Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марҳилаи аввали размоиши низомии кишварҳои узви СПАД дар манотиқи марзӣ бо Афғонистон, ки аз ноҳияи марзии Шаҳритуси Хатлон то Дарвози Бадахшонро фаро гирифт, поён ёфт.

Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, ки марҳилаи аввали размоиши низомии кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар манотиқи марзӣ бо Афғонистон, ки аз ноҳияи Шаҳритус то Дарвозро фаро гирифт, бомувафақият анҷом ёфт ва натиҷаи ҳамоҳангсозии нерӯҳои муштарак дар баробари душман дар самти Афғонистон, дар марҳилаи баъдии машқи низомӣ рӯзи 19 май дар “Ҳарбмайдон”-и вилояти Хатлон баррасӣ хоҳад шуд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 18 май ба Радиои Озодӣ гуфт, размоиши нерӯҳои кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастиҷамъӣ тайи се рӯзи ахир дар манотиқи марзии навоҳии Шаҳритус то ноҳияи Дарвозро дар бар гирифт ва ҳадафи аслии он, муқобилияти муштарак дар баробари ҳамлаи ногаҳонии гурӯҳҳои террористӣ аз ҷониби Афғонистон буд.

Сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон афзуд, маълум аст, ки гурӯҳҳои террористӣ дар сурати ҳамлаи ногаҳонӣ ба хоки Тоҷикистон танҳо ва фақат аз як нуқта ворид намешаванд ва эҳтимол дорад аз чанд минтақа ҳамла сурат бигирад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи оқои Маҳмадалиев, машқи низомӣ бо ҳамоҳангсозии муштарак ҳамаи навоҳии ҳаммарз бо Афғонистон -- Шаҳритус, Панҷ, Ҳамадонӣ, Фархор, Шӯробод то ноҳияи Дарвозро фаро гирифт ва хатти дифоӣ мушаххас карда шуд, ки дар сурати ҳамлаи ногаҳонӣ бо истифода аз ин мавқеъ мешавад душманро зад ва ба ақиб андохт.

Фаридун Маҳмадалиев меафзояд марҳилаи аввал размоиши неруҳои кишварҳои узви СПАД дар навоҳии марзӣ бо ширкати 2000 нафар аз ҷузъу томҳои кишварҳои узв анҷом ёфт ва рузи 19 май марҳилаи дуввум оғоз мешавад,ки фармондеҳони ҷузъу томҳо дар Ҳарбмайдон ҷамъ омада, натиҷаи машқиҳои низомии муштаракро баррасӣ хоҳанд кард ва рӯзи 21 май дар назар аст, онҳо ба кишварҳои худ баргарданд.

Дар Ҳарбмайдон пеш аз ҳама хатти дифоӣ ва мавқеъи ҷангие, ки дар навоҳии марзӣ барои муҷобила бо душмани эҳтимолӣ ва вокунин сареъ дар сурати ҳамла мушаххас карда шуд мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи Ҷаноби Маҳмадалиев, рӯзи сешанбе дар “Ҳарбмайдон”-и вилояти Хатлон натиҷаи ин машқи низомӣ баррасӣ карда мешавад, ки дар ҷараёни он вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ширкат хоҳад кард.

Тамрини низомии нерӯҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар манотиқи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳолест, ки ахиран вилоятҳои шимолии Афғонистон нооромтар шудаанд ва ҳамакнун дар вилоятҳои Қундуз, Тахор ва Бадахшони ҳаммарз бо Тоҷикистон дар миёни Толибон ва нерӯҳои давлати Афғонистон даргириҳои шадид идома доранд.

Як мояи нигаронии мақомоти кишварҳои Осиёи Миёна ин аст, ки дар сафҳои Толибон ҷангиён аз кишварҳои Осиёи Миёна ҳузур доранд ва ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки доманаи даргириҳо ба ин сӯи марз густариш биёбад. Ин аст, ки таҳлилгарон мегӯянд, як сабаби баргузор кардани тамринҳои СПАД дар қаламрави Тоҷикистон ҳам хатарҳои эҳтимолии ношӣ аз Афғонистон аст.

Моҳи декабри соли гузашта дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД дар Маскав, раёсати даврии ин созмон дар соли 2015 бар ӯҳдаи Тоҷикистон вогузор гардид. Ба ҷуз Тоҷикистон, Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви СПАД мебошанд. Аз замони таъсисаш дар соли 1992 ин нерӯ дар ҳалли ҳеҷ як аз низоъҳои минтақавӣ иштирок накардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG