Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳоле ки Рамазон Раҳимзода гуфт, Тоҷикистон барои муқобила бо ҳама гуна гурӯҳҳои ифротӣ омода аст, сарбозони раёсати қушӯнҳои умури дохилӣ як "гирдиҳамоӣ"-ро пароканда карданд.

Патрули пайраҳадорӣ дар кӯчаи "Гулистон"-и пойтахт чанд ҷавонро дар ҳолати мастӣ мушоҳида мекунад, ки бо ҳарфҳои қабеҳ ва амалҳои таҳқиромез ба ду нафар дармеафтанд. Ин патрул барои муайян кардани шахсияти авбошон ва гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ онҳоро ба шӯъбаи умури дохилӣ интиқол медиҳад. Бо гузашти муддате теъдоде аз ҷавонон бо талаби раҳоии боздоштшудаҳо дар назди шуъба бо нишони эътироз ҷамъ меоянд ва тақозо мекунанд, ки сардори шӯъба ин сабаби боздоштро шарҳ диҳад.

Баъдан ин тазоҳургарон, ки тақрибан 200 нафарро ташкил медоданд, ба назди бинои ҳукумат мераванд ва кормандони онро таҳқир намуда, шиорҳои зиддиҳукуматӣ дармедиҳанд. Низомиёни қисми 5453-и қушӯнҳои дохилӣ барои ҷорӣ кардани низом ба майдон ворид мешаванд, эътирозгаронро пароканда ва роҳбарони ошӯбгаронро ба шуъбаи корҳои дохилӣ мебаранд.

Раҳбарони тазоҳургарон, ки дар бинои истиқоматии воқеъ дар кӯчаи Сино панаҳ бурда, ҷараёни бетартибиҳоро идора мекарданд, аз ҷониби гурӯҳи таъиноти махсуси қисми ҳарбии 3502-и қушӯнҳои дохилии ВКД дастгир ва безарар гардонда мешаванд. Дар ин миён барои озод намудани ин раҳбарон як гуруҳи дигари эътирозгарон ба бинои заводи кимиёӣ даромада, 50 коргарро гаравгон мегиранд. Дар амалиёти махсус ин гурӯҳи террористон нобуд карда мешаванд ва гаравгонҳо озод мегарданд. Ҳамчунин қароргоҳи террористон дар минтақаи Ҷангалак безарар гардонида мешавад.

Чунин буд сенарияи тамрини тактикӣ ва амалии гурӯҳҳои таъиноти махсуси қушӯнҳои вазорати умури дохилӣ, ки рӯзи 11 апрел дар қисми низомии 3502-и раёсати қушӯнҳои корҳои дохилӣ ба намоиш гузошта шуд. Раҳбарии ин қисми низомиро дар гузашта генерали марҳум Сӯҳроб Қосимов бар ӯҳда дошт ва ҳоло ин вазифаро майор Сӯҳроб Раупов ба зимма гирифтааст.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон баъд аз тамошои тамрин ба он баҳои баланд дод ва гуфт, чунин тамринҳо барои мубориза бо гурӯҳҳои муташаккил нақши муҳим доранд. Ҷаноби Раҳимзода афзуд, "он таҳдидҳое, ки мо имрӯз мушоҳида мекунем, аз

қабили терроризм, экстримизм ва дигар намудҳои ифротгароӣ водор мекунад, то ин гуна машқҳои амалӣ ва тактикиро баргузор карда, дар ҳолати омодабош қарор бигирем. Чунки ҳама намуди ҷиноятҳои муташаккил аз ҳамин гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ва талаботи ғайриқонунӣ нисбат ба миллату давлат сар мешавад."

Вазири умури дохилӣ аз ҷумла афзуд, Тоҷикистон барои муқобила бо ҳама гуна гурӯҳҳои ифротӣ омода аст ва ин хатарҳо на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Ӯ инчунин барои дар сатҳи баланд гузарондани ҳамин гуна тамринҳо бо вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин, ки дар моҳи июн дар назар гирифта шудааст, ба роҳбарияти сарситод, фармондеҳи қушӯнҳои дохилӣ ва ситоди ВКД дастур дод.

Дар зимн вазири умури дохилии Тоҷикистон нақши қушӯнҳои дохилиро дар мубориза бо ҷинояткорӣ бузург арзёбӣ карда, гуфт, "ҳарчанд таъсисёбии қушӯнҳои дохилӣ таърихи дурудароз надорад, аммо аҳамияту зарурати он дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарори давлат исботи худро ёфт. Имрӯз ҳамаи шароитҳое, ки барои меъёрҳои ҷаҳонӣ лозим аст, аз тарафи роҳбари давлат ба қисмҳои ҳарбии қушӯнҳои дохилӣ фароҳам оварда шудааст. Мо ҳисоб

кардем, дар ду соли ахир президент беш аз 10 бор аз ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ боздид кард. Ин, албатта, моро водор месозад, хубу беҳтар хизмат кунем ва ватанамонро аз ҳар гуна гуруҳҳои ҷиноятии муташаккил ҳимоят намоем."

Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, дар даъвати мавсимии имсола ба хидмат теъдоди онҳое, ки маҳз дар қушӯнҳои дохилӣ мехоҳанд хидмат кунанд, хеле зиёд аст.

Далели онро масъулони ин ниҳод дар шароити хуби хидмат ва дар оянда пайдо кардани имтиёз барои кор дар ин мақомот арзёбӣ менамоянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG