Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса Мухтор Аблязовро истирдод намекунад


Мухтор Аблязов
Мухтор Аблязов

Шӯрои давлатии Фаронса қарори истирдоди Мухтор Аблязов, бонкдори собиқ ва мухолифи ҳукумати Қазоқистонро лағв кард. Моҳи сентябри соли гузшта мақомоти Фаронса ризоят доданд, ки ба далели набудани созишнома миёни Порису Остона дар бораи истирдоди гумонбарон, Аблязов ба Русия ё Украина фиристода шавад. Вале Нилс Мелтсер, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид аз Порис хост, аз истирдоди Аблязов худдорӣ кунад, чун ӯро дар ватанаш шиканҷа интизор аст. Мақомоти Қазоқистон Мухтор Аблязовро дар дуздии миллиардҳо доллари БТА Бонк, ки раҳбарияшро дар ихтиёр дошт, айбдор мекунанд. Аблязов баъди дар ихтиёри ҳукумати Қазоқистон қарор гирифтани бонки мазкур дар соли 2009 ин кишварро тарк кард ва мегӯяд, ки ин ҳама айбҳо сохтаву ангезаи сиёсӣ доранд. Раиси пешини шӯрои мудирони БТА Бонки Қазоқистон аз тобистони соли 2013 дар яке аз маҳбасҳои Фаронса нигаҳдорӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG