Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни нави андоз теъдоди соҳибкоронро коҳиш дод


Соҳибкорони тоҷик баъд аз як нишаст. Акс аз бойгонӣ.
Соҳибкорони тоҷик баъд аз як нишаст. Акс аз бойгонӣ.

Дар тӯли се моҳи соли ҷорӣ, дар Тоҷикистон 18 ҳазор соҳибкор фаъолияти худро қатъ кардаанд.

Ба ғайр аз ин омори расмӣ афзоиши босуръати эълонҳои қатъи фаъолияти соҳибкорӣ дар нашрияҳо таассуротеро ба миён овардааст, ки ҳар ҳафта 60-80 нафар аз соҳибкорӣ даст мекашанд. Бино бар қонун, ҳар соҳибкор бояд аз хатми фаълияташ дар нашрияҳо эълон диҳад ва он гоҳ аз масъулиятҳои худ озод хоҳад гашт. Аммо рӯшан нест, чӣ теъдоде аз ин соҳибкорон дубора ва дар шакли дигар ба арсаи соҳибкорӣ баргаштаанд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, теъдоди онҳое, ки риштаи корашонро иваз мекунанд ва дигарбора сабтином мешаванд, низ кам нест.

Саидаҳтам Абдуллоев, раиси Раёсати хидматрасонӣ ба андозсупорандагони Кумитаи андоз рӯзи 1-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз қабул шудани Кодекси нави андоз, қисме аз соҳибкорон соҳаи фаъолияти худро аз нав ба қайд мегиранд: «Ҳоло як давраи гузариш аст. Аксарияти соҳибкорон фаъолияти худро аз сари нав ба қайд мегиранд. Бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ низ зиёд аст. Чунки ҳоло ба қайд гирифтани соҳибкор тариқи равзанаи ягона хеле осон аст. Бар ивази 40 сомон метавони патент гирӣ. Вале бисёр нафароне, ки худро чун соҳибкор ба қайд мегиранд, як-ду моҳ фаъолият карда, Русия мераванд ва соҳибкориро тарк мекунанд.»

Ба гуфтаи ҷаноби Абдуллоев, ин қабил соҳибкорон на ба нозироти андоз саривақт эъломияро пешниҳод мекунанду на андоз месупоранд, вале бе расман қатъ кардани фаъолияти соҳибкорӣ, ба кори дигар мегузаранд. Ба таъкиди ҳамсӯҳбати мо, ин қабил ҳодисаҳо кори нозирони андозро дар ҷамъоварии андоз мушкил мекунад.

Худи соҳибкорон мегӯянд сабаби аслии тарки бизнес кардани онҳо ба гарон шудани вазни андоз ва душвор шудани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ рабт дорад. Аммо Баҳром Шарифов, як иқтисодони тоҷик, мегӯяд, сабаби аз соҳибкорӣ даст кашидани як зумра тоҷирон танҳо сангин шудани андоз нест: «Якум ин ки дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ нисбатан мушкил шуда истодааст. Ҳамзамон бонкҳо ба амонатгузорандагон фоизҳои баланд ваъда медиҳанд, бинобар ин бархе аз сармоядорон нигоҳ доштани пули худро дар бонк аз гардиш додани он дида авлотар медонанд. Чунки аз роҳи амонатгузорӣ дар бонк як миқдор фоида мегиранд ва ин кор дар нисбат ба фаъолияти соҳибкорӣ риски хеле камтар дорад.»

Ҷаноби Шарифов афзуд, ҳоло соҳибкорони тоҷик дар як ҳолати гузариш қарор доранд ва бинобар қабул шудани Кодекси нави андоз, вазъиятро таҳлил карда истодаанд. Ба гуфтаи ӯ, эҳтимол дорад қисме аз соҳибкорон фаъолияти хешро дар шакли дигар пас аз дарки вазъият идома диҳанд. Аммо ин масъала ҳам дар миён аст, ки соҳибкорони қавитар бо омӯхтани фазо ва шароити кор дар кишварҳои дигар мумкин аст, Тоҷикистонро батамом тарк кунанд.

Раҳмулло Мӯҳтоҷов, як соҳибкори тоҷи, ки дар назди идораи равзанаи ягонаи Душанбе мунтазири ҳуҷҷатҳои қатъи фаъолияти соҳибкориаш меистод, сабаби аз соҳибкорӣ даст кашиданашро чунин шарҳ дод: «Росташро гӯям, ман либос савдо мекардам. Аз хориҷа меовардем дар болояш як чиз монда дар бозор мефурӯхтем. Аз ҳамин ҳисоб зиндагӣ пеш мерафт. Лекин ҳозир андоз бисёр баланд шуд. Масалан, як андози иҷтимоӣ, ки ба камиаш 95 сомонӣ буд ҳоло то ба 185 сомонӣ гарон шудааст. Ин ҳам ҳадди ақали ин навъи андоз аст.»

Раҳмулло меафзояд, чанд нафар дӯстонаш аз Русия ба ӯ пешниҳод кардаанд, ки фаъолияти соҳибкориашро дар он ҷо идома диҳад. Раҳмулло ҳанӯз тасмими мушаххас нагирифтааст, аммо агар дар Русия бизнеси худашро ба роҳ монда тавонад ва даромади хуб ба даст орад, он гоҳ бо аҳли оилааш ба он кишвар кӯч хоҳад баст. Ҳамчунин кам нестанд, соҳибкороне, ки сармояи худро ба кишварҳои дигар интиқол медиҳанд ва пойгоҳи тиҷорати худро дар он ҷо мегузоранд, то аз андозҳои зиёд халос шаванд.

Кодекси нави андози Тоҷикистон, ки аз якуми январи соли равон мавриди амал қарор гирифт, умдатан ба соҳибкорони соҳаҳои истеҳсолӣ имтиёз қоил аст. Бино бар ин вазни андоз бар сари соҳибкороне, ки ба тиҷорат ва пешниҳоди хадамоти гуногун машғуланд, зиёдтар шудааст.

Бино бар маълумоти Кумитаи андози Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар наздик ба 155 000 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд. Қисме аз ин афрод бо воситаи шаҳодатномаи соҳибкорӣ ва пантент кор мекунанд ва боқимондашон роҳбарони хоҷагиҳои деҳқониянд.
XS
SM
MD
LG