Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Валвала дар бозори асъори Қазоқистон


Дар Қазоқистон дар бозори табодули доллар бо танга-пули миллии ин кишвар, шӯру валвала бархостааст.

Дар давоми ду ҳафтаи охир дар бозори табодули пули Қазоқистон бештар аз 2 миллиард доллар ба фурӯш рафтааст ва сару садоҳо дар бораи поин рафтани арзиши танга ё таварруми он ҳанӯз идома дорад. Кайрат Келимбетов, раиси Бонки Миллии Қазоқистон рӯзи 21 октябр дар нишасти хабарӣ аз мардум даъват кард, ки ба сару садоҳо бовар накунанд. Бо вуҷуди ин баъзе иқтисоддонон вазифаи худ медонанд, ки мардумро аз мавҷи дуввуми таварруми танга огаҳ созанд.

Дар мусоҳибае аз Магбат Супанов, раиси Пажуҳишгоҳи рушд ва доктори илмҳои иқтисод пурсидам, сабаби ин шӯру валвала ва таварруми пули миллии Қазоқистон чист?

Супанов: Чанд омил вуҷуд дорад, ҳам геополитикӣ ва ҳам геоэкономӣ. Низоми молии мо то андозае заиф аст. Пеш аз ҳама таварруми пул дар моҳи феврали соли ҷорӣ дар ин кор таъсир дорад. Омили дуввум, таҳримҳои Ғабр бар зидди Русия. Гардиши колои Қазоқистон бо Русия дар мақоми аввал қарор дорад, заъфияти рубли русӣ дар баробари пулҳои дигар ба таври мустақим ба иқтисоди Қазоқистон низ таъсир мегузорад. Поин бурдани арзиши танга дар моҳи феврал низ барои ин таваррум сабаб шуд. Мардум диданд, ки бо вуҷуди поин бурдани арзиши танга вазъ беҳбуд наёфт ва дар Русия ҳам вазъ бадтар мешавад, барои ҳамин мардум бовариро аз даст доданд. Онҳо медонанд, ки Қазоқистон бо Русия дар як иттиҳоди иқтисодӣ ҳастанд ва вазъи Русия ба Қазоқистон ҳатман таъсир мерасонад. Вале ба назари ман, то интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ, ки дар охири моҳи декабри соли 2016 баргузор мешавад, дигар ҳукумат арзиши тангаро поин намебаранд”.

Озодӣ: Баъзе иқтисоддонон аз мавҷи дуввуми таварруми танга ҳушдор медиҳанд. То куҷо ин ҳушдорҳо ба воқеият дуруст меояд?

Супанов: Ман фикр мекунам, ки ҳоло як навъ бозӣ идома дорад. Бозигарони бузурге ҳастанд, ки бо доллари нақд бозӣ мекунанд. Барои ҳамин ба онҳо шуру валвала даркор аст, ки арзиши доллар боло равад ва онҳо аз ин даромад ба даст оранд. Мардум як муддат долларро мехаранд ва тадриҷан ин ҳангомаҳо хомӯш мешавад. Имрӯз раиси Бонки Миллӣ низ талош кард, ки мардумро ором кунад, вале баъди моҳи феврали соли ҷорӣ, яъне баъди таварруми аввал мардум ба чунин даъватҳо дигар бовар намекунанд, аз фиреб метарсанд.

Озодӣ: Медонед..., ҳафтаи гузашта коршиносон аз ширкати миёнрави Ҳалик Файнанс пешгӯӣ карданд, ки арзиши як доллар то поёни сол аз 185 ба 210 танга мерасад. Шумо ба ин пешгӯиҳо бовар доред?

Супанов: На, ман ин тавр фикр намекунам, вале баъид ба назар мерасад, ки дар ҳамин сатҳ боқӣ монад. Ҳоло мизони таваррум 8 дарсадро ташкил медиҳад. То поёни сол ду моҳи дигар ҳаст. Агар ҳукумат бори дигар ба таваррум такя кунад, масъала тобиши сисёсӣ мегирад. Барои ҳамин ҳукумат бояд арзиши тангаро нигоҳ дорад, онро боло барад ва ҳатто каме таҳким бахшад.

Озодӣ: Дар минтақа кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бо Русия мисли Қазоқистон доду гирифти зиёд доранд ва тақрибан дар вазъи ба ҳам монанд қарор доранд. Дар ин кишварҳо низ имкони поин рафтани арзиши пули миллиашон вуҷуд дорад?

Супанов: Албатта таъсири тағйирот дар Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёд аст, ба вижа агар мо талошҳои геополитикии Русияро дар назар бигирем. Ин кишвар мехоҳад ҳама чиз ва ҳамаро зери контроли худ дарорад. Барои ҳамин таъсири ҳатмӣ хоҳад дошт. Аз сӯи дигар, барои Русия доштани ҳамсояҳои заиф муфидтар аст, чунки Русия аз ин роҳ иқтисоди заифи онҳоро идора мекунад ва бозиҳои худро пеш мебарад. Қазоқистон аз лиҳози низоми молӣ аз Русия хеле пеш рафтааст ва метарсад, ки ба низоми бонкдории Русия дарояд. Кишварҳои дигар ҳам ба андозаи ҳамгароии худ бо Русия аз он зарар мебинанд. Ва албатта таъсири манфии он ба Тоҷикистон ҳам хоҳад расид.

XS
SM
MD
LG