Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

500 шаҳрванди Тоҷикистон қурбонии ВИЧ-СПИД шудаанд


Созмонҳои иҷтимоӣ ба муносибати ёдбуди 500 қурбонии ВИЧ-СПИД дар Тоҷикистон як ҳамоиш баргузор намуданд.

Дар он ходимони созмони USAID, пизишкону кормандони беморхонаҳои пойтахт ва марказҳои мубориза бо Вич-СПИД ва бемориҳои сил ширкат доштанд. Рухшона Ашӯрова, як масъули Маркази ҷумҳуриявии мубриза бо СПИД гуфт, тайи як даҳсолаи ахир дар Тоҷикистон ҳудуди 500 мубталои Вич-СПИД ҷони худро аз даст додаанд.

Дар ҳамоиши ёдбуди қурбониёни Вич-СПИД таъкид карда шуд, ки бахши аъзами фавтидаҳо гирифторон ва мӯътодони маводи мухаддир буда, синну соли онҳо аз 35 то 50-сола мебошад.

Севара Комилова, ки аз ҳуқуқу манофеи қонунии сироятёфтагон ба Вич-СПИД дар Тоҷикистон ҳимоят мекунад, гуфт: "Онҳо бо ҳар сабабе ҷон медиҳанд, вале аксарашон дар синни 35 то 50-сола дармегузаранд. Нафароне, ки нашъаманд ҳастанд, зудтар ба ҳалокат мерасанд, чунки зиндагии солимро эҳтиёт намекунанд. Ҳоло дар семоҳаи аввали соли 2012 теъдоди гирифторони вируси норасоии масунияти бадан хеле зиёд шудааст."

Аммо нуктаи муҳимтаре, ки аз тарафи намояндагони созмонҳои мубориза бо СПИД дар ин ҳамоиш таъкид мешуд, афзоиши гирифторони хурдсолон, махсусан навзодон мебошад. Ба гуфтаи онҳо, ин гуна ҳолатҳо бештар дар навоҳии дурдаст рух медиҳад. Гулнора Давлатова, корманди созмони ҷамъиятии "Спинплюс" дар робита ба ин масъала мегӯяд, "мо як занро аз ноҳияи Ҳисор дар қайд гирифта будем, ки бо роҳи хунгузаронӣ кӯдаки худро гирифтор кардааст. Ин зан ҳам намедонист, ки вай гирифтори Вич мебошад. Ҳоло ба таври ҳатмӣ занонеро, ки дар таваллудхонаҳо ба қайд мегиранд, аз назорати марказҳои мубориза бо СПИД мегузаронанд. Дар даврони ҳомилагӣ ду маротиба занҳо муоина карда мешаванд.”

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:32 0:00
Линки мустақим


Дар ҳамин замина, Заррина Самиева, ҳамшираи шафқати Маркази мубориза бо СПИД мегӯяд, аксари кулли зоишҳои модарони гирифтор ба Вич-СПИД бо роҳи ҷарроҳӣ сурат мегирад: "Бисёре аз занҳои гирифтор мехоҳанд, ки бидуни ҷарроҳӣ худашон таваллуд кунад. Дар ин сурат, мо ӯро аз додани шир манъ мекунем. Ҳатман маҷбур мекунем, ки шири хушк (сунъӣ) диҳад."

Ба қавли ҳамсӯҳбатони мо аксари кӯдакони гирифтор аз хонаводаҳое ба дунё меоянд, ки ҳам модар ва ҳам падар гирифтори норасоии масунияти бадан ҳастанд. Марказҳои мубориза бо Вич-СПИД духтарон ва ҷавонони гирифторро бо роҳи махфӣ иҷозаи издивоҷ медиҳанд, аммо ҷиддан зиндагии баъдии онҳоро таҳти назорат қарор медиҳанд.

Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо Вич- СПИД-и Тоҷикистон шумораи расмии сироятёфтагони ин беморӣ то авохири соли 2011-ум ба 3 ҳазору 400 нафар мерасид. Аммо дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ин рақам то сад нафари дигар бештар шудааст.

Ба қавли Рухшона Ашӯрова, ходими Маркази ҷумҳуриявии мубриза бо Вич-СПИД, шурӯъ аз соли 2011-ум ба хотири кумак барои дарёфти доруву даво ба кӯдакони то 16-солаи гирифтори Вич (вируси норасоии масунияти бадан) ҳукумати кишвар ҳар моҳ дар ҳаҷми 270 сомонӣ ёрӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG