Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонӣ "пайвастан"-и полковник ба ДОИШ-ро таҳқиқ мекунад


Гулмурод Ҳалимов

Гулмурод Ҳалимов

Юсуф Раҳмонов, додситони кулл гуфт, гӯё пайвастани Гулмурод Ҳалимов ба сафи ҷангиёнро таҳқиқ мекунанд. Рамазон Раҳимзода, вазири дохила ваъда дод, то охири ҳафта натиҷаи тафтишашонро мегӯянд.

Юсуф Раҳмонов, додситони кулли Тоҷикистон, 20 май дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, хабари гӯё пайвастани сарҳанги тоҷик Гулмурод Ҳалимов ба сафи ҷангиёни "Давлати исломӣ"-ро таҳқиқ мекунанд. Раҳмонов, ки дар ин бора баъд аз ҷаласаи рӯзи чоршанбеи Маҷлиси Намояндагон сӯҳбат мекард, афзуд, агар чизе дар ин замина ба даст омад, онро дар ихтиёри хабарнигорон хоҳанд гузошт.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, ки низ дар парлумон буд, хабари гӯё дар Туркия боздошт ва ба кишвар истирдод шудани полковники "гумшуда" Гулмурод Ҳалимов, сардори шуъбаи ОМОН-ро рад кард. Ӯ гуфт, ин иттилоъ асос надорад ва натиҷаи тафтишоти дохилии вазорат то охири ҳамин ҳафта дастраси расонаҳо хоҳад шуд.

Оқои Раҳимзода дар ин сӯҳбати хеле кӯтоҳаш бо хабарнигорон сарусадоҳо дар бораи пйавастани сардори шуъбаи ОМОН-и вазорати умури дохилӣ ба сафи ҷангиён дар Сурияро тасдиқ ё рад накард ва фақат гуфт: "баъд мегӯем". Аз ин пештар Ҷалолиддин Садриддинов, сардори дафтари матуботи ВУД, дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, то кунун дар бораи Ҳалимов иттилое ба даст наовардаанд. Аз ин рӯ, ба қавли Садриддинов, "агар полковник Ҳалимов боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод мешуд, ҳатман Вазорати умури дохилиро дар ҷараён мегузоштанд. Аммо то ҳол дар бораи ӯ ҳеч иттилоъ вуҷуд надорад."

Ҷалолиддин Садриддинов афзуд, таҳқиқоти дохилии вазорат дар мавриди нопадид шудани полковник Ҳалимов ба натиҷе нарасида, ҳанӯз идома дорад. Ин ниҳод баъд аз пахши хабарҳои зиддунақиз дар васоити ахбори ом дар бораи нопадид шудан ва гӯё ба Сурия рафтани полковник Гулмурод Ҳалимов ва дархости наздиконаш ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардааст. Ба қавли масъулони Вазорати умури дохилӣ, тафтишот дар марҳилаи аввал буда, онро Раёсати амнияти дохилии вазорат бар ӯҳда дорад ва аз натиҷаҳои он ба расонаҳо иттилоъ дода хоҳад шуд.

Гулмурод Ҳалимов

Гулмурод Ҳалимов

Куҷо будани сарҳанг Ҳалимов аз аввали моҳи май ба ин сӯ дар сархатти расонаҳост ва бархе аз онҳо бо такя ба манобеи худ навиштанд, ки полковник Ҳалимов шаҳодатномаи хидматӣ ва силоҳи худро дар коргоҳаш гузошта, нопадид гаштааст. Дар ин робита фарзияҳои гуногуни ғайб задани сарҳанг Ҳалимов нашр шудаанд. Бино ба онҳо, сардори собиқи ОМОН гӯё ба ҷанҷгҷӯёни ДОИШ дар Сурия пайвастааст, дар сафари хидматӣ берун аз кишвар аст ё рухсатии худро дар Туркия идома медиҳад.

Пайвандони Гулмурод Ҳалимов мегӯянд, ӯ субҳи 23 апрел бо ваъдаи он ки пас аз 3 рӯз бармегардад, аз хона берун шуда, то ҳоло бенишон аст. Назир Ҳалимов, бародари 28-солаи Гулмурод Ҳалимов 12 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ нопадид шудани ӯро тасдиқ кард ва гуфт, телефонаш хомӯш аст, аз худ хабаре надодааст, вале афзуд, вай нақшаҳои зиёд дошт ва ҳаргиз дар андешае набуд, ки ба Сурия равад.

Рӯзи 8 май як манбаи наздик ба Вазорати корҳои дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба Сурия рафтани Гулмурод Ҳалимов раҳбарони ин вазорат ва дигар мақомоти интизомии Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Ин манбаъ мегуфт, ҳануз сабаби аслии аз Вазорати корҳои дохилӣ рафтани полковник Ҳалимов рушан нест ва маълум нест, ки вай барканор шудааст ё фирор кардааст. Як манбаи дигари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегуяд Гулмурод Ҳалимов дар Маскав аст ва аз тафсилоти бештар худдорӣ карда мешавад.

Вале сешанбеи 12 май хабаргузории “Азия-Плюс” бо такя ба нақли ҳамсӯҳбатони худ гуфт, ӯ вақтҳои охир ба “Давлати исломӣ” ва сохтору ақидаҳояш таваҷҷуҳ нишон дода, ба таблиғи ақидаҳои он пардохтааст ва даҳ нафарро ба ивази маблағ ба Сурия бурдааст. Манобеи Радиои Озодӣ сарҳанг Ҳалимовро ҳамчун як шахси ботақво ва намозхон тавсиф мекунанд.

Ба навиштаи ин оҷониси хабарӣ, “дӯстони Ҳалимов гуфтанд, ӯ вақтҳои охир аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи фаъолияти ДОИШ, ақидаи онҳо ва амалиёти ҷангияшон маълумоти комил ҷамъоварӣ мекарад. Вай фанатики ДОИШ шуда буд ва ақидаҳояшро дар миёни одамони наздикаш низ паҳн менамуд.”

Хабаргузорӣ бо такя ба манбаъҳои худ дар мақомоти қудратӣ гуфтааст, "Гулмурод Ҳалимов аз ҳисоби шаҳрвандони бекори Тоҷикистон даҳ нафарроо низ бо худ ба Маскав бурдааст ва онҳоро рӯзи 2 май дар фурудгоҳи байналмилалии “Шереметево”-и Маскав ба мушоҳида расидаанд.

Аммо Назир, бародари сарҳанг мегӯяд: "Он қадар сахт мазҳабӣ набуд. Гоҳ намозҳояшро мехонд ва гоҳ намехонд. Дар ҳамаи амалётҳо, Помиру Ғарм бародарам иштирок мекард, он ҷо ба фикрам дар хавфу хатар тамоман ба намозхонӣ ҳам намерасид. Ин ҷо мисли дигарон намоз мехонд. Ҳатто касеро фишор намеовард, ки намоз хон ё нахон. Агар ақидааш дигар мешуд, моро маҷбур ба намозхонӣ мекард. Бубинед, ки ман додараш ҳастам, вақте намоз мехонд, ман менишастам, аммо боре намегуфт, ки ту чаро намоз намехонӣ."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG