Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирӣ миёни норозиён ва пулис дар маркази Киев


Украина - Даргирӣ дар бани фаъолон ва пулис дар Киев. 19 феврали соли 2017.
Украина - Даргирӣ дар бани фаъолон ва пулис дар Киев. 19 феврали соли 2017.

Дар сеюмин солгарди тазоҳуроти Майдон ва маросими гиромидошти қурбониёни он дар майдони Истиқлоли Киев ҳамоиши Созмони миллатгароёни украин баргузор гашт.

Субҳи 19 феврал чандсад нафари онҳо талаб карданд, ки ҳукумати Украина тиҷорат ва равобити иқтисодиро бо минтақаҳои аз зери назораташ берунрафтаи Донбасс қатъ кунад. Дар ин ҳамоиш байни пулис ва тазоҳургарон дар кӯчаи Институтӣ даргирӣ ба вуқӯъ пайваст, зеро норозиён мехостанд, дар назди Кохи раёсатҷумҳурӣ хайма устувор кунанд. Ба гуфтаи ҷабрдидагон, пулис аз калтак ва гази ашковар истифода карда, тазоҳуркунандагон ба тарафи пулис петардаҳо партофтанд ва хостанд монеаҳоро хароб кунанд.

Дар натиҷаи даргириҳо дар назди Кохи раёсатҷумҳурӣ ва майдони Крешатик дастикам даҳ тазоҳургар ва як корманди пулис захмӣ шуданд.

Ба маркази Киев нерӯҳои иловагии пулис ва Горди миллӣ ворид шуд. То соати 9 шом, ба вақти маҳаллӣ, бино бар гузориши пулис, вазъ ба эътидол омад.

XS
SM
MD
LG