Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сокинони маҳаллаи УПД-и Хоруғ дар мулоқот бо раиси КДАМ, Раёсати амнияти Бадахшонро дар ноором кардани вазъи шаҳр муттаҳам карданд.

Ба гуфтаи сокинон дар ҳоле, ки дигар мақомоти қудратӣ гуфтанд, барои ҳаводиси Хоруғ касе таъқиб намешавад, вале Раёсати амният даъватномаҳои ҳар чӣ бештар барои бозпурсии ҷавонони ин маҳаллаи шаҳр равон мекунад. Ба гуфтаи сокинон, ахиран даъватномаи бозпурсӣ ба дасти ҷавононе расидааст, ки қаблан номашон дар робита бо ҳаводиси Хоруғ аслан садо надода буд.

Аммо раиси КДАМ таъқиби "беасоси" шаҳрандонро рад карда гуфт, ки бештар аз 30 нафар ба раёсат барои пурсиш даъват шуданд, вале аз ин афрод то ба ҳол нафаре боздошт нашудаст. С. Ятимов гуфт, ки ин пурсишҳо фақат барои аниқ кардани маълумотест, ки оё ин афрод воқеан бо силоҳ сари кор гирифтанд ё не, анҷом мешаванд ва ҳадафи таъқибу фишорро надоранд.


Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар тайъид кард, ки ба 20 нафар аз ин ашхос дар асоси нишондоди Шерик Карамхудоев, сокини маҳаллаи УПД, ки айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии ин сохтор қарор дорад, даъватнома фиристода шудааст. Аммо ба фикри ширкаткунандагони мулоқот ин баёнот "дар натиҷаи шиканҷаи" маҳбус ба даст омада, наметавонанд, қобили эътимод бошанд.


C.Ятимов

C.Ятимов

Ҷаноби Ятимов гуфт, ки воқеан ба боздоштшуда дар раёсати амнияти вилоят бадрафторӣ шуда, дар сараш нишонаи ҷароҳат аён буд, вале аз рӯзи интиқолаш ба боздоштгоҳи муваққатии КДАМ дар Душанбе "ҳуқуқи ин боздоштшуда пурра муроот шудааст". Вай афзуд, ки ахиран модари боздоштшуда имконияти мулоқот бо писарашро пайдо кард ва мутмаин шуд, ки ҳоли Карамхудоев дар боздоштгоҳ хуб аст. Аммо Ятимов дар мавриди иттиҳомоти куштори ваҳшиёнаи Сабзалӣ Мамадризоев аз ҷониби сарбозони гурӯҳи “Алфа”, ки тобеи Вазорати амният аст, чизе нагуфт. Ҳамзамон ӯ тасдиқ кард, ки гурӯҳи “Алфа” дар амалиёти Хоруғ 12 сарбозашро аз даст додааст.

Махдумо Паронаева, як сокини маҳалли УПД ва узви гурӯҳи 20, ки дар халъи силоҳи ҷангандаҳо дар Хоруғ ширкати фаъол доштааст, ба ҷаноби Ятимов гуфт, ки он вақт дар тавофуқ бо вазирони ниҳодҳои қудратӣ шарт ин буд, ки силоҳ агар ба таври анонимӣ супурда шавад ҳам, касе дигар ба пурсиш даъват намешавад ва ин афрод аз ҷавобгарӣ озод хоҳад буд, вале даъватномаҳои раёсати амният акнун аз нав модаронро нигарон сохтааст. Зимни муроҷиат ба Ятимов Махдумо Паронаева гуфт:

- Дар мулоқоте, ки раиси вилоят ва вазирони қудратӣ хам буданд, гуфтанд, ки ба ғайр аз 4 нафар гунаҳкорони қатли генерал, барои ширкат дар ҳаводиси рӯзи 24-ум, агар ин афрод ҷинояти пештара надошта бошанд, дигар касе таъқиб намешвад, ин суханони Шумо буданд. Мо пеши бачаҳо меомадему ҳама вақт суханони раиси вилоят ва сохторҳои қудратиро ба онҳо мерасондем. Вале ҳозир бачаҳо пеши ман омада мегӯянд, ки,"апа, ту чӣ кор кардӣ, моро чида истодаанд", ман намедонам, ки ба инҳо чӣ гӯям. Ҳамон силоҳе, ки он ҷо пайдо шуд ва онро супурданд, ман худам ҳам намефаҳмам, ки аз куҷо пайдо шуд. Ба фикрам, инҳо дигар силоҳ надоранд, агар бовар накунед, худатон кофтукоб кунеду агар дошта бошанд, бо маслиҳати пирони маҳалла месупоранд, аммо бояд тинҷӣ дигар халалдор нашаваду модарон боз ашк нарезанд. Охирназар Имумназаров изҳор дошт, ки агар онҳо силоҳ медоштанд, дар вақти ҳамла ба манзили онҳо ва куштори бародараш Имумназар онҳо, албатта, муқобилият нишон медоданд, вале азбаски силоҳро пурра таслим карда буданд, касе муқобилият нишон надод.

Намояндаи созмони ҷамъиятии «Наврӯз» изҳор дошт, ки бонувони маҳалла ба манзури рушди тиҷорати майда 9 ҳазор сомонӣ дар сандуқ гузошта буданд, аммо ин манзил пас аз рӯзи амалиёт 14 рӯз дар дасти сарбозони "Алфа" буд ва чун омаданд, сандуқро аз пулҳо холӣ ёфтанд ва аз вазир хостори мусоидат ба баргардондани ин маблағҳо шуданд.

Аммо Ятимов чунин мешуморад, ки ҳанӯз ҳам дар дасти шаҳрвандон силоҳ мавҷуд аст ва он бояд пурра супурда шавад. Вай илова кард, ки давлат вазифадор аст, бо ҳар роҳ ки бошад, амнияти шаҳарвандонашро таъмин кунад. Ба гуфтаи ҷаноби Ятимов, мардум бояд бетараф набошад ва ба ҳукумат дар ҷамъоварии силоҳ ва ҷилавгирӣ аз маводи мухаддир мусоидат кунад.

Вай гуфт, "пурсидан ин ҳуқуқи давлат аст, мо кормандони "Алфа"-ро, ки ба дуздӣ муттаҳам шуданд, агар лозим шавад, барои аниқ кардани ҳодиса даҳ бор мепурсем ва ҳамин хели дигар барои аниқ кардани далелҳо шаҳрвандони гумонбарро мепурсем, дар асоси қонун".

Аммо онҳое, ки даъватнома мегиранд, аз сӯҳбатҳое нигаронанд, ки гӯё ин даъват барои шомил карданашон ба як «рӯйхати сиёҳ» рӯй медиҳад. Ин дар ҳолест, ки мавҷудияти чунин рӯйихат аз ҷониби мақомоти қудратӣ рад шудааст.

Ба ҷаноби Ятимов ҳамчунин лозим омад, ки мавҷи интиқодро дар мавриди амалиёти рӯзи 24-уми июл таҳаммул кунад. Сокинон ба суолҳои назири "чаро дар мушкилоти дохилӣ артиш истифода шуд", "чаро ҳукумат эълон кард, ки барои боздошти 4 муттаҳами қатли генерал Назаров ба шаҳр нерӯ ворид кунад, вале ногаҳон, соати чори шаб сарбозон дар чанд самти шаҳр ба ҳуҷум гузаштанд", "чаро мақомоти вилоят пеш аз оғози амалиёт барои кӯчондани шаҳрвандони оддӣ ба ҷойҳои амн иқдом накарданд" ва амсоли инҳо аз вазири амният ҷавоб мехостанд.

Раиси КДАМ дар чанд маҳаллаи шаҳр бо сокинон мулоқот анҷом дод. Вале ба гуфтаи коршиносон, мулоқот бо сокинони маҳаллаи УПД аз ҳама «доғ» будааст. УПД яке аз маҳаллаҳои шаҳри Хоуғ аст, ки дар ҷараёни амалиёти июли имсол бештар аз дигар маҳаллаҳои Хоруғ хисороти ҷониву молӣ дидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG