Пайвандҳои дастрасӣ

"Mr. Z", "Оқои З", Занҷонӣ: Аз суъуд то суқут ва рақсиданҳояш дар Норак (2 ВИДЕО)


Занҷонӣ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Э.Раҳмон

Занҷонӣ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Э.Раҳмон

Бобаки Занҷонӣ, писари коргари оддии роҳи оҳан, ки ҳоло дороиҳояшро то 15 миллиард доллар ҳисоб мекунанд, то замони боздошташ яке аз сармоягузорони умда дар иқтисоди Тоҷикистон низ ба шумор мерафт.

Бобаки Занҷонӣ, ки ба далели наздикиаш ба Басиҷ, нирӯҳои шибҳанизомии Ҷумҳурии исломӣ, худро “басиҷии иқтисодӣ” меномид, бо тақрибан 14 миллиард доллар дороӣ зоҳиран сарватмандтарин марди Эрон ба шумор меомад.

Ҳарчанд то поёни соли 2012, замоне ки исми ӯ дар рӯйхати сиёҳи таҳримҳои Амрикову Иттиҳодияи Аврупо алайҳи барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон шомил шуд, касе дар бораи ин миллардери эронӣ чизи зиёде намедонист.
Аммо барои ин сармоядори то ҳол хушиқбол, ки вазорати дороии Амрико соли таваллуди ӯро ё 1971 ё 1974 номидааст, рӯзҳои сиёҳе дар Эрон фаро расидаанд. Бобаки Занҷонӣ рӯзи 30 декабр бо иттиҳоми фасод боздошт ва ба зиндони Эвини Теҳрон андохта шуд.

Ин боздошт нуқтаи атфе дар сарнавишти Занҷонист, ки империяи тиҷориаш – “Sorinet Group” – ҳудуди 65 ширкат дар Эрону Туркия, Имороти муттаҳидаи Араб, Малайзия ва Тоҷикистонро мечархонд. Занҷонӣ тавассути ин ширкатҳо дар тиҷоратҳои мухталифе – аз тавлиди атриёт то меҳмонсароҳо, аз мусофиркашониву боркашонӣ то сохтмону бонкдорӣ – фаъолият дошт, Занҷонӣ ҳамин тавр, соҳиби ҳатто дастаи футболи “Роҳи оҳан” аст ва чандин тарҳ барои синамои Эронроо низ таъмини молӣ мекард.

Занҷонӣ, ки асосан дар Дубай ва Туркия ба сар мебурд, дар гузашта ҳамеша пойфишорӣ мекард, ки рабте ба сиёсат надорад, балки “ман танҳо тиҷорат мекунам.” Аммо дар моҳи декабри соли 2012 Иттиҳодияи Аврупо Занҷониро ”миёнарави калидӣ дар муомилоти нафти Эрон ва таҳвили пулҳои марбут ба фурӯши нафт” номид. Дар моҳи апрели соли 2013 вазорати дороии Амрико дар радифи чанд ширкат алайҳи Занҷонӣ ҳам таҳримот ҷорӣ карда, онҳоро айбдор кард, ки бо таҳвили миллиардҳо доллар аз номи давлати Эрон талоши пушти по задани таҳримотро доштаанд.

Он замон Бобаки Занҷонӣ ҳар навъ иштибоҳ дар фаъолиятҳояшро рад карда буд. Аммо дар мусоҳибаҳои ахираш бо матбуоти Эрон, Занҷонӣ эътироф кард,и ки аз соли 2010 ба ин тараф хоҳиши Бонки марказии Эрон барои кумак ба таҳвили пули барои кишвар лозими фурӯши нафтро иҷро мекард.

“Оқои З”

Сабти "порагирӣ"-и Фозили Лориҷонӣ

Сабти "порагирӣ"-и Фозили Лориҷонӣ

Ҳамзамон дар Эрон ҷанҷоли дигаре даргирифт, ки зоҳиран аз равобити Занҷонӣ бо бархе сиёсатмадорони эронӣ дарак медод. Дар моҳи январи соли 2013, раисиҷумҳури вақти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод аз минбари парлумон Фозили Лориҷонӣ, бародари рақибаш - раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ Алии Лориҷониро айбдор кард, ки аз “Оқои З” пора мегирад. Аҳмадинажод номи пурраи “оқои З”-ро он замон фош накард, вале навори видео ва чандин акси ба зудӣ нашршуда дар Интернет маҳз Занҷониро ҳамроҳ бо мақомҳои маъруфи эронӣ, аз ҷумла бо Фозили Лориҷонӣ тасвир мекард.

Занҷонӣ даъвои порадиҳиро рад кард ва гуфт, мулоқоташ бо бародари раиси парлумон мулоқоти тасодуфӣ буд. Занҷонӣ ҳамин тавр, акси бо силоҳ гирифтаи худро ба масхара кашид ва дар яке аз сӯҳбатҳои ангуштшумори матбуотиаш ба ББС гуфт, “ин акс воқеъият, вале ягон 15 сол пеш дар Ироқ гирифта шудааст. Силоҳ гирифтан ба далоили амниятӣ дар онҷо як амри оддӣ буд.”

Аксҳои нашршуда дар саҳифаи Занҷонӣ дар Facebook ӯро ҳангоми навохтани пианино, рондани мотосикл ваё сари дастурхон бо дӯстон нишон медиҳанд. Чанде пеш ҳатто аксе аз Занҷонӣ нашр шуд, ки ӯро бо вазири собиқи хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ дар як зиёфат нишон медод. Занҷонӣ дар аксҳояш дар Facebook ҳамин тавр, ҳангоми ҳузур дар ҷаласоти мухталиф, дар сафар ва боздид аз сохтмонҳову ҳангоми мусоҳибаҳояш бо хабарнигорон мунъакис мекунанд.

Занҷонӣ, ки то ҳол издивоҷ накардааст, дар як сӯҳбати ахираш бо матбуоти Эрон гуфт, ахз як хонаводаи хеле оммист ва падараш коргари оддии роҳи оҳан буд. Занҷонӣ собиқаи кориашро ҳамчун ронандаи раиси Бонки марказӣ оғоз карда, танҳо баъди рафтанаш ба Туркия ба тиҷорат пардохт ва то ин қуллаҳои баланд расид.

Саргузаштҳои Занҷонӣ дар Тоҷикистон

​Дар солҳои охир як самти умдаи сафарҳои ӯ Тоҷикистон шуда буд. Занҷонӣ базудӣ ба яке аз сармоягузорони умда дар ин кишвар табдил ёфта, аз ҷумла бозсохти терминали автобусҳои Душанбе ва бунёди бузургтарин ҳипермаркети Осиёи Марказӣ дар пойтахти Тоҷикистон ва чандин осмонбӯсро таъмини молӣ мекард. Ҳузури шахсан раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи терминали автобусҳои Душанбе ва гузоштани хишти аввали ҳипермаркети бузургтарини пойтахт ҳокист, ки дар Душанбе аз таваҷҷӯҳи ин миллиардер ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон хеле хушашон меояд.




Бобаки Занҷониро, ҳамин тавр, барои ҷалби таваҷҷӯҳаш ба сохтани корхонаҳои бештар ба манотиқи мухталифи асосан ҷануби Тоҷикистон мебурданд ва ин навор, ки дар шаҳри Норак бардошта шудааст, саҳнаи рақи Занҷонӣ бо сокинони маҳаллиро намоиш медиҳад:



Миллиардери эронӣ комёбиаш дар арсаи тиҷоратро аз лутфи Худованд медонист. Аммо даврони суъуди “оқои З” дар ниҳоят бо суқути ӯ дар кунҷи зиндони бадноми Эвини Теҳрон анҷомид. Телевизиони давлатии Эрон - Press TV quoted аз қавли раиси Додгоҳи олии ҳисоб Аминҳусейни Раҳимӣ хабар дод, ки Бобаки Занҷонӣ аз сӯи ширкати милили нафти Эрон ба фурӯши нафт ба маблағи 3 миллиард доллар маъмур шуда буд, вале акнун ба пинҳон кардани миллионҳо доллар аз пули нафт айбдор мешавад.

Тафтиши муомилоти тиҷории ӯ моҳи сентябр, замоне оғоз ёфт, ки парлумон ӯро ба сарпечӣ аз таҳвили пулҳои давлат айбдор кард. Як вакили парлумони Эрон Занҷониро айбдор кард, ки санад дар бораи пардохти 2 миллиарду 60 миллион доллар пули фурӯши нафти ширкати миллии нафтро сохтакорӣ кардааст. Бино ба иддаои Занҷонӣ, ин санадро ба ӯ Бонки миллии Тоҷикистон додааст. Аммо сухангӯи ин бонк низ исрор меварзад, ки Душанбе ба Занҷонӣ чунин санаде надодааст ва ончӣ ӯ дар Теҳрон ироа кардааст, зоҳиран санади сохта аст.

Боздошти Занҷонӣ рӯзи 30 декабр, дуруст як рӯз баъд аз ваъдаи раисиҷумҳури Эрон Ҳасанӣ Рӯҳонӣ барои мубориза бо фасоди молӣ сурат гирифт. Рӯҳонӣ вижатан рӯи мубориза бо “афроди соҳибимтиёз”-е таъкид карда буд, ки аз таҳримоти иқтисодӣ алайҳи Эрон фоидаҳои ҳангуфт мебардоранд. Яке аз онҳое, ки дар ҳамин арса барои худ миллиардҳо доллар ҷамъ кардаанд, ҳамин Бобаки Занҷонист.

Ризо Зарроб

Ризо Зарроб

Занҷонӣ итттиҳомоти алайҳаш эълоншуда ва ҳам даст доштанаш дар моҷарои ахири фасод дар сутуҳи олии раҳбариро, ки мунҷар ба буҳрони амиқи сиёсӣ дар Туркияи ҳамсоя ва ҳатто истеъфо 10 вазири турк шуд, рад мекунад. Нафари калидӣ дар моҷарои Туркия Ризо Зарроб ном сармоядори эронист, ки ба гуфтаи расонаҳои Туркия, бо Занҷонӣ равобити наздик дошт ва ҳатто қарор буд, ки дар остонаи Соли нав ҳарду барои баррасии масоили ҷамъшуда дар як меҳмонсаройи гаронбаҳое дар Анталия мулоқот кунанд. Вале ин мулоқот баргузор нашуд. Ба далели хеле оддӣ: Ризо Зарробро дар Туркия дастгир карданду Бобаки Занҷониро – дар Эрон.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG