Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилофи ҳокими Қирғизистон суқут кард


Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон аз эътилофи ҳукмрон дар порлумони ин кишвар берун шуд ва бо ин кабинети нахуствазир Суранбой Ҷеенбековро дар ростои истеъфо қарор дод. Исо Омурбеков, раиси ҷиноҳи Ҳизби сотсиал-демократ рӯзи 24 октябр гуфт, тасмими берун шудан аз эътилофи шаш ҳизб бинобар мавқеъҳои оштинопазири сиёсӣ гирифта шуд. Ба ин хизб, то интихобаш ба мақоми президентӣ, Алмосбек Отамбоев раҳбарӣ мекард.

Бинобар Қонуни асосии Қирғизистон бо берун шудани як ҳизб эътилоф аз байн меравад ва ҳукумат, ки бар пояи ин эътилоф таъсис ёфтааст, истеъфо медиҳад. Ҷеенбеков моҳи апрели соли равон ба дунболи истеъфои Темир Сариев ҳукумати навро таъсис дод ва нахуствазир шуд. Акнун президент Отамбоев дар муддати се рӯз бояд аз ҳизби порлумонӣ дархост кунад, ки эътилофи навро созмон диҳад.

XS
SM
MD
LG