Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҳрӯ дар Бозиҳои Осиё ба даври 1/2-ниҳоӣ роҳ ёфт


Моҳрӯ Ҳалимова, варзишгари тоҷик, дар Бозиҳои ҳабдаҳуми Осиё дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ дар риштаи таэквондо ба даври 1/2-ниҳоӣ роҳ ёфт ва барои медалҳои тиллову нуқра талош мекунад.

Моҳрӯ Ҳалимова, варзишгари тоҷик, дар Бозиҳои ҳабдаҳуми Осиё дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ дар риштаи таэквондо ба даври 1/2-ниҳоӣ роҳ ёфт ва барои медалҳои тиллову нуқра талош мекунад.

Имрӯз, 3 октябр, Моҳрӯ Ҳалимова дар сабқати таэквондо WTF байни занон дар вазни +73 кило бар асоси қуръакашӣ қувваозмоиро аз даври чорякниҳоӣ шурӯъ карда, бар Наталя Маматова аз Узбакистон бо ҳисоби 6-2 пирӯз шуд ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Шоми ҷумъа Моҳрӯ бо Донгҳуа Ли аз Чин барои ба финал баромадан мубориза мебарад. Варзишгари тоҷик акнун ҳадди ақал медали биринҷиро барои худ таъмин кардааст.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё то ҳоло ҳамагӣ 4 медал – 1 тилло, 1 нуқра ва 2 биричи – ба даст овардааст.

Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров - варзишгари маъруфи тоҷик, дар гурзандозӣ дар сабқати мардон бо натиҷаи 76 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Дарвоқеъ, ин аввалин медали Тоҷикистон дар ин бозиҳо ба шумор меравад. Дилшод Назарови 32-сола барои севумин бор дар Бозиҳои Осиё ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шудааст.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Залимхон Юсупов дар сабқати гуштии озод дар вазни то 65 килограмм рақибонаш Улуғмон Маматов аз Қирғизистон, Ихтиёр Наврӯзов аз Узбакистон ва Томотсугу Ишида аз Ҷопонро шикаст дода, ба финал баромад. Вале дар даври ниҳоӣ аз Ёгешвар Дутт аз Ҳиндустон бо ҳисоби 0-1мағлуб шуда, бо медали нуқра сарфароз гашт.

Рӯзи 1 октябр варзишгарони тоҷик Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов дар сабқати таэквондо ба мунтахаби Тоҷикистон боз ду медали биринҷӣ оварданд.

Фарҳод Неъматов дар сабқати мардон дар вазни то 80 кило рақибонаш Вей Тинг Лиу аз Ветнамро бо ҳисоби 6-2 ва Иброҳим Носир аз Афғонистонро бо ҳисоби 3-0 шикаст дода, ба нимфинал баромад. Вале ӯ дар даври ниманиҳоӣ аз Маҳдӣ Худобахшӣ аз Эрон бо ҳисоби 2-7 шикаст хӯрд ва мақоми севумро касб кард.

Инчунин варзишгари дигари тоҷик Алишер Гулов дар сабқати таэквондо дар вазни + 87 кг бар асоси қуръакашӣ қувваозмоиро аз даври чорякниҳоӣ шурӯъ карда, бар Янг Йи аз Чин бо ҳисоби 4-3 пирӯз шуд ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале дар нимфинал аз Дмитрий Шохин (Узбакистон) бо ҳисоби 0-12 шикаст хӯрд ва Алишер низ мақоми севумро азони худ кард.

XS
SM
MD
LG