Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Украина 504 ҳайкали Ленинро кандаанд


Ҳайкали тахрибшудаи Ленин дар вилояти Одесса
Ҳайкали тахрибшудаи Ленин дар вилояти Одесса

Бино ба хабарҳо, дар тӯли як соли охир дар Украина 504 ҳайкали Владимир Ленинро тахриб кардаанд. Дар Украина инро як навъ видоъ бо гузаштаи Шӯравӣ медонанд, матбуоти Русия кандани ҳайкалҳоро аломати сар боло кардани “фашизм” дар Украина ба қалам медиҳад.

Шабакаи телевизионии “Украина” рӯзи якшанбе хабар дод, ки дар тӯли як соли охир дар Украина 504 ҳайкали Владимир Илич Ленин - асосгузори Иттиҳоди Шӯравиро тахриб кардаанд, вале боз тақрибан 1700 ҳайкали ӯ дар ин кишвар боқӣ мондааст. Ин рақам аммо аз ҷониби мақомоти расмии Украина расман тасдиқ ё рад нашудааст.

Шикастани ҳайкалҳои Ленин дар саросари Украина дар рӯзҳое оғоз ёфта, ки тарафдорони ҳамоиш бо Аврупо бо талаби истеъфои раисиҷумҳури вақти ин кишвар Виктор Янукович ба майдони марказии Киев ва шаҳрҳои дигар рехтанд. Пурсарусадотарин мавриди кандани ҳайкали Ленин тахриби ҳайкали ӯ дар маркази Киев дар рӯзи 1 декабри соли 2013 буд. Рафтани кандани муҷассамаи сохтаи ҳайкалтарош Сергей Меркуров дар майдони Бессарабская аз сӯи тазоҳургарон ба таври мустақим ба аҳли "Евро-майдон" намоиш дода шуд.

Ин ҳайкали Ленинро дар Запорожйе либоси украинӣ пӯшондаанд
Ин ҳайкали Ленинро дар Запорожйе либоси украинӣ пӯшондаанд

Ҳамин тавр, дар тӯли як соли дигар дар шаҳрҳои Киев, Харков, Одесса, Мариупол, Лвов ва даҳҳо шаҳру рустои дигари Украина садҳо ҳайкали асосгузори давлати Шӯравиро кандаанд. Тарафдорони тахриби муҷасаммаҳо ин амалро як навъ ҳарфи алвидоъи Украина ба мероси замони Шӯравӣ ва оғози саҳифаи нав дар таърихи ин кишвар – саҳифаи пайвастан ба Аврупо меноманд.

Вячеслав Кириленко, вазири фарҳанги Украина ахиран гуфтааст, ки ин вазорат ташаббусҳо барои барканории муҷасаммаҳои замони Шӯравиро ҳамчунон пуштибонх хоҳад кард. Ба гуфтаи Кириленко, аксари ин муҷасаммаву нимпайкараву ҳайкалҳои дигар ба “намояндагони зиддунақизи режими худкомаи Шӯравӣ” дар Рӯйхати муҷассамаҳои таърихии Украина шомил нестанд ва ба ин далел ёдгории таърихии миллӣ ё ҳатто маҳаллӣ шинохта намешаванд. Вазири фанҳанги Украина гуфтааст, азбаски ин муҷассамаҳо дар Рӯйхати ёдгориҳо нестанд, ҳимояти онҳо дар масъулияти мақомоти давлатӣ нест.

Аммо расонаҳои Русия ҳар мавриди тахриби ҳайкалҳои Ленинро боз як мавҷи сар боло кардани фашизм ва гурӯҳҳои зидди Маскав дар Украина ба қалам медиҳанд. Расонаҳои Русия мақомоти Украинаро айбдор мекунанд, ки ба хотири боз кардани дасти гурӯҳҳои “вандал” ба тахриби ҳайкалҳои Ленин ва дигар раҳбарони замони Шӯравӣ, ин муҷассамаҳоро дониста аз Рӯйхати ёдгориҳои таърихӣ берун мекунанд.

Русияву Украина: Давраи танишҳо

Тахриби ҳайкали Ленин дар Харков. 28 сентябри соли 2014
Тахриби ҳайкали Ленин дар Харков. 28 сентябри соли 2014

Равобити Русияву Украина баъди суқути раисиҷумҳури рӯ ба Маскави Украина Виктор Янукович дар моҳи феврали соли 2014 вориди марҳалаи танишҳои бесобиқа шудааст. Русия дар моҳи марти соли 2014 бо истифода аз беназмиҳои сиёсӣ дар Украина вилояти Қрими он кишварро ишғол ва бо баргузории як раъйпурсӣ ба қаламрави худ ҳамроҳ кард. Аз моҳи апрел ҷудоиталабони рӯ ба Маскав дар вилоятҳои низ аҳолиаш умдатан русзабони Донетску Луҳанск бо талаби истиқлол аз Киев ва пайвастан бо Маскав сар боло карданд.

Аз тақрибан 6,5 миллион аҳолии вилоятҳои Донетску Луҳанск тақрибан нисфашро русзабонҳо ташкил медиҳанд. То имрӯз дар ҷангҳо байни нирӯҳои давлатӣ ва ҷудоиталабон дар шарқи Украина, бино ба ҳисоби СММ, беш аз 4700 нафар кушта шудаанд. Украина ва Ғарб Маскавро айбдор мекунанд, ки ошӯбгарон дар Донетску Луҳанскро бо нирӯву силоҳ ва пул пуштибонӣ мекунад. Маскав инро рад мекунад, вале мегӯяд, ҳимоят аз русзабонҳо дар ҳар кишварро вазифаи худ мешуморад.

Руҷӯе ба таърих

Кандани ҳайкали Ленин дар таърихи сентябри соли 1991 дар шаҳри Душанбе, ки бо амри шаҳрдор ва дар ҳузури ҳазорон нафар аз тазоҳургарон сурт гирифт, боиси рӯзе баъд дар маркази пойтахти Тоҷикистон ҷамъ омадани ҳазорон нафар аз мухолифони ин амал шуд.

Ҳайкали Ленин дар боғи Душанбе, ки ҳоло аз онҷо бардошта шудааст.
Ҳайкали Ленин дар боғи Душанбе, ки ҳоло аз онҷо бардошта шудааст.

Таҳти фишори ҷонибдорони низоми Шӯравӣ раиси вақти Шӯрои олии Тоҷикистон Қадриддин Аслонов, ки иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳур ҳам буд, аз мақомаш истеъфо дод ва ба ҷои ӯ Раҳмон Набиев ба қудрат расид. Аммо ихтилофоти сиёсӣ дар Тоҷикистон баъди ин ҳам фурӯ нанишаст ва дар соли 1992 мунҷар ба ҳаводиси хунине шуд, ки ин кишвари фақири пасошӯравиро барои 5 соли оянда ба вартаи ҷанги пурқурбонии шаҳрвандӣ афканд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ин кишвар то ҳол 66 ҳайкали Ленин боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG