Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфаттиши рус: Тоҷикистон аз “наркобарон” ҳимоят кард


Муфаттиши калони таҳқиқи ҷиноятҳои махсуси Хадамоти федеролии назорат бар гардиши ғайриқонунии Русия, майор Ренат Курамшин
Муфаттиши калони таҳқиқи ҷиноятҳои махсуси Хадамоти федеролии назорат бар гардиши ғайриқонунии Русия, майор Ренат Курамшин

Муфаттиши Русия мақомоти Тоҷикистонро ба пуштибонӣ аз Атобек Гулмамадов, ки бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шудааст, айбдор кард.

Намояндаи хадамоти зидди маводи мухаддир дар Русия гуфт, Тоҷикистон аз Имороти Мутаҳидаи Араб хостааст, шаҳрванди Тоҷикистон ва Русия, Атобек Гулмамадов, ки иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шудааст, ба Русия таслим карда нашавад.

Ренат Курамшин, муфаттиши калони таҳқиқи ҷиноятҳои махсуси Хадамоти федеролии назорат бар гардиши ғайриқонунии Русия аз тариқи шабакаи телевизионии «Россия-1» шоми 5-уми март эълом дошт, ки Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон талош кард, ба раванди истирдоди Атобек Гулмамадов аз Дубай ба Русия мухолифат намояд. Ба қавли ин намояндаи Русия, дар нотаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, аз мақомоти Иморати Муттаҳидаи Араб хоҳиш шудааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон ва Русия, Гулмамадовро ба Русия надиҳанд. Вай дар бораи матни нотаи ҳукуматии Тоҷикистон мегӯяд: «Тақрибан чунин садо медиҳад, ки Гулмамадовро ба Русия надиҳед, зеро ӯ дар он ҷо зери шиканҷа ва таъқиби беасоси ҷиноӣ хоҳад афтод, моликияташ ӯ бидуни таҳқиқ ва додгоҳ мусодира хоҳад шуд. Ба хонаводааш фишор оварда хоҳад шуд ва оилааш ҳам таҳти таъқиб қарор хоҳад гирифт, фарзандонашро хоҳанд гирифт ва ба хонаи ятимон хоҳанд дод.»

Курамишин афзуд, ин нотаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки Гулмамадов дар сатҳи олии ҳукумати Тоҷикистон пуштибонҳо дорад ва мақомоти Русия ин ҷанбаи масъаларо низ таҳқиқ хоҳанд кард. Ин муфаттиши хадамоти зидди маводи мухаддир дар Русия гуфт, собит шудааст, ки Гулмамадов узви шабакаи байналмиллалии қочоқи маводи мухадир буд ва ӯро дар Русия ҳабси абад интизор аст.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ба ин изҳороти телевизионии намояндаи хадамоти зидди маводи мухаддир дар Русия расман вокуниш накарда ва аз шарҳи он худдорӣ менамоянд. Аммо як манбаи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Душанбе бо чунин мазмун ба Иморати Муттаҳидаи Араб номае нафиристодааст.

Шаҳрванди Тоҷикистон ва Русия, Атобек Гулмамадови 39-сола, дар моҳи декабри соли гузашта бо ёрии полиси байнулмилал ё Интерпол дар Дубай боздошт шуда, рӯзи 7-уми феврали соли равон ба Русия истирдод гашт. Мақомоти Русия мегӯянд, вай дар соли 2008, пас аз дастгир шудани ҳамкоронаш бо миқдори зиёди ҳероин аз Русия фирор карда зери чанд номи қаблакӣ пинҳон гаштааст. Ба қавли Хадамоти назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Русия ҷаноби Гулмамадов шахсан ба амалиёти интиқоли 400 килограмм ҳероин аз Осиёи Марказӣ ба Русия раҳбарӣ кардааст.

Мақомоти Русия мегӯянд, бо вуҷуди дархости расмии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, мақомоти Иморати Муттаҳидаи Араб ба дархост ва далелҳои пешниҳодии Русия «тан доданд» ва Гулмамадовро ба дасти мақомоти Русия супурданд. Танҳо пас аз як моҳи ин воқеа, акнун мақомоти Русия ҳукумати Тоҷикистонро айбдор мекунанд, ки кӯшидааст, ба талошҳои Русия халал ворид ва аз истирдоди Гулмамадов ба Русия пешгирӣ кунад.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки мақомоти Русия дар гузашта низ борҳо мақомоти Тоҷикистон ба саҳлангорӣ дар мубориза бо қочоқи маводи муххадир муттаҳам кардаанд. Онҳо гуфтаанд, пас аз хуруҷи марзбонони рус аз сарҳади Тоҷикистону Афғонистон интиқоли маводи мухаддир ба вуоситаи ин марз афзудааст. Ба навбати худ, мақомоти Тоҷикистон намояндагони Русияро айбдор кардаанд, ки бо суистифода аз чунин баёнияҳо мехоҳанд, назорати қочоқи маводи мухаддирро дар ин марз ба дасти худ гиранд.

Зимнан, дар ин намоиши шабакаи телевизионии «Россия-1» гуфта шуд, ки тоҷикон аз интиқолдиҳандагони асосии маводи мухаддир ба Русияанд.
XS
SM
MD
LG