Пайвандҳои дастрасӣ

Милисаҳои тоҷик ба дарвозаи қазоқҳо 2 гол заданд (ВИДЕО)


Сабқати мини-футбол байни ниҳодҳои қудратӣ

Сабқати мини-футбол байни ниҳодҳои қудратӣ

Дастаҳои футболи хурди сохторҳои қудратии Тоҷикистону Русия ва Қазоқистону Қирғизистон нахустин бор дар Тоҷикистон, дар Қайроққум субҳи сешанбеи 19-уми май вориди сабқат шуданд.

Ин мусобиқаи мини - футбол дар чаҳорчӯби кишварҳои узви Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсози ҷамъиятҳои “Динамо” – ивазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баргузор мегардад. Аслидини Шоҳиён, муовини аввали раиси ин Шӯро дар Тоҷикистон, майори милиса, устоди варзиши дараҷаи байнулмилалӣ гуфт, ки ин мусобиқа ба хотири ошноии наздик ва таҳкими дӯстиву ҳамкорӣ байни мақомоти ниҳодҳои қудратии ин давлатҳо, ба хусус – тақвияти ҳамкориҳо дар бахши варзиш сурат мегирад. Ба гуфтаи вай, ба Шӯрои мазкур ба ҷуз чаҳор кишвари дар мусобиқа ширкаткунанда инчунин Узбакистон, Туркманистон ва Беларус низ шомиланд ва ба ин мусобиқа расман даъват шуданд, вале ба сабаби “қаблан барномарезӣ надоштан” ин кишварҳо бо дастаҳои худ ҳозир нашуданд.

Баргузории ин мусобиқаи байнулмилалии мини - футбол дар ҳолест, ки имрӯз размоиши низомии нерӯҳои вокуниши сареи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон” воқеъ дар ноҳияи Қубодиён, ба поён расид. Ин размоиш дар се рӯзи ахир дар манотиқи марзии навоҳии Шаҳритус то ноҳияи Дарвозро дар бар гирифт ва ҳадафи аслии он, муқобилияти муштарак дар баробари ҳамлаи ногаҳонии гурӯҳҳои террористӣ аз ҷониби Афғонистон буд.

Ҳамчунин рӯзи чоршанбеи 20-уми май котибони Шӯрои амнияти ин ниҳод дар Қайроқум муҳимтарин масълаҳои марбут ба амнияти минтақа ва авзоъ дар Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард. Зимнан, шиори мусобиқа “варзиш алайҳи маводи мухаддир” ба дигар мушкили умдаи минтақаи Осиёи Марказӣ ишора дорад, ки чун як ҷодаи аслии қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон, шинохта мешавад.

Ба назар мерасад, мушкилоти ягона ва умумӣ, мақомоти кишварҳои узви ин созмонро ба ёди ҳам меандозад ва дар чорчӯби ҳамкориҳо дар дигар созмони марбути ин кишварҳо дар канори размоиш барои мусобиқаи варзишӣ низ ба ҳам меоянд. Вале Узбакистон ва Белорус аз чанд сол қабл амалан аз фаъолияти ин созмон канор рафта, дар размоишҳои қаблии он иштирок надоштанд.

Калижон Шонгарбаев, муовини сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Жамбули Қазоқистон, ки ҳайъати варзишгарони ин кишварро муарриӣ мекард, дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон чунин гуфт: “Ин вохӯрӣ, ин мусобиқа ман фикр мекунам, ҳукумат ва халқҳои моро дар мубориза бо ҷинояткорӣ ба ҳам наздиктар мекунад. Ва чунин мулоқоту мусобиқаҳо ба рӯҳияву ҷаҳонбинии ҳайъатҳои шахсии ниҳодҳои мо низ таъсири мусбат мерасонад.”

Қирғизистон танҳо кишварест, ки бо Тоҷикистон робитаи нисбатан мустақкам ва доимӣ дорад. Пештар мақомоти пулиси Бодканд бо дастаи футболи худ ба Хуҷанд ҳозир шуда, қувваозмоӣ карда буданд. Ҳамчунин дар ноҳияи бо Бодканд ҳаммарзи Исфара дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз гӯштигирону аспдавонҳои ҳар ду ҷониб мусобиқаҳо доир мекарданд. Арстан Усанов, муовини сардори раёсати корҳои дохилии Бодканд, ки дастаи футболи Қирғизистонро намояндагӣ мекард, дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт:

“Ман аз номи вазири дохилии Қирғизистон ба мақомоти вазорати дохилии Тоҷикистон, ки бо баргузории ин мусобиқа барои мо имкони дидору суҳбат ва муобиқа бо ҳамтоёни русу қазоқамон фароҳам карданд, миннатдорӣ баён мекунам. Ба назари ман, ин на танҳо як мусобиқаи футбол аст, балки баёнгари ҳусни муносибати тарафайн низ ҳаст. Ин на танҳо бурди варзишу варзишгарони мост, балки ин як бурди калони фаротар аз варзиш аст.”

Вале дастаи вазорати дохилии Русия дар чунин мусобиқа дар Тоҷикистон барои бори аввал ширкат мекунд. Дасти ин кишварро Гайсин Салават, подполковники милиса ва муовини раҳбари ҷамъияти “Динамо” аз шаҳри Қазони Тотористон муаррифӣ мекард. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Мо субҳи имрӯз аз Маскав ба Хуҷанд омадем. Ва ин ҷо дидани борону чеҳраҳои гарму пуртабассуми мизбонон бароямон хеле хуш буд. Ман фикр мекунам, ингуна мулоқоту мусобиқаҳо моро ба ҳам наздиктар мекунад, аз таҷриба мегӯям, ки баъди чунин мусобиқаҳо байни мо баъди муоширату мусобиқаҳо риштаи дӯстӣ барқарор мешавад. Чунки мо як замон дар давраи шӯравӣ як халқ будем ва ман итминон дорам, ки бо вуҷуди пайдо шудани баъзе саддҳо, мо бо ҳам хоҳем буд ва касе наметавона моро аз ҳам ҷудо кунад.”

Дар аввалин бозии байни дастаҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон мизбонон ба дарвозаи футболбозони қазоқ ду гол зада, бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуданд. Зимнан, аввал меҳмонон дар нимаи аввали бозӣ тӯбро ба дарвозаи ҳарифони худ ворид карданд, вале сипас ҳамлаҳои пай дар пайи дастаи Тоҷикистон ба онҳо дигар маҷоли боло бурдани ҳисобро надод ва ба 2 голи задаи мизбонон дигар натавонистанд посух диҳанд.

Дар ин мусобиқа 9 даста, як дастаӣ аз Русияву Қазоқистону Қирғизистон ва 6 тим аз мақомоти интизомиву қудратии Тоҷикистон ширкат доранд. Бозиҳо дар варзишгоҳи маркази солимгардонии кӯдакон ва навҷавонони “Шоҳин” аз 19 то 22 май идома хоҳад дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG