Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Монополия” мушкилоти муҳоҷиронро ба бозӣ меандозад


Бозигарон бо монеаҳои бюрократӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии садди роҳи муҳоҷирон аз наздик шинос мешаванд.

Дар шаҳри Санкт Петербурги Русия бозии рӯимизӣ бо номи “Русия - кишвари имконот” таҳия шудааст, ки дар он тамоми мушкилиҳои ҳаёти муҳоҷирони корӣ инъикос ёфтааст. Дар рафти сабқат бозингарон имкон дорад худро дар ҷои муҳоҷири корӣ гузоранд ва бубинанд, ки чӣ монеаҳои бюрократӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ садди роҳи муҳоҷирон мешаванд. Дар як сӯҳбати хос бо Радиои Озодӣ муаллифони ин бозӣ - аспиранти Академияи ҳунарии ба номи Репин Олга Житлина ва ҳомии ҳуқуқи башар Андрей Якименко фикри ташкили чунин як бозиро шарҳ доданд.

Рассом Олга Житлина аз ҳаёти муҳоҷирон хуб огаҳӣ дорад ва соли гузашта вақте гурӯҳи рассомон аз созмони «Что делать?» аз ӯ дар таҳияи шумораи хоси нашрияи онҳо матлабе дар бораи муҳоҷирати корӣ дар хост намуд, Житлина дар замимае бозии махсусро дар бораи ҳаёту мушкилиҳои муҳоҷирони корӣ дар Русия таҳия кард.

Житлина бо Андрей Якименко - корманди созмони ҳомии ҳуқуқи башар бо номи “Мемориал” чорчӯби бозиро таҳия намуд ва бо кӯмаки як идда дӯстону наздиконаш онро тартиб дод. Ба қавли Житлина ҳар нафаре метавонад худро чанд лаҳза ба истилоҳ “дар пӯсти муҳоҷири корӣ” дида, эҳсос кунад, ки чӣ даҳшатҳое ӯро мунтазиранд.

- Фалсафаи бозӣ ин аст, ки ҳаёти воқеиро дар як шакли сабук инъикос мекунад. Ба фикри ман имрӯз ҳар кас бояд донад, ки олам чӣ гуна ташкил шудааст. Кӯдакон дар мактаб биология, химия меомӯзанд. Муҳоҷират ҳам илм аст. Мо муҳоҷир набошем ҳам, ҳар рӯз самараи кори онҳоро истифода мебарем. Ҳар кас бояд донад, ки ҳаёти онҳо аз чӣ иборат аст ва чӣ даҳшатҳое онҳоро интизоранд.

Созмони ҳомии ҳуқуқи башар “Мемориал” ин бозиро ҳамчун дастур ба муҳоҷирон тақсим мекунад, то тафтиши ногаҳонии полис ва ё ҳамлаи сартарошидаҳо барояшон амали ғайричашмдошт набошад.

Намояндаи “Мемориал” Андрей Якименко, ки яке аз муаллифони дигари ин бозӣ мебошад, мегӯяд, ки онҳо бо назардошти тарзи муносибат бо муҳоҷирати корӣ “ҳассостарин” мушкилоти рӯбарӯи онҳоро дар ин бозӣ ҷой додаанд. Ӯ меафзояд, ки “Мемориал” ҳам дар ҳимоят аз ҳамлаҳои нажодӣ ва ҳам дар дифоъ аз ҳуқуқи кории муҳоҷирон саҳмгир буда, бозиро тавре таҳия кардааст, ки бозингарон - хоҳ рус бошанд ва хоҳ муҳоҷир, батадриҷ аз мушкилоти муҳоҷирон огаҳ мешаванд. Якименко илова мекунад:

- Фикр кунед, ки шумо як муҳоҷир аз Тоҷикистон ҳастед. Шумо бояд ба Русия биёед, ҷои коре пайдо кунед, навбат поида санадҳоятонро дуруст кунед. Коратон бар пояи қарордод аст ё не? Шуморо миёнарав ба кор овард ё худатон корро пайдо кардед? Ҷаримаҳои ғайриқонуниву қонунӣ чӣ гуна ҳастанд? Тафтишҳо чӣ хел мегузаранд. Шумо метавонед ба шифохона афтеду аз шумо пули муолиҷа талаб кунанд. Ё метавонед ҳадафи ҳамлаи миллатгароҳо қарор гиред. Шуморо полис метавонад лату кӯб кунад. Ҳатто имкон дорад, ки шумо қурбонии одамфурӯшон ҳам шавед.

Агар дар баъзе марҳилаҳо бозингар ба хатое роҳ диҳад, метавонад ба зиндон афтанд ва ё ӯро иҷборӣ ба ватан депортатсия кунанд. Хуллас, дар рафти бозӣ ҳар нафар бо тарафҳои мусбату манфии муҳоҷират ошно мешавад. Муаллифони бозӣ мегӯянд, муҳоҷир дар рафти бозӣ бори дигар мутмаин мешавад, ки муҳоҷирати расмӣ, кори бо шартнома ва донистани қонунҳои Русияву забони ин кишвар ба нафъи ӯ мебошад. Аз сӯи дигар, мегӯянд муаллифон, шаҳрвандони Русия ҳам ҳангоми бозӣ ба таҳаммули бештари хориҷиён одат мекунанд.

Искандари Хоҷа Мирзода, Татяна Волтская, радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG