Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати маориф: Мактаби деҳаи Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ имсол сохта мешавад


Дар посух ба гузориши радиои Озодӣ оид ба таҳсил дар хаймаҳои сарду торик, Вазорати маориф мегӯяд, моҳи март шурӯи сохтмони мактаб оғоз мешавад

Дафтари матбуоти Вазорати маорифи Тоҷикистон дар як номаи электронӣ ба унвонии радиои Озодӣ хабар дод, ки рӯзи 7 феврал вазири маорифи Тоҷикистон аз ҳолати садамавии мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳияҳои Данғара, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор дидан кард. Таъкид мешавад, ки гурӯҳи кории вазоратхона инчунин бо ҳолати мактаби деҳаи Чубеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ низ ошно шуд, ки дар борааш хабарнигори радиои Озодӣ гузориши вижа зери унвони "Таҳсил дар шароити "ҷангӣ" таҳия карда буд.

“Бахши умдаи синфхонаҳои мактаби ин деҳ се сол пеш фуру рафт ва нисфи дигар дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Мактаби кӯҳна беш аз 600 талаб дошт, ки ҳоло дар хаймаҳо дарс мехонанд ва аз ворид шудан ба синфхонаҳои нимаварон метарсанд. Хаймаҳо низ се сол пеш ба хотири пешгирӣ аз ягон фоҷеъа бунёд шуданд. Аммо он замон касе бовар надошт, ки умри ин хаймаҳо ба ин андоза тӯлонӣ мешавад”, навишта буд Мӯъмин Аҳмадӣ дар гузориши худ, ки дар сайти интернетии радиои Озодӣ нашр шуд (http://www.ozodi.org/content/article/24895696.html)

Дар номаи вазорати маорифи Тоҷикистон таъкид мешавад, ки таҳияи лоиҳаи бунёди мактаби нави №19-и деҳаи Чубеки ҷамоати Чубеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои 320 ҷойи нишаст соли 2012 ба анҷом расонида шуда, аз ташхиси давлатии сохтмон низ гузаронида шуд.

Тибқи изҳороти дафтари матбуоти вазорат, имсол ин мактаб бояд сохта ба истифода дода шавад. “Сохтмони мактаби мазкур аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази асосии ба Вазорати маориф пешбинигардида ба номгўйи иншооти сохташавандаи соли 2013 ворид карда шудааст. Тибқи нақша корҳои сохтмонӣ моҳи марти соли равон оғоз мегарданд”, хабар медиҳад Вазорати маорифи Тоҷикистон.



Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG