Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон 22 декабр паём медиҳад


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 22 декабр дар иҷлосияи муштараки Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон паёми солонаи худро ироа хоҳад кард. Аз дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ иттилоъ доданд, ки рӯзи 5 декабр Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон зери қарори даъвати ҷаласаи чоруми якҷояи Малиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон имзо гузошт ва бар асоси он ҷаласаи муштарак даъват карда шуд.

Охирин бор рӯзи 20 январи соли ҷорӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон бо паёми солонааш ба мардум ва парлумон муроҷиат карда буд. Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992, инак 24 сол боз ба Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад ва тайи дастикам 15 соли охир паёмҳои солонаашро ба парлумон ва мардум ироа мекунад. Маъмулан дар пайи ироаи паёми солонаи президент гурӯҳҳои вижае таъсис дода мешаванд, ки бояд ҷараёни иҷрои нукоти омада дар ин суханрониҳои, ба гуфтаи мақомот, барномавии Эмомалӣ Раҳмонро назорат кунанд.

XS
SM
MD
LG