Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 138 кас ҷон бохтанд


Тақрибан 140 шаҳрванди Тоҷикистон дар соли гузашта дар пайи ҳодисаҳои табиӣ ҷон бохтаанд. Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 19 январ гуфтанд, аз ин ҳисоб 58 нафарашон афроди зери синни ҳабдаҳ буданд. ​Рустами Шоҳиён, муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, гуфт, бар асари об шудани пиряхҳо дар Рашт, Бадахшон ва бар асари омадани сел дар ноҳияи Рудакӣ ва Ҳисору Панҷакент ва Ашт ба сокинон зарари ҷиддӣ ворид шуд.

"Ҳукумати Тоҷикистон барои барқарор кардани манзилҳо ва кумак ба сокинони осебдида 4 миллиону 555 ҳазор сомонӣ ҷудо кард ва аз 101 манзили зисте, ки комилан тахриб шуда буд, ҳудуди 70 хона дубора сохта ва ба истифода дода шуд", - афзуд ӯ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҳоли ҳозир дар ихтиёри худ 34 техника ба монанди ҳарҷогард (вездеход), трактор, автобусҳои кӯчак ва мошинҳои вазнин дорад. Хуршед Гадоев, сардори раёсати фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, феълан ин кумита дар ихтиёри худ чархбол надорад ва дар сурати пеш омадани мушкил, онро аз вазорати дифоъ дархост мекунад.

Вай афзуд, "ҳоло Кумита барои тақвияти имкони фаннии худ аз Русия шумори зиёди технология, ба мисли мошини борабардор ва техникаҳои дигар дарёфт хоҳад кард". Дар ҳоли ҳозир Кумитаи ҳолатҳои фавқулода харитаи минтақаҳои хатарнок ва махсусан хатарзоро тартиб додааст, ки бар асоси он, 400 минтақа мушаххас шудааст.

XS
SM
MD
LG