Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мӯъҷиза"-и чашмаи духтари мири Кӯлоб


Чашмаи Биби Дилафрӯз дар маконе ҷойгир аст, ки то солҳои 1920 он ҷо макони буду боши мирони Кӯлоб будааст.

Ҳарчанд, аҳли хонадоне, ки дар он ҷо зиндагӣ дорандба ҷуз чанд нақлу ривоят чизи таърихие дар бораи ин чашма намедонанд, аммо кӯҳансолон ин чашмаро ба духтари Мири Сара, яке аз мирҳои маъруфи Кӯлоб дар солҳои 1857 то 1871 марбут медонанд.

Духтари Сара аз зеботарин духтарони замони худ будааст, ки пас аз шикасти падар дар ҷанги муқобили амири Бухоро тибқи ривоятҳо худро дар ин чашмаи моҳиён ба зер меафканад. Мири Сара кист ва чашмаи духтари ӯ чӣ мӯъҷизае дорад, то поёни барнома бароятон рӯшан хоҳем кард.

Чашмаи Бибидилафрӯз-духтари зебо ва покдоман

Соли 1985 дар маҳаллаи Чармгарони Поёни шаҳри Кӯлоб ҷанозаи маъмулии Сайрамбӣ ном пиразани 90 сола баргузор шуд. Аслан, ин ҷаноза мисли садҳои ҷанозаи дигар сокинон шояд дар зудтарин фурсат аз хотирҳо фаромӯш мешуд, вале ошкор шудани як чашма бо ҳафт моҳии гуногунранг дар ҳавлии ин хонадон марги ин занро фаромӯшношуданӣ боқӣ гузошт. Хонум Гулнисо, сунҳор ё келини ин зан мегӯяд, хушдоманаш аз солҳои 30-уми асри гузашта, вақте дар ин ҳавлӣ зиндагиро шурӯъ кард, болои чашмаро бо карбос ном матоъ маҳкам кард ва то рӯзи фавташ иҷоза намедод, то моҳиёни ин чашмаро ҳар кас бубинад. Ин чашма бо моҳиёнаш барои аҳли ин хонадон муқаддас арзёбӣ мешавад.

Ин зан, ки то овардани арӯс барои писараш нигаҳбонии чашма ба дӯшаш буд, мегӯяд: «Тамоми атрофашро хушдоманам парда пӯшонда буд. Пас аз мурдани ӯ, пардаро аз болояш гирифтем ва ҳама чашмаву моҳиёнашро диданд. Убайдуллоев, ки он вақт дар Кӯлоб кор мекард, ба дидани моҳиён омад. Хушдоманам мегуфт, ки ин чашма Биби Дилафрӯз ном дорад.»

Ин зан дар бораи Биби Дилафрӯз маълумоти зиёд надорад ва танҳо мегӯяд, «ӯ духтари зебои покдоман будааст.» Аммо кӯҳансолон Дилафрӯзро исми духтари мири Сара медонанд. Бо парокандагӣ аҳли ин хонадон дар бораи чашма, қиссаҳо мекунанд. Гӯё духтари покдомане ба хотири доғдор нашудани номусаш худро ба ин чашма ҳаво дода, нопадид мешавад. Ҳақиқати таърихие ҳам ба ин ривоят пайванд дорад, ки духтари мири Сара пас аз шунидани шикасти падараш аз ҷониби амири Бухоро, худро дар ин чашма ғарқ мекунад.

Ҳафт моҳие, ки на кам мешавад ва на зиёд

Оби ин чашма аз зери замин ба андозаи ба қавли соҳибхонаҳо «ғавсии миёни як одам» ҷӯш зада мебарояд. Обе, ки аз қаъри замин ҷӯш мезанад, имкони ба худ ба поён фурӯ бурдани ашёҳоро низ дорад. Ин аст, ки сокинон ба қиссаи арӯсеро фурӯ бурдани ин чашма бовар доранд. Аҷобат, дар ин аст, ки ба қавли шоҳидон, моҳиёни ин чашма даҳсолаҳост аз ҳафт на кам мешаванд ва на зиёд. Фарзандони ин хонадон чанд бор талош карданд, то бо ин моҳиён моҳии дигар раҳо кунанд, аммо дигар ягон навъи моҳӣ натавонистааст дар ин чашма зиндагӣ кунад. Баҳодур Қосимов, фарзанди ин хонадон мегӯяд, андозаи ин ҳафт моҳӣ тағийр намеёбад, аммо ранги онҳо ҳамеша дар ҳоли тағийр ёфтан аст.

Баҳодур Қосимов
Баҳодур Қосимов
Шумораашон гоҳҳо то нӯҳ меафзояд, вале боз ба ҳафт адад мерасад. Дар назди чашмаи моҳиён мо ба сӯҳбати Баҳодур гӯш додем: «Якеаш гоҳо кабуд мешавад, гоҳо дигараш тиллоранг, холдор мешаванд. Дар офтоб рангашон дигар мешавад ва дар соя дигар. Аммо 31 сол умр дорам ва аз вақте худамро шинохтам инҳо на кам мешаванд ва на зиёд. Гоҳҳо як ду моҳича пайдо мешавад, вале дигар намедонем, ки онҳо куҷо мешаванд.»

Ба гуфтаи хонадорон, на ҳар кас ба дидани ҳамаи моҳиён мушараф мешавад. Чанд соли пеш мо танҳо панҷ моҳиро дар ин чашма дидем ва ин бор танҳо се адади он ба чашм расид. Баҳодур мегӯяд, гоҳо моҳиён обро лолйолуд мекунанд ва бархе сокинон умуман онҳоро дида наметавонанд ва баъзан вақт дар оби соф ҳам комилан нопайдо мешаванд.

Чашмае, ки танҳо арӯсон нигаҳбонӣ мекунанд

Фарзона, ҳамсари Баҳодур, ки 8 соли пеш ба ин хонадон арӯс шудааст, нигаҳбонии чашмаро аз хушдоман ба мерос гирифтааст. Хушдоманбузургаш васият кардааст, ки онро танҳо бояд арӯсони ин хонавода нигаҳбонӣ кунанд.
Вақте Фарзона ба ҳавлии ин хонадон ҳамчун арӯс пой гузошт, ӯро қабл аз вориди хона шудан лаби чашма овардаанд ва савганд додаанд, то рӯзе ҳаст, онҳоро нигаҳбонӣ мекунад ва ба арӯсони писарони худ дар оянда низ ин васиятро мерасонад. Ба қавли Фарзона, хусуркалон ва хушдоманбузургаш ин чашмаро бо ҳавлӣ дар солҳои сиюм аз як муллои ношинос мерос гирифтаанд.

Фарзона, арӯси хонадон
Фарзона, арӯси хонадон
Ин ҷавонзан бо садоқати хос ба ин чашма ба мо чеҳраи он муллоро тасвир мекунад: «Як муллои хуб будааст. Хеле хуб, ки аз рӯяш нӯр меборидааст. Он солҳо муллоҳоро касе ғам медодааст. Намемондаанд, ки китоб хонанду дар бораи ислом гап зананд. Он мулло ба хусуркалонам гуфтааст, ки маро ғам медиҳанд ва ман баромада меравам. Шумо ин ҷоро нигаҳбонӣ кунед. Ин ҷо он қадар аҳолӣ набудааст ва хусуру хушдоманам ба обод кардани ин ҷо иқдом мекунанд. Он мулло гум мешавад ва дигар умуман ба ин ҷо намеояд. Насиҳат кардааст, ки бояд чашмаро фақат занҳо нигаҳбонӣ кунанд.»

«Давоми 60 сол моҳиён тағийр наёфтаанд»

Дар ҳоле, ки ин чашма аз чашми аксар пинҳон будааст, аммо занҳои кӯҳансоли ҳамсоя мегӯянд, пинҳонӣ ба онҳо Бибии Сайрамбӣ ин моҳиёнро нишон медод. Сайлонбӣ Одинаева, сокини маҳаллаи Чармгарони Поён қисса кард, ки бибии Сайрамбӣ ба онҳо танҳо мегуфт, ин ҷо шаҳид аст. Ин зан аз камтарин сокинони маҳалла будааст, ки ҳанӯз дар солҳои 50-уми асри гузашта ба дидори ин моҳиён мушарраф шудааст.

«Бибии Сайрамбӣ одамони дилкашашро нишон медод. Лекин мо ҳис мекардем, ки ин ҷо шаҳид аст. Агар шабе, ки поямонро сӯи ин чашма дароз мекардем, поямон дард мекард. Он вақтҳо рӯзи чоршанбе аз атрофии ин чашма равшанӣ ҳам медидем. Ин ҷо кадом бузургворе ҳаст, ки мо сахт эҳтиром дорем.»

Ин хонум мегӯяд, 60 соли пеш ин моҳиёнро ҳамон тавре дида буд, ки ҳоло мебинад ва ҳеҷ тағйире дар шаклу ҳаҷми моҳиён мушоҳида накардааст.

Аксари сокинони Кӯлоб чашма ва моҳиёни онро мисли як чизи муқаддас эҳтиром мекунанд ва ба обу лойи шифобахшаш бовар доранд. Шаҳрбону, як сокини ин шаҳр мегӯяд: «Чанд кас гуфт, ки рафтем ва фалон касал доштем, аз обаш нӯшидем, сиҳат ёфтем. Пои ман сахт дард мекард ва ба чанд беморхона рафтам, вале дардаш гум нушуд. Бо маслиҳат поямро бо оби чашмаи моҳиён шустам ва шукри Худо, ки дардаш гум шудааст. Аввал Худову баъд мегӯянд, ки ихлосу халос.»

«Ҳамааш кори Худо, аммо шифо меёбанд»

Сокинони маҳаллаи Чармгарони Поён мегӯянд, ҳоло дар қиёс ба солҳои пеш рафтуомади сокинон ба назди ин чашма кам шудааст. Сафаргул Раҷабова, сокини ин маҳалла мегӯяд, то чанд соли пеш ин ҷо одами зиёд барои тамошо меомад, аммо аз вақте, ки рӯҳониёни Кӯлоб зиёрат аз чунин маконҳоро ширк эълон доштанд, рафтуои одамон камтар шуд: «40 сол шуд, ки ман ҳамсояаам ва ин моҳиёнро дидаам. Пештар одам хеле зиёд меомад, аммо ҳоло шумораи тамошогарон камтар шудааст.»

Аммо Фарзона, арӯси хонадон мегӯянд, ҳанӯз ҳам аз шаҳру навоҳии дуру наздик меҳмони зиёд доранд: «Бархе меоянд, дастонашон захм дорад ва аз лойи ин чашма дар дасташон мемоланд ва онро дар офтоб гузошта мераванд. Бовар доранд, ки бо хушк шудани он лой озахи дасташон низ хушк мешавад. Баъзеи дигар меоянд ва ин ҷо аз Худо фарзанд металабанд. Ҳамааш кори Худо аст, аммо шояд Худованд ин ҷо онҳоро мешунавад, ки бисёраш ба мурод мерасанд.»

Дар ҳамин ҳол, Исроил Назаров, сардори Идораи бозрасии ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб мегӯяд, воқеан, онҳо аз мавҷудияти ин чашма хабар доранд, вале то кунун обу хоки он дар ҳеҷ ташхисгоҳе ташхис нашудааст, ки шифобахшии онро аз нигоҳи илмӣ шарҳ бидиҳанд. Назаров моҳиёни ин чашмаро моҳиёни маъмулӣ медонад ва ба гуфтаи ӯ дар ин чашма ду навъи моҳӣ, сазан ва ширмоҳӣ зиндагӣ мекунад, ки дар дигар рӯдхонаҳои кишвар ҳам ба чашм мерасанд.

Мақбараи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб.
Мақбараи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб.
Ҳотамшо Асозода, мудири кули осорхонаҳои Кӯлоб мегӯяд, рӯҳониён рафтани сокинон ба мавзеҳои таърихиро нодуруст фаҳмида, мамнӯъ эълон карданд. Ба гуфтаи ӯ, аксари сокинон дар назди чашмаи моҳӣ ё мазори Ҳазрати Амриҷон аз онҳо мурод наметалабанд, балки ин маконро ҳамчун макони муқаддас ҳисобида, он ҷо аз Худо мурод металабанд.

Ӯ гуфт: «Аслан, на дар мазори Ҳазрати Амирҷон ва на дар дигар ҷо мусалмони эътиқодманд аз касе бояд чизе напурсад. Мо мушоҳида мекардем, ки на ҳамаи мардум аз Ҳазрати Амирҷон чизе маталабанд, балки он ҷоро як ҷои муқаддас ҳисобида, аз Худо мадад металабанд. Бе огоҳии комил манъ кардани мардум аз тамошои ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ ҳам кори дуруст нест.»

Духтари Мир аз чашма ҳусн мегирифт

Аҳли хонадоне, ки ин чашма дар он ҷо ҷойгир аст, ба ҷуз нӯшидан аз оби он, дигар аз ҳеҷ нафаре барои тамошои он маблағ намегиранд ва миёнаҳолона ба сар мебаранд. Баҳодур Қосимов, фарзанди хонадон мегӯяд, ба Русия меравад, то зиндагиашонро бигузаронанд, аммо ҳамеша аз ҳамсараш дар мавриди нигаҳбонии моҳиён суол мекунад.

Чашмаи Биби Дилафрӯз дар маконе ҷойгир аст, ки то солҳои 1920 ин ҷо макони буду боши мирони Кӯлоб будааст. Ҳарчанд, аҳли ин хонадон, ба ҷуз чанд нақлу ривоят чизи таърихие дар бораи ин чашма намедонанд, аммо кӯҳансолон ин чашмаро ба духтари Мири Сара, яке аз мирҳои маъруфи Кӯлоб дар солҳои 1857 то 1871 марбут медонанд.

Қиссаҳо атрофи ин чашма зиёд ҳаст. Аммо қиссаи мӯътамаде, ки бо худ далелҳои зиёд дорад, ин аст, ки ин чашма марбут ба духтари Мири Сара, ки беш аз 14 сол миригарии Кӯлобро раҳбарӣ кардааст, пайвастагии зиёд дорад. Духтари Мири Сара, ки дар зебоӣ ва покдоманӣ дар қиболи ҷаҳолати падараш шӯҳрат доштааст, пас аз оне, ки мешунавад, падараш аз амири Бухоро шикаст хӯрдааст, худро дар ин чашма ғарқ мекунад.

Ҷаббор Раҷабов, омӯзгори собиқадор, ки дар бораи Мири Сарабек бо ҷамъоварии хотироти сокинони бузургсол китобе бо номи «Сарабек» иншо кардааст, мегӯяд, аслан, Сарабек як мири золим будааст, аммо духтари покдоману зебое доштааст. Раҷабов 40 соли пеш аз як кӯҳансоли 115 сола бо номи Сайдаҳмад шунидааст, ки чашмаро Сарабек ба хотири духтараш дар поёни боғаш обод мекунад ва он ҷо барои тамошои духтар моҳӣ раҳо мекунад. Духтари Сарабек, иҷозаи берун рафтан надоштааст ва бештари вақти худро дар лаби чашма бо моҳиён мегузаронидааст.

«Як духтар доштааст. Дар бораи духтараш маълумоти кам аст. Ҳамин қадар маълум аст, ки ин чашма бо моҳиён ба хотири ӯ сохта шудааст. Қисса аст, ки духтари Мири Сарбек аз тамошои ин моҳиён бар худ ҳусн мегирифтааст. Садҳо ҷавон ба духтари Сарабек ошиқ будаанд, вале аз тасри падари золимаш ҳеҷ кас ҷуръати хостгорӣ омадан намекардааст.»

Ҷавононе, ки ишқи духтари Мирро васф мекарданд

Зебоии духтари Сарабекро даҳҳо рубоии мардумӣ, ки то ҳол сари забонҳост, исбот мекунад. Ин рубоиҳо бештар аз забони ҷавонони ошиқи ноумедгашта суруда шудаанд. Зикрулло Ҳакимов, сарояндаи маъруфи тоҷик яке аз ин рубоиҳоро, ки ҷавони ташнаи ишқи духтари мири Сара эҷод кардааст, месарояд:

«Духтари мири Сара,
Дар куза ов мебара,
Як коса ов талбидем,
Ғамзакунон мегзара,
Нигоҳ кардам ба сӯяш,
Маст шудам ба бӯяш
Шона занам ба мӯяш,
Бӯса занам ба рӯяш ».

Мири Кӯлоб-губернатори Қандаҳор

Холмуҳаммад Сафарзода, муҳаққиқи риштаи таърих мегӯяд, Сарабек дар ду давра 14 сол мири Кӯлоб буд. Ӯ давоми ҳукмрониаш бо шикаст додан ва асир гирифтани Исмоилхон, шоҳи Дарвоз ин мулкро ба итоати худ медарорад. Ҳамчунин, Ҳисор ва Қаротегинро низ мутеи худ мегардонад. Холмуҳаммад Сафарзода мегӯяд, дар замоне, ки Русияи подшоҳи аксари мулкҳои аморати Бухоро аз худ мекунад, Сарабек аз ноӯҳдабароии амир норозӣ шуда, Музаффаршоҳ, ки мири Қаротегин ва аз дӯстони Сарабек буд, барои сарнагун кардани амири Бухоро «барои додани як қисми мулк ба куффор» мактуб менависад, аммо Музаффар ба ӯ хиёнат мекунад.

Ҳолмуҳаммад Сафарзода мегӯяд: «Музаффар, мири Каротегин моли амири Бухороро, ки бо дасти Яъқуббек, беки Ҳисор ба Қошғар фиристода мешуд, ғорат мекунад. Сарабек Яъкубекро аз асорати Музафархон озод мекунад ва мири Қаротегин сири омодагиашонро барои ҳамла ба аморат ошкор мекунад. Худоёрхон, хони Хуқанд ба ҳукумати Рус мактуб менависад, ки Сарабек Қаротегинро ҳам аз худ кард ва кӯмак кунед, то онро нобуд кунем. Худоёрхон бо 12 ҳазор лашкар ва муҷҷаҳаз бо лавозимотҳои русӣ Сарабекро шикаст медиҳад ва ӯ ба Афғонистон фирор мекунад. Охирин маълумот тавре аз китобҳои таҳқиқотӣ маълум гашт, ҳамин аст, ки Сарабек дар Афғонистон бо фармони шоҳ Абдураҳмонхон то вазифаи губернатори Қандаҳор мерасад.»

Зиндагӣ ва кори Сарабек дар Қандаҳори Афғонистон он қадар рӯшан нест. Дар Кӯлоб танҳо чанд рубоие дар васфи духтараш ва чашмае боқӣ мондааст, ки номи ин мирро гоҳҳо сари забонҳо меорад. Чашмае, ки барои аксар сокинон то ҳанӯз мӯъҷизанок ва шифобахш дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG