Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкатҳои дастраскунандаи интернет Тcell ва Мегафон дар минтақаи шимолии Тоҷикистон пули муштариёни худро барои 5 рӯзи ироа карда натавонистани интернет, баргардонидаанд.

Ширкати Тcell он муштариёнаш дар вилояти Суғдро, ки аз интернети белимит истифода мекунанд, бо ирсоли паёмак (СМС) огоҳ кардааст, барои 5 рӯзи боз нашудани интернет, аз рӯзи 4 – ум то 8 - уми октябр пули онҳоро бармегардонад. Дар паём миқдори маблағ низ навишта шудааст.

Масъуд, як навҷавони суғдӣ, яке аз корбарони интернет тавассути ширкати мазкур аст, ки мегӯяд, вай тавассути телефони донои худ ҳамарӯза ба шабакаҳои хабарии интернет сар мезанад. Вай бори охир барои 10 мегабайт интернети белимит барои 5 рӯз 2 сомонӣ пул пардохта буд, вале интернет баста шуд: “5 шабонарӯз интернет кушода намешуд ва гумон мекардам, пулам ҳам сӯхт ва аз кори ширкат дилам хунук шуда буд. Аммо ғайричашмдошт аз ширкат ба рақами мобилам паём омад, ки пуламро ба ҳисобам баргардондаанд. Ростӣ, ин бори аввал аст, ки мебинам, ширкат айбашро ба гардан гирифта, пули ҳама муштариёнро бармегардондааст. То ин вақт сабаби кушода шудани интернет ва кай кушода шуданашро ҳам, ки мепурсидам, ҷавоб медоданд, ки ба онҳо ҳам маълум нест.”

Вале мусоҳибамро ин, ки Тcell сабаби баста будани интернетро дар тӯли 5 шабонарӯз нагуфта, бозгардони пулро “биноба истифода набурдани хидматрасонии интернет” номидааст, дар ҳайрат гузоштааст. Дар ҳоле ки вай мегӯяд, ҳудуди 5 шабонарӯз интернет аслан дастрас набуд. Ва дар ин муддат масъулони ширкат ба даҳон об гирифта буданд ва аз муштариён барои иҷро карда натавонистани вазифаашон, ҳеҷ гуна узрхоҳие ҳам накарданд. Дар намояндагии ширкати мазкур дар Хуҷанд дар сӯҳбати бидуни микрофон бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба хотири аз даст надодани муштариён, пули онҳоро баргардонидаанд.

Вале саволи умда ин аст, ки оё ширкатҳои дигари ироакунандаи интернет дар Тоҷикистон низ пулҳои бо айби ширкатҳо дар рӯзҳои беинтернетӣ сӯхтаи муштариёни худро баргардонидаанд? Дар посух танҳо бархе муштариёни фаъоли ширкати “Мегафон” посухи мусбат доданд. Ба гуфтаи онҳо, ин ширкат маблағи рӯзҳои баста будани интернетро ба корбарони фаъоли худ, ки дар як шабонарӯз аз 1 гигабайт зиёд истифода мекунанд, баргардонидааст. Вале дигар муштариён ва масъулони намояндагии ширкатҳо посухи рад доданд. Яъне, пули муштариён дар рӯзҳои дастрас набудани интернет сӯхтааст ё ба ихтиёри ширкатҳо рафтааст.

Тилав Расулзода

Тилав Расулзода

Аз намояндагии ширкатҳои Вабилон ва ТК Мобайл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳо теъдоди хеле ками муштариёни интернети белимит доранд, ки аз ҷониби ширкат новобаста ба корбурди муштарӣ, ҳамарӯза маблағаш ситонида мешавад. Вале аз ҷониби чунин муштариён то кунун дар бораи рӯзҳои беинтернетӣ ба онҳо шикояте дар бораи ҷуброни маблағ нарасидааст.

Зимнан, танҳо ширкати “Телеком технолоҷӣ”, ки барои муштариёнаш бо ноқил (кабел) интернет дастрас мекунад, рӯзҳои 4 – ум то 8 - уми октябр фаъол буд. Вале тавассути ин ширкат низ он рӯзҳо дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, мисли Фейсбук ва Одноклассники дастнорас буд.

КоршиносТилав Расулзода хомӯшии ширкатҳои ироакунандаи интернет дар бораи 5 шабонарӯзе, ки бар ивази маблағи пешпардохти муштариён аз ироаи интернет оҷиз монда буданд, эҳтиром накардани ҳуқуқи муштариёни худ меномад. Вай афзуд, дар ин ҳол бояд созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ниҳодҳои давлатӣ аз муштариёни интернет ҷонибдорӣ кунанд ва дар рӯёнидани ҳаққи онҳо аз ширкатҳои мобилӣ ба онҳо дасти ёрӣ дароз намоянд.

Вале бо ин вуҷуд масъулияти поймол шудани ҳуқуқи корбарони интернет ва ҷуброни маблағҳои сӯхтаи онҳо бар дӯши кӣ хоҳад буд? То ҳол ба ин саволҳо касе дар Тоҷикистон посух нагуфтааст.

Ғафур Эркаев, раиси Иттиҳодияи дастраскунандаҳои алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, аз он ки бастани интернет кори ширкатҳои мобилӣ набуд, бори масъулиятро низ пурра бар дӯши худ нахоҳанд гирифт. Вай афзуд ,“мо ҳоло дар доираи қонун роҳҳои бар дӯши кӣ будани масъулият дар назди муштариён дар чунин ҳолатҳои ғайримунтазира ва минбаъд ҷилавгирӣ аз чунин ҳодисаҳоро мавриди ҷустуҷӯ дорем. Вале ҳоло ба шумо чизе возеҳ дар ин бора гуфтан наметавонам. Ба ҳар сурат, метавонам як чизро аниқ бигӯям, ки ширкатҳои мобилӣ маблағҳои муштариёнро барои рӯзҳои беинтернетӣ ба шакле ҷуброн хоҳанд кард. ”

Ҷаноби Эркаев афзуд, ширкатҳои мобилӣ дар назди муштариёни худ қарздор нахоҳанд монд, масалан, ба шакли аксияҳои судманд, ки хароҷоти муштариёнро дар рӯзҳои беинтернетӣ ба навъе ҷуброн хоҳад кард.

Бархе ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ, ки рӯзҳои беинтернетӣ маблағашон сӯхта ё ба корашон халал ворид шудааст, мегӯянд, онҳо ба хотири рӯёнидани чанд сомонӣ бо ширкатҳои интернетрасон сар ба сар шудан намехоҳанд. Чун хароҷоти шикояту даводавҳо ва агар иттифоқ афтад, додгоҳ, ба маротиб гарон меафтад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG