Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Телескопи бузургтарини ҷаҳон дар Чин ба кор оғоз кард


Фаъолияти бузургтарин телескопи ҷаҳон рӯзи 25 сентябр дар Гуайҷоу, ҷануби Чин оғоз шуд. Қутри ин телескоп 500 метр буда ва дар муддати панҷ сол сохта шудааст. Хабаргузории давлатии Чин гузориш дод, ки телескопи бузурги ин кишвар рӯзи якшанбе ба дарёфти сигналҳои моҳвораӣ оғоз кард. Барои сохтани ин телескоп Чин 180 миллион доллар харҷ кардааст. Пеш аз ин бузургтарин телескопи ҷаҳон дар Пуэрто-Рико тавассути Амрико сохта шуда буд, ки қутри он ба 300 метр баробар аст. Донимашндони чинӣ мегӯянд, аз телескопи нав дар ин кишвар барои мушоҳидаи мавҷҳои ҷозиба дар замин ва фазо, ҳаракати ситораҳо ва таҳқиқи бештар дар мавриди каҳкашонҳо истифода хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG