Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юани Чин панҷумин асъори захиравии ҷаҳон шуд


Сандуқи Байналмилалии Пул аз 1 октябр юан – пули миллии Чинро ба ҳайси панҷумин асъори пурнуфуз ва пешгоми ҷаҳон эътироф кард ва ин рӯйдодро “ҳодисаи муҳими таърихӣ” номид. Кристин Лагард, роҳбари Сандуқи Байналмиллалии Пул рӯзи 30 сентябр гуфт, боло рафтани қурби юан ин эътирофи пешрафти Чин дар амри ислоҳоти низоми молиявӣ ва ба дувумин иқтисоди ҷаҳон табдил ёфтанаш аст.

Чин як маъракаи давомдореро барои ворид кардани асъораш ба сабади қарзии Сандуқи Байналмилалии Пул пеш гирифта буд. То ҳол ин сабад аз асъорҳое мисли доллари Амрико, евро, йенаи Ҷопон ва фунти Бритониё иборат буд. СБП аз захираи асъории ин сабад барои ироаи қарзҳои таъҷилӣ истифода мебарад. Инчунин, кишварҳои узви СБП аз ин сабад ҷиҳати тақвият додани қурби асъори худ метавонанд истифода кунанд.

Шӯрои иҷроияи Сандуқи Байналмилалии Пул баъди он ба ворид шудани юан ба ин сабад ризоят дод, ки муайян шуд юан дар тиҷорати байналмилалӣ “истифодаи озод” дорад. Ин яке аз меъёрҳои эътироф шудани пул ҳамчун асъори захиравӣ аст. Бо ин вуҷуд Ҷек Лю, вазири молияи Амрико дар ин ҳафта гуфт, барои ба асъори воқеии захиравии ҷаҳонӣ эътироф шудани юан “роҳи дарозе” дар пеш аст, то ки он дар тиҷорати байналмилалӣ бештар мавриди истифода қарор гирад.

XS
SM
MD
LG