Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири энержии Афғонистон гуфт, ки кишвараш аз тарҳи CASA-1000 барқ нахоҳад гирифт ва танҳо нақши кишвари мунтақилкунандаи барқ ба Покистонро иҷро хоҳад кард.

Афғонистон дар як ҳамоиши байналмилалии марбут ба хатти интиқоли барқи CASA-1000 дар Душанбе эълон дошт, ки аз ин хат нерӯи барқ намегирад ва танҳо ба ҳайси як кишвари мунтақилкунандаи барқ ба Покистон дар ин тарҳ ширкат мекунад. Алӣ Аҳмад Усмонӣ, вазири энергетика ва обтаъминкунии Афғонистон, дар ҳамоиши байналмилалӣ дар бораи тарҳи CASA-1000 дар шаҳри Душанбе баъд аз зуҳри рӯзи 11 май гуфт, кишвараш тасмим гирифт, аз ин хати баландшиддат барқ нагирад, чунки худаш мехоҳад, бо сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ мустақилона худро бо нерӯи барқ таъмин кунад.

Вай афзуд: “Агар мо аз нерӯи барқи CASA-1000 истифода мекардем, барои солҳои дароз мо бояд вобастаи барқи кишварҳои Осиёи Миёна мешудем. Дар сурате, ки мо худ аз захираҳои хеле саршори нерӯи барқ ва сармоягузорӣ бархурдорем. Мо ҳоло дар Афғонистон як плоне дорем, ки бояд ба самти худкифоии энержӣ бирасем”.

Усмонӣ афзуд, барои он ки Афғонистон аз нерӯи барқи ин хат баҳраманд шавад, таҷҳизоти хоси конвертор ва ё таҷҳизоти табдили нерӯи барқи доимӣ ба тағйирёбанда насб мешуд, ки нархи гарон дошт ва хароҷоти лоиҳаро гаронтар мекард. Вазири афғон гуфт, аз ин рӯ кишвараш аз ин кор даст кашид ва дар ин тарҳ танҳо ба унвони кишвари интиқолдиҳандаи нерӯи барқ ширкат мекунад.

Тибқи тарҳи қаблии CASA-1000 аз 1300 мегаватт нерӯи барқе, ки тариқи ин хат аз Осиёи Миёна интиқол меёбад, Афғонистон бояд ҳадди ақал аз 300 мегаватти он бархурдор мешуд.

“Агар имкони фаннӣ пайдо шуд, мо ин 300 мегаватт нерӯи барқро тариқи хатҳои мавҷуда аз Тоҷикистон дастрас мекунем. Агар ҳам ки нашуд, мо ҳоло аз Туркманистон як хатти баландшиддати 500 киловолт сохта истодаем ва агар бо ин кившар ба мувофиқа расем, аз он ҷо нерӯи барқ харидорӣ мекунем”.- афзуд, вазири афғон.

Вазири энергетика ва обтаъминкунии Афғонистон гуфт, ин ки бархе ҷонибҳо аз амнияти хати CASA-1000 нигаронӣ мекунанд, вале ин нигарониҳо "беҳуда аст, чунки мардуми Афғонистон ба бунёди ин хат ҳавасманд ва манфиатдор аст". Ба эътиқоди Усмонӣ суде, ки аз иҷрои ин тарҳ ба даст меояд, қисмате ба нафъи рушди ҷомеаҳои шафати ин хати барқ истифода хоҳад шуд. Ба таъкиди Усмонӣ, Афғонистон дар маҷмӯъ солона аз интиқоли барқ ба Покистон 45 миллион доллар фоида хоҳад дид.

Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ, ки бо ширкати вазирони обу энергетикаи Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва муовини вазири рушди иқтисоди Қирғизистон баргузор шуд, ҷузъиёти иҷрои тарҳи CASA-1000 шарҳ дода шуд.

Сунил Хосла, раҳбари лоиҳаи CASA-1000 аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ, ки аз сармоягузорини асосии ин тарҳ низ ҳаст гуфт, барои танзими кори ин хат як суратҳисоби вежаи бонкӣ боз хоҳад шуд. Вай афзуд: “Мо ба мувофиқа расидем, ки дар бонки як кишваре, ки шомили ин тарҳ набошад, суратҳисоб боз кунем. Пули тамоми сармоягузорони тарҳ дар он ҷамъоварӣ шуда аз он ҷо хароҷоти сохтмон пардохт мешавад. Баъди он ки ин хат ба кор даромад, доду ситади байни кишварҳо низ тариқи ҳамин суратҳисб иҷро мешавад.”

Қарор аст рӯзи панҷшанбе, 12 май дар шаҳри Турсунзода бо ширкати раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, Навоз Шариф, нахуствазири Покистон ва Абдулло Абдулло, раиси ҳукумати иҷроияи Афғонистон татбиқи тарҳи СASA-1000, ки интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро дар назар дорад, оғоз шавад.

Сармоягузорони аслии ин тарҳ Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд, Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои саҳмгузорӣ дар бунёди хатти интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон изҳори омодагӣ кардаанд. Дар назар аст, дар марҳилаи аввали бунёди CASA-1000 хатти интиқоли нерӯи барқи 500-киловаттӣ аз Даткаи Қирғизистон то Хуҷанди Тоҷикистон сохта ва системаи энержии ин ду кишварро ба ҳам пайваст кунад. Сипас, аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва тавассути ин кишвар ба шаҳри Пешавари Покистон хатти интиқоли нерӯи барқ бунёд хоҳад шуд. Арзиши умумии тарҳи CASA-1000 ҳудуди 1 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG