Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Духтарон қаҳрамони дзюдо мешаванд


Шоҳида Қаландарова (аз чап), Шукрона Қарчиева(байн) ва Мавлуда Саъдуллоева (аз рост)

Шоҳида Қаландарова (аз чап), Шукрона Қарчиева(байн) ва Мавлуда Саъдуллоева (аз рост)

Шоҳида Қаландарова, дюздочии 16-солаи тоҷик, ки бори аввал дар мусобиқаи байналмилалии Open ASIA дар вазни 57 кило ширкат кард, ҳарифони худро аз Узбакистон ва Қазоқистонро шикаст дода, барандаи медали тило шуд.

Шоҳида Қаландарова, дюздочии 16-солаи тоҷик, ки бори аввал дар мусобиқаи байнулмилалии Open ASIA дар вазни 57 кило ширкат кард, ҳарифони худро аз Узбакистон ва Қазоқистон шикаст дода, барандаи медали тило шуд.

Роҳи Шоҳида Қаландарова, ин духтараки деҳотии тоҷик, ба варзиши калон аз майдонҳои хурду сабқатҳо дар тӯю маросимҳои наврӯзӣ оғоз шудааст. Ҳарифони ӯ дар ин сабқатҳо ҳамеша бачаҳо буданд.

"Дар деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ таваллуд шудаам ва падарам, ки ба гуштӣ ҳаваси зиёд дошт, маро дар тӯю маъракаҳо ҳамроҳи худ мебурд ва бо писарон гуштӣ меандохт," -- мегӯяд Шоҳида.

Шоҳида, толибаи синфи 10 дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоюли варзишии ба номи Иброҳим Ҳасанови Душанбе аст. Ӯ ҳоло дар клуби варзишии "Вастан"-и Душанбе барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни духтарони то 17-сола омодагӣ мегирад. Ин мусобиқа аз 5 то 9 август дар Босния ва Ҳерзеговин баргузор хоҳад шуд.

Дар клуби "Вастан" ҳамроҳ бо Шоҳида Шукрона Қарчиеваи 17-сола ва Мавлуда Саъдуллоеваи 18-сола, барандагони медалҳои биринҷии мусобиқаи байнулмилалии Open Asia дар шаҳри Чирчиқи Узбакистон низ тамрин мекунанд.

"Панҷ сол пеш дар ноҳияи дурдасти Дарвоз куби варзишии "Вастан"-ро ифтитоҳ карданд ва ман зери раҳбарии устодонам дар он клуб тамрин мекунам. Дар бисёр мусобиқот иштирок карда, парчами Тоҷикистонро бардоштам," -- мегӯяд Шукрона. Вай бар ин аст, ки духтарони зиёде ба ин навъи варзиш шавқ доранд, аммо падару модари онҳо намегузоранд, ки ин духтарон ба варзиш машғул шаванд. Тамрини духтарон дар бошгоҳи варзишии "Вастан" бо писарон муштарак мегузарад, зеро шумораи онҳо чандон зиёд нест.

Навъи гуштии дзюдо дар Тоҷикистон миёни духтарон чандон маъруф нест, аммо пас аз пирӯзиҳои духтарони варзишгари Тоҷикистон дар риштаҳои мухталиф, таваҷҷуҳ ба дзюдо ҳам дар ҳоли афзоиш аст. Ҳоло дар ҳудуди шаҳри Душанбе наздики 30 духтар ин навъи варзишро интихоб кардаанд. Аксари онҳо дар панҷ соли охир варзишкор шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG