Пайвандҳои дастрасӣ

Андози бештар аз ширкатҳои мобилӣ -- майл ба тухм ё мурғ?


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи нави тағйиру иловаҳои Кодекси андозро тасвиб кард, ки мувофиқи он андози аксизӣ аз ширкатҳои мобилӣ аз 3 дарсади кунунӣ то ба 5 дарсад боло меравад.

Бино ба тарҳи наве, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба тасвиб расонд, андози аксизӣ аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ, ки ҳоло 3 дарсад аст боло рафта, ба 5% хоҳад расид. Ин тағйир дар бастаи ислоҳоти нави Кодекси андози Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки Вазорати молияи Тоҷикистон онро пешниҳод ва муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон, Ҷамолиддин Нурализода муаррафӣ намуд.

Ғафурҷон Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мегӯяд, ин иқдом равобити бе ин ҳам мушкили ширкатҳои мазкурро бо Кумитаи андоз печидатар хоҳад кард. Таври маълум ин ширкатҳо дар чанд соли охир бар сари ҳаҷми андозҳо бо кумита баҳс доранд ва дар чандин маврид ин баҳс ба додгоҳ низ кашонда шудааст. Вай гуфт: "Технологияҳои мобилӣ ҳар рӯз нав мешаванд. Дигар ширкатҳои мобилӣ қудратӣ харидории технологияҳои нав ва рушди алоқаи мобилиро нахоҳанд дошт. Боло рафтани андоз ба таназзули соҳаи алоқаи мобилӣ сабаб хоҳад шуд”.

Андози аксизӣ аз ширкатҳои мобилӣ, ки дар соли 2011 ҷорӣ ва 2013 тағйир дода шуд, чанд соли охир сабаби асосии кашокаш байни онҳо ва Кумитаи давлатии андози Тоҷикистон аст. Ширкатҳои мобили 7 июли соли равон бо пахши номаи худ дар расонаҳои хабарӣ зикр кард, ки “дар соли 2013 ҳиссаи андоз нисбат ба маблағи фурўш 32% -ро ташкил дод, вале бо назардошти санҷишҳои андоз, ин нишондиҳанда 45 дарсадро ташкил дод, ҳол он ки ширкатҳо хароҷоти марбут ба нигаҳдорӣ ва хизматрасонии тиҷорати худро низ ба дӯш доранд.”

Ҷаноби Эркаев афзуд, дар сурати ҷорӣ шудани андози аксизии 5 дарсадӣ сарбории андоз аз 50 фисад мегузарад ва ширкатҳо маҷбур хоҳанд шуд беш аз нисфи даромади худро ба андоз супоранд. Аммо ба таъкиди Эркаев бизнес ҳеҷ гоҳ ба зарари худ кор карда наметавонад ва аз ин рӯ ширкатҳои мобилӣ танҳо ду роҳ доранд: ё нархи алоқаи мобилиро боло мебаранд ва ё фаъолияташонро қатъ мекунанд.

Сафаралӣ Гулов

Сафаралӣ Гулов

Дар ҳоле ки, коршинсон ва намояндагони арсаи мухобирот аз эҳтимоли касод шудани ширкатҳо пас а ҷорӣ шудани ин гуна андозҳои миёншинкан ҳарф мезанад чаро намояндагони мардумӣ дар порлумони Тоҷикистон ба ҷонибдорӣ аз боло бурдани мизони андози аксизӣ барои ширкатҳои мобилӣ райъ доданд? Далели онҳо барои пахш кардани тугмачаи “ҳа” зимни барраси ин тағйирот чӣ буд?

Сафаралӣ Гулов, узви Кумитаи иқтисод ва молияи порлумони Тоҷикистон дар суҳбат ба радиои Озодӣ дар ин робита гуфт: “Мо бахши даромади будҷаро дар ҳаҷми беш аз 15 миллиард сомонӣ тасдиқ кардем. Агар мо базаи нави андозбандиро муайян накунем аз куҷо будҷаро пур мекунем? Барои ҳамин мо андози аксизиро барои алоқаи мобилӣ аз 3 фоиз ба 5 фоиз бардоштем, чунки ин яке аз соҳаҳои сердаромад аст. ”

Аммо коршиносон мегӯянд иддаои намояндагони мардумӣ дар мавриди пур кардани қисмати даромади будҷа мақоли халқии “тухмак хӯрӣ ҳар рӯз, мурғак хӯрӣ як рӯз”-ро ба ёд меорад .

Асомиддин Атоев, роҳбари Анҷумани ширкатҳои интернетрасон мегӯяд, боло бурдани мизони андоз барои ширкатҳои мобилӣ тасмими дурандешона нест: “Ин амал шояд барои кӯтоҳмуддат даромади будҷаро зиёд кунад. Аммо дар дарозмуддат ширкатҳо, ки аз фаъолияташон фоида надиданд, доираи корашонро маҳдуд мекунад ва ё баъзеҳо шояд комилан аз ин бозор мераванд. Президент борҳо мегӯяд, ки шумораи андозсупорандагонро зиёд кунад, на ҳаҷми андозҳоро аммо масъулон баръакс кор карда истоданд.”

Асомиддин Атоев

Асомиддин Атоев

Ҷаноби Атоев афзуд, маҳз паёпай боло бурдани мизони андозбандӣ дар нисбати ширкатҳои мобилӣ рушди босуръати ин арсаро дар Тоҷикистон боз дошт. Дар ҳоле, ки ба таъкиди Атоев, ширкатҳои мобилӣ қудрати бо алоқаи мобилӣ таъмин кардани кишварҳои ҳамсояро доштанд ва будҷаи Тоҷикистон метавонист аз ин ҳисоб даромади бештар гирад.

Тибқи арзёбии ширкати маъруфи консалтингии PricewaterhouseCoopers, Тоҷикистон аз лиҳози баланд будани мизониандозбандӣ миёни кишварҳои Осиёи Миёна ва Аврупои Шарқӣ бо 86 дарсад сарбории андоз яке аз ҷойҳои аввалро мегирад.

Ин дар ҳолест, ки ширкатҳои хадамоти мобилӣ аз бузургтарин андоздиҳандагони иқтисоди Тоҷикистон ба шумор мераванд. Дар соли 2013 аҳолии Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиарду 800 ҳазор доллар аз хадамоти онҳо истифода кардааст, ки аз он ширкатҳои мобилӣ дар маҷмӯъ наздики 1 миллиард сомонӣ андоз супоридаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG