Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи издиҳоми хашмгин ба идораи пулис дар Украина


Қурбонӣ Ирина Крашкова
Қурбонӣ Ирина Крашкова

Ҳудуди ҳазор сокини деҳкадаи Врадивикаи Украина бо талаби адолат барои як қурбонии таҷовуз ба бинои пулиси маҳаллӣ ҳамла карданд.

Як зани 29- сола дар ин рустои воқеъ дар вилояти Миколайив баъди таҷовуз ва латтукӯби шадид пайдо кардаанд. Ирина Крашкова то ҳол дар бемористон таҳти табобат қарор дорад.

Ба дунболи ошкор шудани ин ҷиноят, се гумонбар, бо шумули як ходими пулис боздошт шуданд. Аммо ҳамлаи издиҳом ба пулис 1 июл, баъди он оғоз ёфт, ки афсари пулиси гумонбарро аз боздошти пешакӣ раҳо карданд.

Тазоҳургарон дар ҷараёни ҳуҷум ба бинои департаменти пулис тирезаҳоро шикастанд ва ба дохили бино “коктейли Молотов” партоб карданд.

Соли гузашта низ як мавриди таҷовуз, қатл ва сӯхтани ҷасади як духтари ноболиғ дар минтақаи Миколайив мавҷи эътирозҳоро ба бор овард ва мардумро ба кӯчаҳо рехт.

Аммо қазияи ахир дар ҳоле бисёри украиниҳоро такон дод ва ба хашм овард, ки ба маълумоти онҳо, пулис дар оғоз ду гумонбарро, ки гуфта мешуд, падарони онҳо кормандони баландпояи ҳукумати маҳаллӣ буданд, аз боздоштгоҳ озод кардааст.


Ҳамлаи издиҳом ба идораи пулис дар Украина
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:29 0:00
XS
SM
MD
LG