Пайвандҳои дастрасӣ

Давлати Тоҷикистон қасд дорад, бо анҷоми як ислоҳот то соли 2020 милисаро ба пулис табдил диҳад.

Масъулони вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ислоҳоте, ки онҳо рӯи даст гирифтаанд, танҳо ивази номи милиса бо пулис набуда, тағйироти бунёдиро дар пай дорад. Масоили марбут ба ин ислоҳот рӯзи 27 ноябр дар Душанбе дар анҷумане таҳти унвони “Мушкилоти мубрами ислоҳоти мақомоти корҳои дохила” баҳс шуд. Дар ин нишаст мақомоти баландпояи Тоҷикистон, бо шумули вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саидмӯъмин Ятимов, ва намояндагони сафоратҳои хориҷӣ ширкат карданд.

Алӣ Бобоназарзода, ҳамоҳангсози миллии барномаи ислоҳоти милиса дар Вазорати корҳои дохилӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин барнома панҷ солро дар бар гирифта, қарор аст, соли 2020 ба анҷом расад. Вай афзуд: “Ин барнома аз се қисмат иборат аст. Нахуст - давраи омода кардани ҷамъбаҳои ҳуқуқии ислоҳот аст. Мо соли ҷорӣ ба ин машғул будем ва соли оянда ба муҳокима ва қабули қонунҳо машғул хоҳем шуд. Баъдан марҳилаи иҷрои он фаро мерасад.”

Бобоназарзода афзуд, милисаи тоҷик бояд зина ба зина то соли 2020 барои табдил ёфтан ба пулис омода шавад.

Барномаи ислоҳоти милисаи тоҷик, ки бо пуштибонии молии ва машварати САҲА сурат мегирад, наздиктар кардани милиса ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва эҳёи эътимоди мардум ба кормандони ин ниҳодро ба ҳадаф дорад.

Рамазон Раҳимзода

Рамазон Раҳимзода

Дар доираи ин ислоҳот масъули робита бо ҷомеа − воҳиди нави корӣ дар идораи Вазорати корҳои дохилӣ ва шӯъбаҳои он дар манотиқ таъсис дода мешавад. Дар сурати иҷрои ин ислоҳот мушовири вазири корҳои дохила доир ба робита бо ҷомеа ва ёварони роҳбарони милиса дар минтақаҳо оид баробита бо ҷомеаи ба кор шурӯъ хоҳанд кард. Меъёрҳои пазируфта шудан ба кор дар сафи милиса низ тағйир хоҳад кард. Тибқи барномаи ислоҳот аз ҳисоби ақалиятҳои миллӣ ва занон низ ҳатман як теъдоди муайян бояд ба кор дар сафи милиса пазируфта шаванд.

Дар ниҳоят, биноҳои шӯъбаҳои корҳои дохила дар маҳалҳо низ бозсозӣ мешавад. Тибқи барнома, утоқи нигоҳдории боздошт ваё гумонбаршудагон бояд шаффоф бошад ва дар он дурбинҳои назоратӣ насб карда хоҳанд шуд, ки ҷараёни бозпурсии шахси гумонбаршударо сабт мекунад. Ин ислоҳот ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои зарбу лат ва шиканҷаи афроди гумонбаршуда дар боздоштгоҳҳои муваққат рӯи даст гирифта шудаст.

Шиканҷаву бадрафторӣ аз масоили бадномкунанда барои мақомоти интизомии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар солҳои охир чанд қазияи пурсарусадои марбут ба шиканҷа, аз ҷумла марги мармузи Умедҷон Тоҷиев, Ҳамза Икромзода, Исмоил Бачаҷонов, Низомиддин Ҳомидов, Саймурод Орзуев, Сафаралӣ Сангов ва Баҳромиддин Шодиев, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, бар асари бадрафторӣ дар боздошт ҳалок шудаанд, расонаӣ шуд. Дар соли 2013 дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банди вижаи шиканҷа дохил карда шуд, вале дар ду соле ки гузашт, танҳо як нафар – Машраф Алиев, як нозири милиса аз ноҳияи Ёвон – бо ин ҷурм маҳкум ба зиндон шудааст.

Ҷамила Ҳусейнова, хабарнигор ва узви Шӯрои ҷамъиятии назди Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, барномаи ислоҳоти пулис дар сурати пурра иҷро шуданаш системаи милисаро ба куллӣ тағйир хоҳад дод. Вай афзуд, таъсиси шӯрои ҷамъиятӣ дар назди Вазорати корҳои дохила низ ҷузве аз ислоҳоти милиса аст, аммо мақомот тавсияҳои ин шӯроро ҳанӯз чандон ба инобат намегиранд.

Вай афзуд: “Аъзои шӯрои ҷамъиятӣ ҳуқуқдонҳои варзида ва собиқадорони милисаанд. Аммо вақте мо ҷамъ мешавем ва тавсияву хулосаҳоямонро ба вазорат пешниҳод мекунем, ин тавсияҳо ба пуррагӣ иҷро намешаванд.”

Хонум Ҳусейнова афзуд, ислоҳоти милиса танҳо дар сурати иродаи қавии сиёсӣ ва маблағгузории кофӣ имконпазир хоҳад шуд. Дар ғайри ин, шояд ин барнома дучори бунбаст шавад, афзуд ӯ.

Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо 8-уми апрели соли 2011 ёддошти ҳусни тафоҳумеро дар бораи ислоҳоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба имзо расонида буданд. Ин ҳуҷҷат 8 феврали соли 2012 аз сӯи парлумон ба имзо расид ва ҳукми санади байналмилалиро гирифт, ки иҷрояшро барои Тоҷикистон ҳатмӣ гардонид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG