Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷанг ва сулҳ дар паёми нави Мулло Муҳаммад Умар


Аз раҳбари Толибон ба ҷуз ин акси қадима то ҳол ҳеҷ сурати дигаре вуҷуд надорад.

Аз раҳбари Толибон ба ҷуз ин акси қадима то ҳол ҳеҷ сурати дигаре вуҷуд надорад.

Паёми Мулло Муҳаммад Умар, раҳбари Толибон, ки ба муносибати Иди Фитр ба нашр расидааст, нисбат ба паёмҳои пешини ин гурӯҳ фарқ дорад ва дар он дар баробари ҷанг, ба муборизаи сиёсӣ ва сулҳ ҳам таъкид шудааст.

Дар паёме, ки ба раҳбари Толибон Мулло Муҳаммад Умар нисбат дода мешавад ва дар ихтиёри бахши афғонии Радиои Озодӣ қарор гирифт, гуфта мешавад, ки "паёмбари ислом низ бо мухолифон меҷангид ва ҳам сиёсати гуфтугӯи рӯбарӯро пеш мебурд." Мулло Умар бо такя ба ҳамин далел гуфтааст, ки бо тарафи муқобили ҷанг гуфтугӯ ва сулҳ мамониат надорад. Дар ин паёми мансуб ба раҳбари Толибон гуфта шудааст, ки онҳо ба хотири поёни ишғоли Афғонистон ва ба миён омадани як низоми мустақил, бо кишварҳои мухталиф ва бо афғонҳо дар тамос ҳастанд.

Толибон дар ҳоле ба сулҳ ва роҳи ҳалли сиёсӣ омодагӣ нишон додаанд, ки ҳафтаи гузашта барои аввалин бор миёни намояндагони онҳо ва ҳукумати Афғонистон дар Исломобод - пойтахти Покистон музокироти расмӣ баргузор шуд. Ҳоҷӣ Саид Довуд, коршиноси масоили сиёсии Афғонистон нармиш дар мавқеи Толибонро дар шароити кунунӣ аломати мусбат медонад. Вай гуфт: "Аз сӯи Мулло Муҳаммад Умар ин як чароғи сабз аст барои мардуми Афғонистон, бахусус барои афроде, ки онҳо ба ҷанг бовар надоранд".

Дар паёми Мулло Муҳаммад Умар Афғонистон кишвари "ишғолшуда" хонда шуда ва дар баробари омодагӣ ба сулҳ ва пайдо кардани роҳи ҳалли сиёсӣ, ба идомаи ҷанг таъкид шудааст. Толибон дар ин паём, ки аз даҳ нуқта иборат аст, дастнишондаи истихбороти Эрон ва Покистон хондани ин гурӯҳро "золимона" арзёбӣ кардааст.

Раҳбари Толибон дар ин паёми худ гуфтааст, ки таълими илмҳои замонавӣ ниёзи ҷомеа буда ва Толибон на танҳо бо он мухолифат надоранд, балки бояд дар тамоми нуқтаҳои Афғонистон барои фарогирии он замина фароҳам гардад.

Аммо бархе аз афрод бар ин боваранд, ки раҳбарони Толибон ба раванди сулҳ чандон хушбин нестанд ва сулҳ ба зудӣ дар ин кишвар барқарор нахоҳад шуд. Вакил Аҳмад Мутаваккил, вазири умури хориҷӣ дар ҳукумати Толибон мегӯяд, ки ҳукумати Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд талош кунанд, то заминаро барои гуфтугӯҳои сулҳ мусоид созанд. Ба гуфтаи оқои Мутаваккил, "ҳоло, ки музокирот сурат мегирад, як иқдоми хуб аст, аммо ҳаргиз ба ин маънӣ нест, ки умедворӣ шавад, ки ба зудӣ натиҷа хоҳад дод", гуфт ӯ.

Зимнан, даври дувуми музокироти расмии сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва намояндагони Толибон баъд аз Иди Фитр баргузор мешавад ва ин бор Чин мизбони ин гуфтугӯҳо хоҳад буд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG