Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар марҳилаи ниҳоии размоиши -- “Ҷустуҷӯ-2016”, “гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва террорист, ки вориди Тоҷикистон шудаанд”, тавассути ҳавопаймоҳою чархболҳои ҷангӣ ва неруҳои заминӣ нобуд шудаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 22-юми апрел марҳилаи ниҳоии размоиши муштараки неруҳои кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) дар машқгоҳи “Мағоб” анҷом шуда, дар ҷараёни он ҷузъу томҳои мухталифи иктишофӣ (разведка) аз неруҳои радиоэлектронӣ то ҳавоӣ, ширкат кардаанд.

Тибқи барномаи размоиш, низомиёни бахши иктишоф ва неруҳои вижа аз ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ ба корвони кумакҳои башардӯстона ҷилавгирӣ карда, ба урдугоҳ ва ситоди гурӯҳи ғайриқонунӣ неруҳои чатрбоз фуруд омадаанд ва гурӯҳҳои ақибнишастаи “душман”-ро тирборон кардаанд. Ҳамзамон, мутахассисони иктишофи беҳдорию эпидемологӣ маҳали сукунати аҳолӣ ва манобеи оби ошомиданиро ташхис ва безарар гардондаанд.

Дар амалиёти зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва террористӣ неруҳои ҳавоӣ бо шумули як ҳавопаймои ҷангӣ ва ду чархболи МИ-24, неруҳои чатрбоз ё десантӣ, кӯҳнавардӣ ва зиддиминавию таҷҳизоти радиоэлектронӣ ширкат доштанд. Ин неруҳо амалиёти ба муҳосира гирифтани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар шароити кӯҳистонро ба намоиш гузоштанд.

Размоиш, ки зери назари вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва Сардори ситоди СПАД генерал-полковник Анатолий Сидров сурат гирифт ва 35 дақиқа идома ёфт.

Ҷаноби Сидров баъди анҷоми размоиш гуфт, ин амалиёт алайҳи гурӯҳи душмани рамзӣ сурат гирифта ва ба воқеъият хеле наздик аст. Ӯ гуфт: “Ҷаҳони имрӯз ноором аст, бахусус минтақаи Осиёи Марказӣ. Барои муқобала бо таҳдидҳои эҳтимолӣ ба мо муяссар шуд, ки дар ин размоиш аз тамоми навъҳои неруҳои иктишофӣ истифода намоем. Аз неруҳои иктишофии заминӣ сар карда, то иктишофи кайҳонӣ. Боз мехостам таъкид кунам, ки неруҳои кишварҳои узви СПАД ин ҷо тавонистанд таҷрибаи зери фармони як нуқтаи идоравии воҳид кор карданро пайдо кунанд, ки ин хеле муҳим аст. Таҷрибаи ҳамоҳангона фаъолият карданро омӯхтанд”.

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифоъи Тоҷикистон, барогузории чунин тамриноти низомии муштаракро барои омодагии ҷангии сарбозону афсарони артиши кишвар ва ҳамоҳангсозии усулҳо ё тактикаи ҷангии неруҳои кишваҳои узви СПАД алайҳи гурӯҳҳои террорист муҳим хонд.

Фаридун Маҳмадализода

Фаридун Маҳмадализода

Ӯ гуфт: “Бояд неруҳои мусаллаҳи кишвар барои муқобала бо ҳар таҳдиди эҳтимолӣ омода бошанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки “хоҳони сулҳ бошӣ ба ҷанг омода бош”. Дар тамринот таҳдидҳои эҳтимолӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта ва алайҳи ин таҳдидҳо ҷораҳо тарҳрезӣ шуданд. Пӯшида нест, ки вазъият дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ноором буда, дар ин кишвар муноқишаҳо идома доранд. Ин вазъ моро водор мекунад, ки барои ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми худ омода бошем. Тоҷикистон дарвозаи ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда ва дар ин мубориза Тоҷикистон танҳо нест”.

Ҷаноби Маҳмадализода дар мавриди далели дар манотиқи кӯҳистонӣ баргузор шудани тамриноти муштараки низомии кишварҳои узви СПАД гуфт, ки умдатан гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва террорист ба манотиқи душворгузари кӯҳистонӣ паноҳ бурда ва пойгоҳи худро бунёд мекунанд. Дар ҷараёни тамриноти муштараки низомӣ ҳудуди 100 усул ё тактикаи амалиёти ҷангӣ алайҳи гурӯҳҳои террорист дар манотиқи кӯҳистонӣ тамрин шуд.

Размоиши неруҳои кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастиҷамъӣ рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ дар маркази омӯзишии "Мағоб" воқеъ дар дараи Ромит ва тамрингоҳи "Лоҳур" дар ноҳияи Рӯдакӣ оғоз ёфт. Дар ин тамринҳо 1500 сарбози ниҳодҳои раҳбарикунанда ва ҷузъу томҳои иктишофии артишӣ, махсус, радиоэлектронӣ, ҳавоӣ ва намудҳои дигари воҳидҳои иктишофии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ширкат доранд.

Ин тамрин бо мақсади беҳбуди низоми ҷамъоварӣ, таҳлил ва коркарди иттилои иктишофии артишҳои кишварҳои узви СПАД анҷом дода мешавад. Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастиҷамъӣ, ки дар оғози тамринҳо иштирок дошт, баргузории машқҳои якҷояро дар шароити, ба қавли ӯ, тағйирпазири ҷаҳон муҳим хонд. ​

Созмони паймони амнияти дастиҷамъӣ дар соли 1999 ташкил шуда, ба узвияти он Русия, Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Белорус шомиланд. Узбакистон дар соли 1999, дар авҷи гармии муносибатҳояш бо Ғарб ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико СПАД-ро тарк кард.

XS
SM
MD
LG