Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

72 дар сади русҳо ба манъи "аборт" мухолифанд


Намоиши эътирозии зидди "аборт" дар Лаҳистон
Намоиши эътирозии зидди "аборт" дар Лаҳистон

72 дар сади сокинони Русия ба манъи комили сақти ҷанин ё "аборт" назари манфӣ доранд. Ин рақамро Маркази омӯзиши афкори умум дар саросари Русия нашр кардааст. Ба муқобили манъи сақти ҷанин 18 дар сади мардҳо ва 26 дар сади занҳо овоз додаанд.

Ҳамчунин 70 дар сади пурсидашудаҳо аз пешниҳод лағви "аборт" аз бимаи ҳатмии беҳдоштӣ пуштибонӣ накарданд.

Бахши умдаи пурсидашудаҳо дар ин назарсанҷӣ оқибати манфии манъи "аборт"-ро зикр карданд. Аз ҷумла, 31 дар сад гуфтанд, ки манъи сақти ҷанин ба афзоиши абортҳои пинҳонӣ мебарад. 13 дар сади дигар гуфтанд, ки ин теъдоди кӯдакони хиёбониро афзоиш медиҳад, 11 дар сади дигар бар ин боваранд, ки манъи сақти ҷанин сатҳи маргу мирро афзоиш медиҳад.

Моҳи сентябр усқуф ё патриархи Маскав ва кулли Русия Кирилл дар зери талабномаи манъи сақти ҷанин имзо гузошт. Ба дунболи патриарх ваколатдори ҳуқуқи кӯдак, Анна Кузнетсова низ бар зидди сақти ҷанин назар дод. Ноиби нахуствазир Олга Голодетс мегӯяд, пеш аз манъи сақти ҷанин аввал бояд заминаҳое омӯхта шаванд, ки занҳоро ба "аборт" водор мекунанд.

XS
SM
MD
LG