Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Артиши Тоҷикистон то куҷо барои рафъи хатарҳо омода аст?


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Дар гузориши “Тавозуни низомӣ-2016” нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз нигоҳи имконоти низомӣ маҳдуд ва тавони муқобилааш бо чолишҳои амниятӣ заиф арзёбӣ шудааст.

Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолиоти стротегӣ (IISS), мақараш дар Лондон, дар гузориши солонааш бо номи “Тавозуни низомӣ-2016” (The Military Balance 2016) , ки рӯзи 9 феврал нашр шуд, мегӯяд, дастрасӣ ба технологияҳои навин бартарии дар ду даҳсолаи охир бечунучарои Ғарб дар арсаи низомии дунёро коҳиш додааст.

Ҷон Чипман, мудири кулли ин бунгоҳи таҳқиқотии махсуси омӯзиши иқтидори низомии кишварҳои дунё дар расми муаррифии гузориши солонаи созмонаш гуфт, “бартарии Ғарб дар бахши технологияҳои низомӣ, як сутуни асосии таъмини тавозуни низомӣ дар 20 соли охир рӯ ба коҳиш овардааст.”

Чипман дар ин бахш дар баробари тақвияти иқтидори низомии Чину Русия ва даъвоҳои низомии Русия бахусус дар самти Украина ва Сурия ҳамчунин аз кишварҳои халиҷи Форс ёдовар шудааст, ки дар солҳои охир тавонмандиҳои низомии худро дар муқобили Эрон – як рақиби суннатиашон дар Ховари Миёна – хеле тақвият доданд.

Гузориш иқтидори низомии кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказиро низ баршумурдааст. Тавре ба назар мерасад, ҳамаи 5 кишвари ин минтақа то ҳол асосан мусаллаҳ бо таслиҳоти бозмонда аз замони Шӯравӣ боқӣ мемонанд.

Дар “Тавозуни низомӣ-2016” Тоҷикистон аз нигоҳи имконоти низомӣ заиф арзёбӣ шудааст. Дар гузориш мехонем, “нирӯҳои хурди мусаллаҳи Тоҷикистон бештар рамзӣ буда, имконоти каме барои пешбурди амалиёти низомӣ доранд ва тақрибан тамоми таҷҳизоташ сохти Шӯравист. Дар сурати сар задани низоъ ваё ошӯбҳои дохилии қобили мулоҳиза ин кишвар бидуни кумак ба мушкил дучор мешавад, вале узвияти Тоҷикистон дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва ҳузури нирӯҳои низомии бузург ва дар ҳоли афзоиши Русия дар Душанбе ба ин кишвар итминон медиҳад.”

Нирӯҳои пойгоҳи 201-уми Русия ҳангоми тамрин

Нирӯҳои пойгоҳи 201-уми Русия ҳангоми тамрин

Гузориш мегӯяд, созишномаи соли 2014 байни Душанбеву Маскав имкони беш аз 1 миллиард доллар ёриҳои низомии Русия ба навсозии артиши Тоҷикистонро фароҳам мекунад. Муаллифон марзи тӯлонӣ бо Афғонистон ва эҳтимоли авҷи хушунатҳоро аз мояҳои асосии нигарониҳои амниятии Тоҷикистон ном мебаранд ва мегӯянд, ба ҳамин далел, нирӯҳои бештар дар марз мустақар карда шуданд. “Аммо бо дарназардошти заъфи умумии нирӯҳои мусаллаҳ ва нирӯҳои амниятии Тоҷикистон, тамрини маҳдуди нирӯҳои вижа, шумори зиёди даъватшудаҳо ва имконоти ночизи нақшагирӣ фаъолияти начандон густардаи ҷанҷӯёни марбут ба гардиши маводи мухаддир метавонад дарди сари зиёде барои нирӯҳои мусаллаҳ(и Тоҷикистон) эҷод кунаду ин нирӯҳоро ба чолиш бикашонад,” – омадааст дар гузориш.

Аммо як сарҳанги бознишастаи артиши Тоҷикистон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, рӯзи 10 феврал дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, амалиёти моҳи сентябри нирӯҳои амниятии Тоҷикистон алайҳи гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода нишон дод, ки ин нирӯҳо тавони рафъи зуду муассири чунин чолишҳоро доранд: “Бубинед, дар солҳои 2011 амалиёти зидди гурӯҳи Мулло Абдулло Раҳимов дар водии Рашт қариб 8 моҳ тӯл кашид. Вале хатари гурӯҳи Назарзодаро дар зарфи ҳамагӣ 12 рӯз аз байн бурданд. Ин нишон медиҳад, ки нирӯҳои амниятӣ дар солҳои охир тамрини хуб гирифтаанд ва метавонанд бо чунин таҳдидҳо бидуни кумак аз берун мустақилона муқобила кунанд.”

Ин ҳамсӯҳбати мо ҳамин тавр, ба фарқ аз артишҳои дигари минтақа таҷрибаи ҷангӣ доштани нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро як нуқтаи бартарии ин артиш унвон мекунад.

Бо ин ҳол, бино ба гузориши солонаи Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолиоти стротегӣ, Тоҷикистон аз нигоҳи таслиҳотӣ заифтарин артиш дар минтақа боқӣ мемонад.

Бахши Тоҷикистони “Тавозуни низомӣ-2016”

Бахши Тоҷикистони “Тавозуни низомӣ-2016”

Бар асоси омори гузориши “Тавозуни низомӣ-2016”, нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз 8800 нафар, бо шумули 7300 аскару афсари артиш ва 1500 тан нирӯҳои ҳавоиву дифои зиддиҳавоӣ, ва 7500 нирӯи ниманизомӣ, бо шумули 3800 тан аз нирӯҳои дохилӣ, 1200 аскару афсари Горди миллӣ ва 2500 тан аз нирӯҳои кумитаи ҳолатҳои фавқулодда иборат аст. Нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, бино ба ин манбаъ, 30 тонки Т-72, 7 тонки Т-62, 23 мошини зиреҳпӯши навъи БМП ва 23 БТР, як ҳавопаймои ТУ-134 ва се чархболи навъи МИ доранд.

Барои муқоиса нирӯҳои мусаллаҳи Узбакистони ҳамсоя аз 48 000 нирӯи артиш ва 20 ҳазор нирӯи ниманизомӣ иборат буда, артиши ин кишвар бо 70 тонки Т-72, 100 тонки Т-64 ва 7 тонки Т-62, 399 зиреҳпӯши навъи БМД ва БМ, 309 БТР, 2 ҳавопаймои СУ-24, 2 ҳавопаймои СУ-25 ва 5 чархболи навъи МИ мусаллаҳ мебошад.

Нирӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон, иборат аз 20 400 нирӯи низомиву ғайринизомӣ дар ихтиёри худ 150 тонки Т-72, 320 БМП, 45 БТР ва 10 чархболи МИ доштаанд.

Ҳамин тавр, артиши 33-ҳазорнафарии Туркманистон бо 650 тонки Т-72 ва 4 тонки навтарини Т-90, 1106 БМП, 870 БТР, 2 ҳавопаймои МИГ-29, як ҳавопаймои СУ-25 ва 18 чархбол мусаллаҳ буда, артиши 70-ҳазорнафарии Қазоқистон дар ихтиёраш 300 тонки Т-72, 609 БМП 10 ҳавопаймои ҷангиву тамринӣ ва 56 чархболи ҷангии навъи МИ доштааст.

Раҳмон Набиев

Раҳмон Набиев

Ин фарқи бузург дар сатҳи таслиҳоти нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои дигари минтақа ба даврони нооромиҳои ибтидои солҳои 90 бармегардад. Тоҷикистон танҳо кишвари пасошӯравист, ки ҳукумати раисиҷумҳури вақташ Раҳмон Набиев дар соли 1992 аз мероси Артиши Шӯравӣ даст кашид. Раҳмон Набиев он замон дар шарҳи ин тасмими ҳукуматаш гуфта буд, ки Тоҷикистон чунин хароҷоти бузурги низомиро ӯҳда карда наметавонад. Дар натиҷа, дивизияи 201-уми Артиши Шӯравӣ, ки бояд баъди пош хӯрдани Шӯравӣ ба ихтиёри Тоҷикистон мегузашт, ба Русия тааллуқ гирифт ва Тоҷикистон маҷбур шуд, бунёди нирӯҳои мусаллаҳашро аз сифр оғоз кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG