Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пулиси Молдова: "Эмиссар"-и ДОИШ худро Маҳмадулло Нарзуллоев муаррифӣ кард


​Пулиси Молдова дар як нома ба Радиои Озодӣ гуфт, шиносномаи "эмиссар"-и дар ин кишвар дастгиршудаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба номи шаҳрванди Тоҷикистон Маҳмадулло Нарзуллоев будааст.

Шӯъбаи амалиётҳои вижаи пулиси Молдова дар як посухи хаттӣ ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ҷузъиёти боздошти як фиристодаи созмони тундрави "Давлати исломӣ" бо шиносномаи қалбакии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дод.

Бино ба номаи расмии пулиси Молдова, дар ҷараёни амалиёти вижаи рӯзи 27 май дар кӯчаи Скулении шаҳри Кишинёв, пойтахти Молдова як нафари чеченитабор дастгир шуд, ки бо худ шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Маҳмадулло Нарзуллоев, соли таваллудаш 1987-ро дошт. Пулиси Молдова мегӯяд, "тахшиси фаннӣ аломатҳои баръалои қалбакӣ будани ин санадро нишон дод. Баъд ин нафари боздоштшудае, ки худро Маҳмадулло Нарзуллоев муаррифӣ карда буд, гуфт, ӯ аз Ҷумҳурии Чеченистони Русия аст, вале исмашро ошкор намекунад."

Пулис мегӯяд, ин нафар ягон санаде, ки шахсияти воқеъияшро тасдиқ кунад, нишон надод ва таҳқиқот ба хотири муайян кардани шахсияти ӯ ҳанӯз идома дорад. Пулиси Молдова дар робита ба ин қазия бар асоси моддаи 284-уми Кодекси ҷиноии ин кишвар (таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ) парвандаи ҷиноӣ кушодааст.

Ин боздоштшуда аз ҷумлаи 11 нафаре буд, ки рӯзи 27 май дар ҷараёни амалиёти пулис дар манзили сокини Молдова Мотилиса Константи дастгир шуданд. Пулис мегӯяд, дар ин манзил, ки соҳибаш ба сокинони чанд кишвари мусалмонӣ, аз ҷумла аз кишварҳои Ховари Миёна, иҷора дода буд, як идда адабиёти мазҳабӣ кашф ва мусодира шуда буд, вале то анҷоми тафтиш онҳо ба далоили амниятӣ аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ мекунанд.

Ин дар ҳолест ки баъди он амалиёти пурсарусадо мақомоти пулиси Молдова гуфтанд, нафарони дастгиршуда қасди рафтан ба ҷанги Сурияву Ироқро доштанд ва мехостанд дар қаламрави Молдова барои интиқоли ҷангиён як нуқтаи транзитӣ бисозанд. Пулиси Молдова нафари бо шиносномаи тоҷикӣ дастгиршударо нафаре муаррифӣ карда буд, ки аллакай собиқаи ҷанг дар Сурия дар ҳайати гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро доштааст ва ба ҳайси фиристода ё эмиссари он созмон ба Молдова омадааст.

Ба дунбол Олег Балан, вазири корҳои дохилии Молдова низ аз ошкор шудани як шабакаи интиқоли ҷангиён барои “Давлати исломӣ” дар ин кишвар хабар дод ва гуфт, созмондиҳандагони ин шабака як шаҳрванди Молдова ва як шаҳрванди Тоҷикистон будаанд.

Боздошти 11 нафар, аз ҷумла яке бо шиносномаи тоҷикӣ дар Молдова бо гумони ҳамкорӣ бо “Давлати исломӣ” дар ҳолест ки ҳафтаи гузашта СБУ – Хадамоти амнияти Украина – аз боздошти 5 нафар, бо шумули 2 шаҳрванди Русия, як шаҳрванди Қазоқистон, якеи дигар аз Узбакистон ва як шаҳрванди Тоҷикистон хабар дод. СБУ гуфт, ин нафарон мехостанд, аз тариқи қаламрави Украина худро ба Туркия ва аз онҷо ба Сурия ё Ироқ расонда, ба сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” бипайванданд.

Дар ҷараёни амалиёт маъмурони СБУ ва хадамоти муҳоҷирати Украина “нуқтаи интиқолӣ” (“перевалочный пункт”)-ро ошкор кардаанд, ки ҳамчун сарпаноҳи муваққат барои ҷангиёни “Давлати исломӣ” пеш аз сафари онҳо ба Сурияву Ироқ истифода мешуд. Ин 5 нафари, ба гуфтаи мақомоти амниятии Украина, “ҷангии оянда” дар ҳамин манзил ба даст афтодаанд. Бархеи онҳо аллакай як бор худро то Туркия расондаанд, вале ба далели даст доштан дар фаъолиятҳои террористӣ онҳоро ихроҷ кардаанд ва аз ин рӯ, ба Украина омадаанд, то аз инҷо баъди таҳияи шиносномаҳои қалбакӣ дигарборааз тариқи Туркия ба Сурия ё Ироқ бираванд.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави ҷангист, ки бо қатли дастаҷамъӣ ва ҳатто зинда ба зинда сӯзондан ё гӯрондани асирон ва мухолифонаш дар маҳаллҳои таҳти тасарруфаш ном баровардааст. Ин гурӯҳ аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи террористии “Ал-Қоида” бархоста, соли гузашта қаламравҳои бузурге дар Ироқ ва Сурияро тасарруф ва дар ин сарзаминҳо эълони “хилофат” кард. Кишварҳои ҷаҳон таҳти раҳбарии Амрико алайҳи ин гурӯҳ эътилофи байналмилалие таъсис додаанд, ки аз моҳи августи соли 2014 мавқеъҳои “Давлати исломӣ”-ро дар Сурия ва Ироқ аз тариқи ҳамлаҳои ҳавоӣ бомбаборон мекунад.

Бино ба охирин оморре, ки Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон ҳафтаи гузашта эълон кард, ҳоло дар сафи гурӯҳҳои тундраве, ки дар Сурияву Ироқ меҷанганд, бахусус дар сафи “Давлати исломӣ” 412 нафар аз Тоҷикистон меҷанганд. Афзоиши шумори шаҳрвандони тоҷик дар сафи гурӯҳҳои тундрав дар Ховари Миёна мояи нигаронии афзояндаи мақомоти Тоҷикистон шудааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG