Пайвандҳои дастрасӣ

Беш аз 141 000 нафари бознишаста дар Хатлон камтар аз 150 сомонӣ ё 30 доллар нафақа мегиранд, ки ба нархи як халтаи орд баробар аст.

Идораи ожонсии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Хатлон мегӯяд, зиёда аз 60 дарсади афроди бознишаста ҳамин андоза ё камтар аз он маоши бознишастагӣ мегиранд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Қурбоналӣ Қурбонов, сардори идораи мазкур, ҳисоби миёнаи нафақапулӣ дар Хатлон наздики 175 сомониро ташкил медиҳад ва аз буҷаи давлат ҳар моҳ барои пардохти маоши бознишастагӣ беш аз 36 миллион сомонӣ ихтисос дода мешавад.

Маҳкам Маҳмудов, бознишастаи 72-сола аз шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, ҳарчанд солҳои мадид дар муассисаи давлатие ифои вазифа кардааст, ҳоло мақомот барои вай нафақаи ночизе таъин кардаанд, ки натанҳо барои хариди доруву дармон, балки ҳатто ғизои моҳонааш кифоят намекунад.

Вай афзуд: «Гоҳе бо таъхири зиёд ҳам бошад, аммо медиҳанд нафақаро. Вале хеле кам аст. Ман беморам, барои табобатам намерасад. Ман орзуи ба курорт рафтан ё стироҳати бофароғат доштанро надорем, балки фақат мехоҳам, ки ақаллан ҳамин нафақапулиам ба дорувории лозим расад. Хайрият, ки ҳамин писарам ҳасту дар сохтмонҳо, дар хонаҳои мардум таъмиру бинокорӣ мекунад ва камбудиҳои хонаро таъмин мекунад…»


Валентина Иванова, бознишастаи дигар аз шаҳри Қӯрғонтеппа, низ ба мисли Маҳкам Маҳмудов аз ҳаҷми ками нафақапулиаш шикоят дорад. Аммо ба фарқ аз Маҳкам Маҳмудов, хонум Валентина нафари танҳою беперастор буда, маоши бознишастагияш ягона воситаи даромади моҳонаи ӯст.

«Акнун ҳамин қадар корам мондааст, ки ба кунҷе бинишинам ва садақа талабам. Ҳама медонанд, ки ман дар собиқа дар дафтари вилоятии бонки давлатӣ, дар пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотӣ кор кардаам, роҳбари корхонаи шустушӯӣ (химчистка) будам. Феълан касе дар фикри ман нест. Нафақапулиро гирифта, аввал маблағи барқу обро мепардозам. Боқимондааш барои ғизо аст. Аммо қимати маводи озуқа дар бозор хеле боло рафта, ҳатто мевагиро ба қадри кофӣ харида наметавонам», - гуфт ӯ.


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Дар ҳоле ки нафақаи минималӣ дар вилояти Хатлон 104 сомонӣ муқаррар шудааст, дар музофот афроде ҳам ҳастанд, ки ба гуфтаи худашон, нафақапулии аз 100 сомонӣ ҳам камро дарёфт мекунанд.

Бобои Саид, бознишастаи 75-сола аз шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, ягона тафреҳе, ки бо ин нафақаи ночизаш дошта метавонад, ҳозир шудан ба суҳбати ҳамсолонаш дар чойхонаи мӯйсафедони Қӯрғонтеппа аст.

«Нарасад, бачаҳоям ёрдам мекунанд. Нафақаро, ки гирифтам, ба чойхонаи даруни боғ омада, бо мӯйсафедон чой менӯшем, нони гарм мехӯрем. Ҳоло вақти рӯзадорист, пул сарф намекунем. Насиб, боз баъди рамазон ба ҳамин чойхона омада, рӯзе 2 сомонӣ сарф мекунем. Лекин таом намехӯрем. Бечора мӯйсафедон агар ҳар рӯз таом хӯранд, аз куҷо ин қадар пул меёбанд. Ягон кас хайр кунаду ош пазад, мехӯрему дуо мекунем, агар не, бо чою нон кифоят мекунем. Пештар аз ҳама, бароямон суҳбати дӯстон ғанимат аст», - афзуд бобои Саид.

Дар ҳоле, ки аксари кулли афроди бознишастаю маъюб дар вилояти Хатлон нафақапулии баробар ба қимати як халта орд (ё камтар аз он) мегиранд, ба иттилои идораи ожонсии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Хатлон, феълан 22 сокини минтақа ҳар яке ба андозаи беш аз 3 ҳазор сомонӣ, муодили 625 доллари амрикоӣ, маоши бознишастагӣ дарёфт мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки нафақаи ниҳоӣ 520 сомонӣ муқаррар шудааст.

Идораи ожонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мегӯяд, ки аз он миён 6 нафарашон нафақаи маъюбӣ ва 16 нафарашон нафақаи бесаробонӣ дарёфт мекунанд. Аммо ниҳоди мазкур шарҳ надод, ки мушаххасан ин афроди соҳибимтиёз киҳоянд ва дар гузашта дар куҷо кор мекардаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG