Пайвандҳои дастрасӣ

Момоҷон Романова, сокини 119-солаи вилояти Хоразм дар соли 1896 таваллуд шудааст. Замоне, ки ӯ чашм ба дунё кушод, на телевизор буду на радио.

Момоҷон Романова, сокини 119-солаи вилояти Хоразм дар соли 1896 таваллуд шудааст. Замоне, ки ӯ чашм ба дунё кушод, на телевизор буду на радио. Соли шурӯи Ҷанги якуми ҷаҳон ӯ 18 сол дошт, дар остонаи Ҷанги дуюми ҷаҳон 43-сола ва вақте Ӯзбакистон ба истиқлолият даст ёфт, 95-сола буд. Дар шиносномаи хонум Момоҷон, ки аз ҷониби шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Янгибозори вилояти Хоразм дода шудааст, хонум Момоҷон дар соли 1896 таваллуд шудааст. Моҳу рӯзи таваллуди ӯ дар санад зикр намешавад. Агар ин иттилоъ дуруст бошад, пас хонум Романова кӯҳансолтарин сокини сайёра мебошад. Ӯ соҳиби 30 набера, 70 абера ва 6 чабера аст.

Масъулияти нигоҳубини ӯ ба дӯши як наберакелинаш аст. Момоҷон Романова ду сол пеш як хоҳарашро аз даст дод, вале фарзанду набераҳо қарор карданд, ки пиразанро бо ин хабар ошуфта накунанд. Агар осори пириро ба назар нагирем, сиҳҳатии хонум Момоҷон хуб аст, ӯ бо пои худ мегардад, ҳатто яке аз хурдтарин чабераҳояшро дар бағалаш бозӣ медоронад. Бар тибқи иттилои радиои Озодлик, дар Хоразм аз ин пеш Тӯтӣ Юсупова, хонуми 135-солае зиндагӣ мекард. Вале ин занҳои солдида шонси ворид шудани исмашон ба китоби рекордҳои Гиннесро ба даст наоварданд.

Масъала дар ин аст, ки барои собит кардани таърихи зодрӯзи онҳо шаҳодатномаи таваллуди аввалин ва воқеии онҳо лозим аст. Момоҷон Романова, ки дар давраи аморати Бухоро – дар аҳди Муҳаммад Алихон таваллуд шудааст, ҳеҷ санади расмие аз он солҳо надорад. Аз ҳамин хотир, расман кӯҳансолтарин сокини сайёраи Замин Сюзан Ҷонси 116-сола маҳсуб меёбад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG