Пайвандҳои дастрасӣ

Расул Мирзоевро аз толори додгоҳ озод карданд


Расул Мирзоев дар иҳотаи кормандони пулис

Расул Мирзоев дар иҳотаи кормандони пулис

Қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбои ҳарбӣ дар марги сокини 19-солаи Маскав -- Иван Агафонов гунаҳгор дониста шуда, аммо аз толори додгоҳ озод гардид.

Расонаҳои русӣ мегӯянд, додгоҳ Расул Мирзоевро ба 2 соли зиндон маҳкум карда, вале аз толори суд ё додгоҳ озод намудааст.

Қаблан Мирзоев дар қасдан расондани зарари вазнини ҷисмонӣ, ки бо марг анҷомидааст, муттаҳам мешуд. Аммо додситонӣ тавонистааст гуноҳи ин варзишгарро танҳо аз рӯи беэҳтиётӣ, ки ба марг овардааст, исбот намояд.

Тибқи дархости додситонӣ ҳар рӯзи Мирзоев дар боздошгоҳи муваққатӣ, ду рӯз ҳисоб шуда, ба ҳамин минвол аз толори додгоҳ озод гардидааст, чун дар боздоштгоҳ аз 24-уми августи соли гузашта нигоҳдорӣ мешуд.

Оксана Михалкина, вакили мудофеи оилаи Агафоновҳо, қаблан таъкид намуда буд, ки дар сурати ҳукми сабуки додгоҳ, бознигарии онро дар сатҳи болоӣ талаб хоҳанд кард.

Моҷарои фоҷиабор бо иштироки Мирзоев ва донишҷӯи 19-сола, Агафонов моҳи августи соли 2011, дар назди Маркази дилхушии «Гараж» рух додааст, ки дар паи зарбаи Мирзоев донишҷӯ ғалтида, лат хӯрдаст ва дар натиҷа, пас аз чор рӯз ба ҳалокат расидааст.

Дар ҷараёнии мурофиаи додгоҳӣ Мирзоев аз наздикони Агафонов узр пурсида, изҳор доштааст, ки тамоми умр омада ҳаст, ба онҳо кӯмак намояд. Аз рӯи парванда дар маҷмӯъ 5 ташхиси додгоҳӣ-тиббӣ гузаронда шудааст ва ахирӣ нишон додааст, ки зарбаи Мирзоев марговар набудааст. Дар асоси ин хулоса Додситонӣ барои Мирзоев ҷазои сабуктар талаб намудааст.

Ёдрас мекунем, ки ин варзишгари ҳирфаӣ, чандин бор аз рӯи самбои муҳорибавӣ қаҳрамони Русия ва ҷаҳон шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG