Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андозбандии дубораи зангҳои телефонӣ. Харҷаш аз кисаи кист?


Tatarstan -- Mobile phones, generic photo, Kazan, 27Jan2011
Tatarstan -- Mobile phones, generic photo, Kazan, 27Jan2011

Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мегӯяд, Кодекси нави андоз сабаби андозбандии дубора ва афзоиши пардохтҳо мешавад.

Ин анҷуман, ки 8 ширкати дастраскунандаи алоқаи мобилии кишварро муттаҳид мекунад, бо муроҷиат ба Маҷлиси намояндагон ва Кумитаи андоз, аз пеш омадани мушкили ҷиддӣ дар низоми алоқаи мобилии Тоҷикистон ҳушдор додааст.

Ғафур Эркаев, сарвари Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, қимати гуфтугӯи байнишабакавӣ дар Тоҷикистон бо ҳисоби аксиз 9,6 дирам аст, аммо дар пайи роҳандозии Кодекси нави андоз боз ширкатҳо аз ин маблағ 3% -и дигар аксиз бояд супоранд. Вай афзуд, агар пайвасти байнишабакавӣ объекти аксизи андоз шавад, пас як занг ду бор андозбандӣ мешавад: «Ҳоло дари ширкатҳоро гирифтаанд, ки ин пардохтҳои иловагиро диҳанд. Ва ба ин илова мешавад зангҳои воридотии байналмилалӣ ба сифати объекти андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз. Пас операторон барои ин зангҳо аз муштариён маблағи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизро талаб намоянд, яъне операторон маҷбуранд зангҳои воридотии байналмилалиро музднок муқаррар намоянд. Ин ҳам хилофи принсипи СРР – «зангзананда пардохт менамояд» аст. Мо шарҳи ҳаминро аз Кумитаи андоз талаб кардем, вале то ҳол посухе нест.»

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:21 0:00
Линки мустақим

Низоми имрӯзаи фаъолияти ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, аз ҷумла низоми СРР бо қарори вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар бораи таруфаҳои пайвасти байнишабакавӣ аз 17сентябри соли 2007 амал мекунад.

Аммо масъулони Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯянд, ба сурати умум тағйири ҷиддие дар ин самт ба миён наомадааст. Бо вуҷуди ин, мегӯяд Сайидаҳтам Абдуллоев, сардори раёсати хизматрасониҳои андози кумита, номаи ширкатҳои мобилӣ баррасӣ мешавад: «Мо мактуби онҳоро гирифта, мавриди омӯзиш қарор додем. Пагоҳ онҳоро ба Кумита даъват кардаем, то даъвоҳояшонро шунавем ва посухи худро гӯем. Расман ҳам ба онҳо посух хоҳем дод.»

Шикоятҳои паёпай аз меъёрҳои нави Кодекси андоз, ба назари коршиносон, тасаввуротеро ба миён меорад, ки он на ба рушди бизнес дар кишвар, балки ба шикасти он мусоидат мекунад. Ин дар ҳолест, ки мақомоти кишвар, баръакс мегӯянд, кодекси нав бори андозро аз дӯши мардум ва соҳибкорон сабуктар кардааст. Бархе аз коршиносон бар инанд, ки сиёсати андоз риштаҳои пешрафтаро ҳадаф гирифтааст.


Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев, роҳбари маркази таҳлилии «Контент», ки бозори алоқаи мобилиро меомӯзад, мегӯяд, бахусус ширкатҳои мобилӣ мавриди таваҷҷӯҳи Кумитаи андоз ва мақомоти дигар қарор гирифтаанд: «Ин вазъ бозгӯӣ аз он мекунад, ки бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон хеле каманд. Ширкатҳои мобилӣ танҳо манобеъе ҳастанд, ки даромади хуб доранд. Мутаассифона, ба ҷои танзими андоз Кумитаи андоз сол ба сол андозҳои нав эҷод мекунад ва як доираи маҳдуди ширкатҳоро, ба истилоҳ, «меҷӯшад». Шояд аз онҳо буҷаи кишвар ҳам вобаста аст, бахусус аз ширкатҳои мобилӣ.»

То соли 2011 ширкатҳои мобилӣ ба монанди дигар корхонаву муассисаҳои Тоҷикистон ба таври маъмулӣ андоз медоданд. Аз 1 феврали соли 2011 дар пайи тағйири Кодекси андоз, аксиз ҷорӣ шуд ва қимати хадамоти мобилӣ дар Тоҷикистон 3 дарсад боло рафт. Ин дар ҳолест ки хидматрасонии ин ширкатҳо алакай 19 фоиз андоз аз арзиши иловашуда ҳам дошт, ки мустақиман аз ҳар пардохт рӯёнда мешавад.

Вазорати молияи Тоҷикистон эълон дошт, ки соли 2012 аз ҳисоби ин аксиз ба буҷаи ҷумҳурӣ 45 миллион сомонӣ, ҳудуди 10 миллион доллар ворид шудааст. Бино ба иттилои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, соли 2012 ширкатҳои мобилии кишвар беш аз 1, 5 миллиард сомонӣ ба буҷа ворид карда буданд.

3 дарсад пардохти иловагие, ки инак, аз сӯи Кодекси нави андози Тоҷикистон барои ширкатҳои мобилӣ эҷод мешавад, ба буҷаи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ хоҳад овард, ҳанӯз аз ҳеҷ ҷониб ҳисоб карда нашудааст. Ғафур Эркаев мегӯяд, ин маблағ ҳам аз кисаи муштариён, яъне шарҳрвандони одӣ, гирифта хоҳад шуд.

Бино ба ҳисобҳо, аҳолии Тоҷикистон солона барои гуфтугӯҳо бо телефони мобил то ним миллиард доллар масраф мекунанд. Ҳоло саҳми бархе ширкатҳои мобил дар қисми дахли будҷаи давлатии Тоҷикистон хеле бештар аз бузургтарин корхонаҳои саноатиаш ва ҳатто бештар аз ТАЛКО шумурда мешавад.
XS
SM
MD
LG