуфтаи нозирони умур, бисёриҳоро аз ҳаваси сафари дубора ба Тоҷикистон дилсард мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG