Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши вазири фарҳанг ба як матлаби "Озодӣ"


Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо имзои вазир Шамсиддин Орумбекзода ба як матлаби Радиои Озодӣ дар бораи фаъолияти Иттифоқи композиторон ё оҳангсозони Тоҷикистон вокуниш нишон додааст. Ин нома рӯзи 15 март дастраси Озодӣ шуд:

"Вазорати фарҳанг ба самъи Шумо мерасонад, ки аз ҷониби Иттифоқи композиторони Тоҷикистон мактуб аз 26 январи соли 2016 таҳти рақами 2 ворид гардид.

Дар мактуб вобаста ба мусоҳибаи хабарнигор Ганҷинаи Ганҷ бо раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Қудратулло Ҳикматов дар атрофи рӯзи таъсисёбӣ, фаъолияти имрӯза ва ҳамкории композиторони ҷавон бо Иттифоқ омадааст, ки рӯзи 9 январи соли 2016 дар сайти Озодӣ таҳти унвони “Ҳикматов: Оҳангсозони ҷавон ба иттиҳоди мо камтар таваҷҷуҳ доранд” нашр гардидааст.

Тибқи гуфтаи Қ.Ҳикматов мусоҳибаи доиршуда ба куллӣ аз мусоҳибаи сабтшуда фарқ мекунад, зеро он гуфтаҳое, ки дар сайт ба табъ расидаанд, тамоман дигар асту худи Қ.Ҳикматов гапи дигар гуфтааст. Ҳатто овозхони ҷавон Ромизи Парвиз низ эътироф кардааст, ки ин гуна суханҳоро нагуфтааст.

Тавре маълум аст, имрӯзҳо фаъолияти Иттифоқи композиторони бо ҷавонони соҳибитсеъдод ва эҷодкор назаррас арзёбӣ гардида, дар тамоми чорабиниҳои фарҳангии кишвар саҳми муносиб дорад. Бинобар ин, хоҳишмандем, ҷиҳати вокуниши амиқи масъалаи мазкур мавқеи худро муайян кунед.

Шамсиддин Орумбекзода"

Матлаби Радиои Озодӣ, ки 9 январи соли ҷорӣ нашр шуд, ин аст:

Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон 75 соли пеш маҳз дар ҳамин шабу рӯз таъсис ёфта, 58 бастакори тоҷикро муттаҳид мекунад. Аз ин теъдод танҳо 12 нафарашон оҳангсози ҷавон ташкил будаанд, ки дар панҷ соли охир ба узвияти ин иттиҳодия пазируфта шудаанд.

Қудратулло Ҳикматов, раҳбари Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон, рӯзи 9 январи соли ҷорӣ, дар рӯзи таъсиси ин иттиҳод ба Озодӣ гуфт, дар панҷ соли охир онҳо бештар аз 500 оҳангу асарҳои мусиқӣ низ эҷод кардаанд, ки аксарашон дар ҷашнҳои сатҳи давлатӣ иҷро шудаанд. Аммо ӯ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир оҳангсозони ҷавон бештар дар алоҳидагӣ ё ба таври мустақилона кор мекунанд.

“Ба мусиқиҳои кишварҳои Ғарб ва эрониву афғонӣ каме тағйирот ворид карда, ҳамчун моли худ онро ба дигар сарояндаҳо мефурӯшанд ва ҳатто ҳаққи муаллифии оҳангсозони дигарро поймол мекунанд,” – таъкид дошт ӯ.

Қудратулло Ҳикматов
Қудратулло Ҳикматов

Ба қавли раиси Иттифоқи компазиторони Тоҷикистон, аз оҳангҳои эҷодкардаи онҳо шумораи ками сарояндаҳо истифода бурдаанд. Ҳикматов аз он гила дорад, ки овозхонҳои тоҷик дар гузашта таронаҳояшонро дар ҳамоҳангӣ бо оҳангсозони ҳирфаӣ таҳия мекарданд, ҳоло холаи ҳамакора шудаанд: “Худашон матну оҳанг менависанд ва баъдан месароянд. Он таронаҳое, ки имрӯз оҳангсозони ҷавон эҷод мекунанд, лаҳзавиянд. Ҳарчанд оҳангсозони ҷавон аз технологияи нав ба хуб огоҳанд, аммо оҳангҳои оригиналӣ, ки солҳои тӯлонӣ дар хотираҳо бимонад, офарида наметавонанд. ”

Ҳарчанд ба қавли раиси Иттифоқи компазиторон, мушкили асосии соҳа дар ҳамкорӣ накардани ҷавонон бо онҳо аст, аммо оҳангсозони ҷавон ин иддаоро рад мекунанд. Ромизи Парвиз, яке аз овозхонҳои ҷавони тоҷик мегӯяд, фарқ миёни кори бастакорони мустақил ва узви Иттифоқи оҳангсозон танҳо ин будааст, ки яке бо нота эҷод мекунад, дигаре - самъӣ.

Ромиз мегӯяд, ҳарчанд таҳсилкардаи Консерваторияи миллӣ аст ва нотаро хуб мефаҳмад, аммо оҳангҳояшро ба нота ворид намекунад. “Чунки сарояндаҳо маъмулан ба оҳангҳои ғарбиву лирика шавқ доранд. Азбаски дар Иттифоқи композиторон оҳангҳои лирикӣ камтар эҷод мекунанд, сарояндаҳо низ камтар ҳамкорӣ мекунанд,” – гуфт ӯ.

Ҳар сол ҷавонони зиёд риштаи оҳангсозии мактабҳои мусиқӣ ва санъату Консерваторияи Тоҷикистонро хатм карда, аммо давоми панҷ соли оҳир ҳамагӣ 12 нафари онҳо ба узви Иттифоқи композиторон шомил шудаанд. Онҳо маъмулан мустақилона кор мекунанд. Арзиши як оҳанг дар Тоҷикистон аз ҳудуди 1000 доллар оғоз шуда, то ба се ва ҳатто чаҳор ҳазор доллар мерасад.

XS
SM
MD
LG