Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

$650 млн маблағҳои БОР барои тарҳҳои мухталифи Тоҷикистон


Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо директори генералии департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки осиёии рушд гуфта шудааст, ки ин бонк дар чанд лоиҳаи муҳими Тоҷикистон саҳми худро мегузорад.

Тибқи иттилои расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 27-уми ноябр Клаус Герхаусер, директори генералии департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки осиёии рушдро ба ҳузур пазируфт ва масъалаи ҳамкории ин бонк бо ҳукумати Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Дар ин мулоқот гуфта шудааст, ки ҳоло «лоиҳаҳои зиёде бо маблағи зиёда аз 650 миллион доллар дар бахшҳои афзалиятноки муайяннамудаи ҳукумати кишвар, пеш аз ҳама энергетика, нақлиёт ва молияи давлатӣ мавриди татбиқ қарор доранд.»

Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, давоми солҳои ҳамкории ин кишвар бо Бонки осиёии рушд, ин муассиса ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 1 миллирад доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кӯмаки техникӣ пешниҳод намудааст. Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки осиёии рушд барои дастгирии пайвастаи рушди иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла барои дастгирии таҳияи лоиҳаи «Сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон - Туркманистон» арзи сипос кардааст.

Ба гуфти ин манбаъ, миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Клаус Герхаусер ҳамчунин атрофи барномаи дар ҳоли таҳияи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2014-2016 сурат гирифтааст. Дар он таъкид гардидааст, ки дар ин барнома ба беҳтар намудани шабакаи роҳҳои нақлиётӣ, амнияти энергетикӣ, сохтмони иқтидорҳои истеҳсолкунанда ва хатҳои интиқоли барқ ва рушди бахши хусусӣ бояд афзалият дода шавад.

Ин дар ҳолест, ки бино ба тарҳи нави ҳукумат, дар бораи буҷаи соли 2014, Тоҷикистон дар се соли оянда зиёда аз ним миллиард доллар қарзро дар риштаҳои гуногун сарф хоҳад кард. Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 23-юми октябр дар Маҷлиси намояндагон зимни шарҳи ин барнома гуфта буд, дар ин се сол азхудкунии 554 миллион доллар маблағҳои қарзӣ пешбинӣ шудааст.

Парлумони Тоҷикистон будҷаи соли 2014-ро дар ҳаҷми 13 миллиарду 901 миллион сомонӣ ё тақрибан 2,9 миллиард доллар қабул кард. Барномаи қарзи давлтии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2016 дар ҳоле аз сӯи парлумон қабул шуд, ки тибқи иттилои расмӣ то кунун қарзи берунии Тоҷикистон маблағи 2 миллиарду 100 миллион долларро ташкил медиҳад. Иҷрои тарҳи нав ҳаҷми умумии қарзро ба марзи се миллиард доллар хоҳад кашонд.
XS
SM
MD
LG