Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти беш аз 20 нафар дар Суғд бо гумони омодагӣ ба ҳамлаҳои террористӣ


Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти беш аз 20 нафар дар вилояти Суғд бо иттиҳоми омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ ва диверсионӣ дар иншооти стратегии шимоли Тоҷикистон хабар додааст.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 15 ноябр хабари боздошти беш аз 20 нафар дар шимоли кишвар бо иттиҳоми омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои диверсионӣ ва террористиро тасдиқ кардааст.

Раҳимзода ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, “дар ҷараёни амалиёт дар чанд ноҳияи вилояти Суғд беш аз 20 шаҳрванди Тоҷикистон дастгир шуданд, ки узви Ҳаракати исломии Узбакистон будаанд. Ин созмон дар Тоҷикистон ва чандин кишвари дигар, аз ҷумла дар Амрико созмони террористӣ эътироф шудааст.”

Ба гуфтаи вазиир корҳои дохилии Тоҷикистон, дар ҷараёни кофтукоб аз чанде аз ин боздоштшудаҳо “тасмаҳои интизорӣ”, маъруф ба “тасмаи шаҳид”, маводи тарканда, детонаторҳо ва адабиёти ифротӣ кашф шудааст.

Қаблан гузориш шуда буд, ки як шумор афрод дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд бо гумони қасди ҳамлаҳои террористӣ боздошт шудаанд.

Рамазон Раҳимзода гуфтааст, “бар асоси баёноти муқаддамотии боздоштшудаҳо, онҳо дар урдугоҳҳои махсус дар кишварҳои хориҷӣ тамрин гирифта, қасди таркондани як қатор иншооти аз нигоҳи стратегӣ муҳим ва биноҳои маъмуриро ба ҳадаф доштанд, то бо ин роҳ вазъро бесубот гардонанд.”

Дар моҳи октябр низ мақомоти умури дохила гурӯи Мансур Бобоёровро, ки 9 сокини ҷамоати Саразми Панҷакент ва якеи дигар аз ноҳияи Новро муттаҳид мекард, ба қасди таркондани нақбҳои Истиқлолу Шаҳристон ва ҳамла ба як қисми низомӣ дар ноҳияи Панҷакент айбдор карда буданд. Ҳоло маълум нест, ки хабари ахир дар бораи омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳо дар вилояти Суғд хабаре аз он гурӯҳи Бобоёров алоҳида аст ваё ҳарду бахшҳои як нақшаанд?

Ҳамин тавр, дар ҳафтаи гузашта мақомоти умури дохилаи вилояти Суғд аз боздошти 12 узви гурӯҳе хабар доданд, ки барои “ҷиҳод” дар Сурияву Ироқ пул ҷамъ мекард. Гуфта мешуд, ки як узви ин гурӯҳ аз ноҳияи Конибодом ҳатто мошини “Мерседес”;ашро фурӯхта, 6 300 доллар пули онро барои “ҷиҳод” “хайр” кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG