Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғазза роҳи тоҷиконро ба Исроил набаст


Масҷиди ал-Ақсо дар Байтулмуқаддас
Масҷиди ал-Ақсо дар Байтулмуқаддас

Ба ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон барои сафар ба Исроил бештар онҳое муроҷиат мекардаанд, ки аксаран се маротиба тавофи Каъба кардаанд.

Сокинони Тоҷикистон замоне барномаи сафари Исроилро тарҳрезӣ мекунанд, ки умеде барои рафтан ба Арабистони Саудӣ ва Эрон надоранд, зеро дар сурати сафар ба Исроил онҳо аз ҳаққи вуруд ба кишварҳои мазкур марҳум мешаванд.

Нуралӣ Раҳимов, масъули ширкати «Зигана Тур», ки барои сафари тоҷикон ба Исроил шароит муҳайё мекунад, мегӯяд, дар қиёс ба чанд соли пеш тоҷикон барои рафтан ба ин кишвар мароқи бештар зоҳир мекунанд. Ӯ мегӯяд, агар дар солҳои пеш дар чаҳор моҳ то 10 нафар барои сафар ба Исроил муроҷиат мекард, ҳоло тақрибан ҳар моҳе то 10 нафар муроҷиат мекунад. Раҳимов мегӯяд, ҷанги Исроил бо Фаластин ва ҳамлаи мушакии ҷунбиши Ҳамос, шиддат ёфтани чораҳои амниятии Исроил андешаи сокинон барои сафар ба ин кишварро дигар накардааст.

«Ба мо муроҷиат мекунанд ва мо ҳоло рӯйхат мекунем. Дар моҳи Рамазон ҳеҷ парвозе ба Исроил набуд ва ҳоло шаҳрвандон муроҷиат мекунанд ва агар то 20 нафар шуд, мо ҳатман сафарашонро ташкил мекунем. Ҳоло мо аз туризми Исроил ҳеҷ мактубе нагирифтаем, ки сайёҳонро наорем. Ҷанг фақат дар Ғазза ҳаст ва дигар ҷойҳои Исроил тинҷу ором аст. Аммо дар сурате, ки сафар манъ шуд, мо маблағи сайёҳонро бармегардонем. »

Масъули ширкати «Зигана тур» мегӯяд, ҳоло Исроил барои сафар ба хокаш имтиёзҳо додааст ва ҳатто дар шиносномаҳои сокинон мӯҳр намезананд, то шаҳрвандон ҳангоми сафар ба дигар кишварҳои исломӣ ба мушкил рӯ ба рӯ нашаванд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз ширкатҳои сайёҳӣ аз оғози ҳамлаи Исроил болои Ғазза тарғиб ва ҷалби сокинон ба ин кишварро қатъ кардаанд. Раҳмоналӣ Нуров, масъули ширкати «Скай Тур» мегӯяд, то анҷоми оромӣ дар ин кишвар касеро барои сафар ба Исроил ҷалб намекунанд: «Ҳоло аксари ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба ин кишвар парвоз надоранд. Мо ҳам эълонҳоямонро дигар намедиҳем. Кафолат дода намешавад, ки ҳангоми сафар ба он ҷо чӣ рух медиҳад, ба ҳамин хотир мо дигар касеро ҷалб намекунем.»

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00
Линки мустақим

Аслан, дар Тоҷикистон чаҳор ширкат сокинонро барои сафар ба Исроил ҷалб мекунанд. Сокинони Тоҷикистон барои зиёрати Байтулмуқаддас, ки мусалмонон Каъбаи дуввум низ аз он ном мебаранд, мераванд. Инчунин, аксари паёмбарон дар ин кишвар хок шудаанд ва масҷиди маъруфи Ал-ақсо низ дар Исроил ҷойгир аст, ки мусалмонони Тоҷикистонро барои сафар ба Исроил ҷалб мекунад.

Холмуҳаммад Раҷабов, сокини вилояти Хатлон мегӯяд, барояш даст додаст, ки ду бор тавофи Хонаи Худо кунад ва ҳамакнун тасмим дорад, Байтулмуқаддас ва масҷиди Ал-Ақсоро низ зиёрат кунад. Ӯ мегӯяд, ҳеҷ хавфе за нооромӣ надорад ва агар дар насибаш мурдан бошад, дар Тоҷикистон низ аҷал ба суроғаш хоҳад расид: «Мо ҳуҷҷатҳоямонро супоридем. Мунтазирем ва ҳар вақте даъват карданд, меравем. Ба мо гуфтанд, ки нооромӣ дар як кунҷи Исроил аст. Мисле, ки дар мо нооромӣ фақат дар Помир шуда буд ва дигар ҷойҳо ором буданд. Ин ҷойҳои муқаддаси исломиро зиёрат кардан боиси ифтихор аст.»

Дар ҳамин Абдулазиз Раҷабов, маъруф бо номи Ҳоҷӣ-пиёда пас аз се сафари Каъба тасмим дорад, пои пиёда ба Исроил биравад. Раҷабов мегӯяд, аксари мавзеъҳои муқаддас ва қабрҳои паёмбарону қадамҷои Ҳазрати Одам дар хоки Исроил ҷойгир аст, ки зиёрат аз онҳо барои фарди мусалмон савоби бештар дорад. Ҳоло Ҳоҷӣ-пиёда дар талоши гирифтани раводиди сафари Исроил аст ва тасмим дорад, ҳафтаҳои дигар пои пиёда ба роҳ афтад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки гурӯҳе аз корбарони шабакаи Фейсбук сафар ба Исроилро барои мусалмонон ҳаром дониста, аз мусалмонони кишвар хоҳиш кардаанд, аз сафар ба ин кишвар ба хотири ҳамрайъи ба мардуми Фаластин даст кашанд.

Тариқи ширкатҳои сайёҳӣ ба Исроил соле бештар аз 500 сокини Тоҷикистон ба ин кишвар сафар мекунад. Дар Тоҷикистон чаҳор ширкати сайёҳӣ ба ҷалби сокинон ба маконҳои муқаддаси исломӣ, ки дар хоки Исроил ҷойгиранд, машғуланд.

XS
SM
MD
LG