Пайвандҳои дастрасӣ

Модар бо шатта писарашро аз байни балвогарон баровард (ВИДЕО)


Видеои модаре, ки писари худро аз миёни балвогарони Балтимор берун кашидаву ӯро танбеҳ медиҳад, дар интернет таваҷҷӯҳи миллионҳо нафарро ба худ кашид.

Аллакай ин занро дар шабакаи ҷаҳонии интернет “Модари сол” унвон карданд. Вай писарашро, ки дар издиҳоми балвогарон ба сӯи пулис санг меандохт, дар пахши зиндаи телевизионӣ дида, ба майдон шитофтааст ва ӯро пайдо карда, аз гӯшаш гирифта, бо шатта аз байни издиҳом берун кашид.

Ин дар ҳолест, ки пас аз ошӯб дар шаҳри Балтимор, шарқи Иёлоти Муттаҳида, ки тӯдаҳои ниқобпӯш садҳо фурӯшгоҳро ғорат карданд ва мошинҳоро ба оташ кашонданд, вазъ тадоиҷан ба эътидол меояд. Пулис зиёда аз 230 ошӯбгарро боздошт кардааст ва аммо эҳтимол аз нав сар задани бетартибиҳоро аз эҳтимол дур намешуморад.

Модареро, ки бо шатта ба бачааш мегуфт, бояд ба қонун итоат ва тартибу низомро риоят кунад, журналистони шабакаи телевизиони маҳаллии WMAR ба навор гирифтанд, вале ба зудӣ садҳо шабакаи дигар ва рӯзномаҳо дар бораи ин модар хабар доданд. Зан писарашро аз байни балвогарон берун кашид ва чанд шатта ба ӯ зада, талаб кард, ки “ниқоби лаънатиро аз рӯяш бигирад”. Наврас, ки зоҳиран, бори аввал нест, чунин ҷазо мегирад, аз модар гурехтанӣ мешавад, аммо итоаткорона ниқоб аз рӯй мебардорад.

Шабакаи CBS News ҳувияти модару писарро шиносоӣ кард. Ин зан Тойя Грэҳем аст ва писари 16-солаи ӯ Майкл ном дорад.

Дар гуфтугӯ бо ин телевизиони CBS News Грэҳем рафторашро чунин шарҳ дод, ки агар мудохила накунад, писараш ба як Фреддӣ Грейи дигар табдил хоҳад ёфт. Грей амрикоии сиёҳпӯсти 25-сола буд, ки маргаш балвои Балтиморро ба вуҷуд овард. Вай рӯзи 19 апрел дар ҳоле даргузашт, ки ҳангоми боздошт аз тарафи пулис ё дертар сутунмӯҳрааш осеб дид. Вай дар кӯча мерафт ва бо дидани кормандони пулис рӯ ба гурез ниҳод. Ин сабаб гашт, ки пулис ӯро дунболагирӣ ва боздошт кунад. Аммо дар дохили мошини пулис Фреддӣ кашокашро сар кард ва пулис ба дастонаш завлона зад. Фавти ӯ дар бемористон дар пасманзари ҳалокати ду сиёҳпӯсти дигар аз дасти пулис дар ин авохир ҳазорон нафарро ба кӯчаҳои Балтимор баровард.

Тазоҳуроти осоишта хеле зуд ба ошӯб табдил гашт ва 20 корманди пулис захмӣ шуданд. 15 бино ва 144 мошин сӯзонда шуданд.

Мақомоти давлатии Амрико вазъро ба эътидол овардаанд ва ҳоло ҳазорон нафар аз ихтиёриён ба пок кардани кӯчаҳо машғуланд. Аз кормандони пулис, ки дар боздошти Фреддӣ Грей ширкат доштанд, 6 нафар аз вазифаҳояшон барканор шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG