Пайвандҳои дастрасӣ

72 000 муҳоҷири тоҷикро ба Русия кӣ роҳ намедиҳад?


Муҳоҷирони оянда дар интизори тафтиши номи худ дар "рӯйхатии сиёҳ"

Муҳоҷирони оянда дар интизори тафтиши номи худ дар "рӯйхатии сиёҳ"

Шумори ҳарчӣ бештари муҳоҷирони тоҷик мехоҳанд бидонанд, ки оё мақомоти Русия барои кадом кӯтоҳие исми онҳоро дар "рӯйхати сиёҳ" даровардаанд ва онҳо дигар наметавонанд барои кор ба он кишвар сафар кунанд.

Муҳоҷироне, ки одат доштанд, дар фурудгоҳи Душанбе шиносномаи худро бобати ҳаққи вуруд ба Русияро озмоиш кунанд, акнун ночор мондаанд. Ниҳоде, ки дар ин ҷо дар ивази 10 сомонӣ будан ё набудани номи шахсро дар рӯйхатти, ба истилоҳ, «сиёҳ»-и Хадамоти муҳоҷирати Русия месанҷид, дигар вуҷуд надорад. Ин ниҳод баъд аз шикояти шаҳрвандон аз харҷи иловагӣ барои хидмати он ва нашри матолибе дар расонаҳои ахбори ом чанд рӯз пеш баста шудааст.

Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурӯдгоҳи байналмиаллии Душанбе рӯзи 11-уми март ба радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд дар оғоз тафтиши мақоми ҳуқуқии муҳоҷирон ройгон буд, афзоиши талабот созмондиҳандагони ин хадамотро водор кард, барои додани маълум пул талаб кунанд. Оқои Шодиев мегӯяд: «Аз моҳи апрели соли 2012 то январи соли 2013 фаъолият дошт, ройгон буд ва баъдтар талабот зиёд шуд ва то якуним ҳазор одам меомад ва шароити қабули ҳама шаҳрвандон набуд. Дар ин шӯъба 9 нафар кор мекард ва зарурат пеш омад, ки чунин нуқтаҳо зиёдтар шавад ва махсусан дар ноҳияҳо таъсис дод шавад. Вале корро сар накарда, нашрияҳо дар бораи пулгириву ин чизҳо нашр карданд ва ширкат ҳам гуфт, барои ман хароҷоти зиёдатӣ лозим нест, чун мардум ҳангома сохтаву нодуруст мефаҳманд.»

Равзанаҳо баста шуданд ва акнун муҳоҷирон барои муайян кардани мақоми ҳуқуқии худ дар Русия роҳи Хадамоти муҳоҷиратро пеш мегиранд. Пушти дари шӯъбаи қабул ва маслиҳатдиҳии ин хадамот ҳар рӯз пур аз одам аст. Ва дар он овезае ҳам бо навиштаҷоти «Маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва санҷиши шиносномаҳо оид ба рондашудагон ройгон аст» насб шудааст.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд чунин хидматрасонӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар роҳандозӣ шудааст, муҳоҷирон бештар ба марказ меоянд. Ин ҳам дар ҳоле ки «рӯйхати сиёҳ»-и Хадамоти муҳоҷирати Русия дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр шудааст ва ба ҳама дастрас аст, аммо бархе аз муҳоҷирон истифода аз ин манбаъро намедонанд ва бархеи дигар ба он бовар надоранд.

Абдулло Қодирӣ мегӯяд: «Муроҷиатҳо зиёданд давоми 3 моҳи ахир ҳудуди 25 ҳазор шаҳрванд ба хадамот бо суолҳои мухталиф, махсусан барои фаҳмидани мақоми ҳуқуқии худ ва ин, ки оё дар рӯйхати ихроҷшудаҳои хадамои муҳоҷират ва анияти Русия ҳастанд ё на, муроҷиат намудаанд. Аксар носанҷида мераванд ва баргардонида мешаванд. Аммо агар омаду тафтиш кард ва фаҳмид, ки иҷоза дорад ё не бозгашт ба Русияро метавонад бо дили пур чипта харидаву сафар кунад.»

Ин ҳам дар ҳоле ки аксар муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, дар ҳоли сардаргумӣ қарор доранд ва бо вуҷуди ташхису муайян кардани мақоми ҳуқуқиашон боз ҳам дар фурӯдгоҳҳо дар рӯзи парвоз ба мушкил мувоҷеҳ шудаву аз роҳ гардонида мешаванд.

Баҳром, як муҳоҷири тоҷик мегӯяд,бори дуввум аст аз ноҳияи Фархор ба хадамоти муҳоҷират маҳз барои тафиши шиносномааш меояд. Баҳром мегӯяд, бори аввал исмаш дар рӯйхат набаромад ва ӯ чипта харид ва дар натиҷа ҳудуди 100 сомонӣ зарар дид.

Ҳамсӯҳбати мо саргардониҳояшро чунин қисса кард: «25 феврал шиносномаамро санҷидам, дуюми март чипта харидам, аммо дар фурӯдгоҳи Кӯлоб гардонданд. Дар кадом асос нагуфтанд, гуфтанд, шумо хориҷ шудаед ва 1 март дар рӯйхат ворид шудаед. Баъд гуфтанд, бо кадом сабабҳои техникӣ система чанд рӯз исми баъзеҳоро дар рӯйхат нишон надодааст. Аммо ман як соли ахир он ҷо расман кор карда, ягон иштибоҳе накардаам.»

На танҳо муҳоҷирони кории тоҷик ва онҳое, ки аз қонуну қоидаҳои будубош дар Русия огоҳ нестанд ба ин мушкил дучор мешудаанд, балки дар рӯйхатти сиёҳ ё рондашудагони хадамоти муҳоҷирату амнияти Русия афроде ҳам метавонистаанд шомил шаванд, ки боре ҳам ба ҳудуди ин кишвар ворид нашудаанд.

Нилуфар Азизова, як унвонҷӯи тоҷик, ки дар Беларус бозомӯзӣ мекунад, мегӯяд, ду бор барои сафар чипта харидаву ба қавле ба роҳ баромад, аммо аз фурудгоҳи Душанбеву Кӯлоб дур нарафт. Ӯ ки мехостааст тавассути Маскав ба Минск сафар кунад, ба далели рӯ задани номаш дар феҳрасти ихроҷшудагон ба Русия роҳ дода нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Нилуфар, ӯ боре ҳам дар Русия набудааст ва қонунҳои ин кишварро ҳам нақз накардааст. Ҳоло ин пажӯҳишгари ҷавони тоҷик хеле нороҳат аст ва мегӯяд ӯ бояд 21 март рисолаи илмиашро ҳимоят мекард ва ҳамакунун як соли таҳсилаш барҳадар меравад.

Нилуфар Азизова мегӯяд: «Ма сарҳади Русияро убур накардаам. Ман муҳоҷири меҳнатӣ нестам, ман як хабарнигор ва як илмомӯзам, фақат бояд 30 дақиқа дар фурудгоҳи Маскав истодаву ба Беларус мерафтам. Ба тамоми масъулони Тоҷикистон муроҷиат кардам, ба хадамоти муҳоҷират ва хадамоти амнияти федаралии Русия нома навиштам, ки сабабҳои ихроҷ шудани маро шарҳ диҳанд, ҳеҷ посухе наомад. Дар хадамоти муҳоҷират, ки як бинои дуошёна ва пур аз корманд аст, касе наметавонад ба як корафтодае мисли ман кумак расонад. Онҳо фақат тафтиш мекардаанд шиносномаҳои муҳоҷиронро, ки ин чандон кори мушкил нест. Бароям бисёр дардовар аст, ки худро як давлати муттарақӣ мегӯем, вале наметавонем ҳуқуқҳои худро дифоъ кунем.»

Аксар муҳоҷирони тоҷик аз ҷумла ҳудуди 20 нафар донишҷӯе ҳам, ки қисми зиёдашон то имрӯз натавонистаанд, барои идомаи таҳсил ба Русия баргарданд, ҳоло мехоҳанд бидонанд, ки сабаби аслии ихроҷ шуданашон аз ҳудуди он кишвар чист? Суоле ки ба гуфтаи муҳоҷирон, на мақомоти Русия ва на мақомоти Тоҷикистон ба он посух намедиҳанд.

Ҷамъи муҳоҷирони тоҷикро дар Русия аз 1 то 1,5 миллион нафар ҳисоб мекунанд. Онҳо солона ба Тоҷикистон беш аз 3 миллиард доллар пул мефиристанд, ки аз ҳаҷми буҷаи солонаи ин кишвар бештар ва баробари қариб нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш мебошад.

Бино бар иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, то имрӯз беш аз 72 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар рӯйхатти афроде ҳастанд, ки бо иттиҳоми қонуншиканӣ то 5 соли дигар ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд. Дар Тоҷикистон мегӯянд, аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шудани ҳар муҳоҷири тоҷик ба маъноест, ки дасти кам як хонавода аз манбаи асосии таъмини рӯзгораш маҳрум мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG