Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз хориҷа ба Тоҷикистон беш аз 3 миллиард $ ворид шудааст


Тайи 11 моҳи гузашта аз хориҷ ба Тоҷикистон 3 миллиарду 292 миллион доллар ворид шудааст, ки бесобиқа дониста мешавад.

Тибқи мониторинги СММ ва ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳар моҳ гузаронда мешавад, имсол воридоти маблағ ба кишвар аз ҳама зиёд моҳи август сурат гирифта, 436 миллион доллари амрикоиро ташкил додаст. Ин нишондод дар моҳи сентябр ба 421 миллион ва моҳи октябр ба 380 миллион доллари амрикоӣ расидааст.

Ба иттилои гузоришгарон моҳи гузашта ба Тоҷикистон 305 миллион доллари амрикоӣ ворид шудааст, ки дар муқоиса бо моҳи ноябри соли гузашта 11 дарсад бештар аст, вале нисбати се моҳи қаблии соли равон камтар мебошад.

Таҳлилгарон коҳиши воридоти маблағ ба Тоҷикистонро ба фаро расидани мавсими бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ рабт медиҳанд, ки одатан аввали фасли баҳор сафар карда, тирамоҳ бармегарданд.

Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, тайи моҳҳои январ-ноябри соли равон аз Тоҷикистон 824 ҳазор нафар ба муҳоҷират рафта, то кунун 576 ҳазор нафар баргаштаанд.

Дар ҳамин ҳол Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши ахири худ Тоҷикистонро аз рӯи ҳаҷми интиқоли маблағи муҳоҷирон, яке аз пешсафон дар дунё арзёбӣ кард. Ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ, соли гузашта муҳоҷирони меҳнатии тоҷик 3 миллиард доллари амрикоӣ ирсол намудаанд, ки 47 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG