Пайвандҳои дастрасӣ

Афғонистон таҷаммӯи ҷангиён дар марз бо Тоҷикистонро радд кард


Дар ҳоле, ки мақомоти тоҷик ҷиҳати ҷилавгирӣ аз таҳдиди ҷангиён аз Афғонистон тадобири амниятӣ рӯи даст гирифтаанд, масъулони амниятии афғон таҷаммӯи гурӯҳҳои тундрав дар марзи ду кишварро радд мекунанд.

Фармондеҳи амнияти вилояти Қундуз мегӯяд, ҳеҷ гурӯҳи тундрав дар сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон таҷаммӯъ накардааст ва ба гуфтаи вай, душман баъзан ба ҳамлаҳои "дуздона" дар ин минтақа, даст мезанад. Аммо гузоришҳо аз қавли мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, ҷангҷӯёни гурӯҳҳои тундрав дар марзи байни Тоҷикистон ва Афғонистон таҷаммӯъ карда ва ин кишвар тадобири амниятиро рӯи даст гирифтааст.

Фармондеҳи амнияти Қундуз гузоришҳо радд кард, ки гӯё ҷангиёни гурӯҳҳои тундрав ба шумули Толибон дар дигар гурӯҳҳо дар марзи ду кишвар ҷамъ омадаанд. Қаблан мақомоти тоҷик гуфта буданд, ки Душанбе дар мавриди таҷаммуи ҷангҷӯён дар наздикии сарҳад бо ин кишвар иттилооте дар даст доранд ва онҳо дар марз тадобири амниятӣ барои ҷилавгирӣ аз таҳдидҳо рӯи даст гирифтаанд.

Генерал Абдусабур Нусратӣ, фармондеҳи амнияти Қундуз дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ин гузоришҳоро беасос хонда ва гуфт: "Мо аз вулусволии Имом Соҳиб, ки бо Тоҷикистон марзи муштарак дорад, дидан кардем ва иттилоъ гирифтем, ки дар онҷо душман таҷаммӯъ накардааст ва ин гузоришҳо асос надоранд."

Аммо иддае аз масълуони маҳаллӣ дар вилоятҳои Ҷузҷон, Сарипул ва Форёб таъсиси паноҳгоҳҳои ҷангҷӯёни кишварҳои Осиёи Миёна -- Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистонро дар минтақаи Кӯҳистонот таъйид кардаанд.

Генерал Абдусабур Нусратӣ, фармондеҳи амнияти Қундуз дар посух ба ин суол, ки "агар ҷангҷӯёни мухолиф дар манотиқи сарҳадӣ таҷаммуъ накардаанд, пас марзбонони тоҷикро кӣ рабудааст?, гуфт: "Гурӯҳҳои хурди душман баъзе вақт ҳамлаҳои дуздона анҷом медиҳанд."

Ба гуфтаи ин мақоми амниятии афғон, марзбонони тоҷик тасодуфан дар онҷо будаанд ва аз сӯи афроди мусаллаҳ рабуда шудаанд. Вай дар мавриди марзбонони тоҷик ҷузиёти бештар ироа накард.

Бо гузашти 23 рӯз аз рабуда шудани чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи Толибон дар шимоли Афғонистон, аз онҳо хабаре нест. Гурӯҳи мусаллаҳ шомгоҳи ҷумъаи 19 декабр ин афродро дар марзи вулусволии Имом Соҳиб бо ноҳияи Қумсангири Тоҷикистон ба асорат бурданд. Гуфта мешавад, ки ин марзбонон ҳини ҷамъоварии ҳезум аз сӯи Толибон рабуда шудаанд.

Бар пояи иттилооти кашфии ниҳодҳои амниятии афғон, Толибон дар ивази раҳоии ин чаҳор сарбози тоҷик, аз Тоҷикистон хоҳони раҳоии ду нафар аз ҷангҷӯёни тоҷик ҳастанд, ки чанд моҳ пеш аз сӯи нерӯҳои амниятии афғон дар ин вулусволӣ асир гирифта шуда буданд. Ҳамчунин онҳо хостори раҳоии як узви шабакаи Ал-Қоида ҳастанд, ки чанд моҳ пеш бо либоси занона боздошт шуда буд ва ҳоло дар Қундуз нигоҳ дошта мешавад.

Вулусволии Имом Соҳиб дар қисмати шимолии вилояти Қундуз ҷойгир аст ва бо ноҳияи Қумсангири Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад. Дарё Ому аз ҳамин сарҳад мегузарад ва ҳамчунон ҷангалзори паҳноваре дар миёни марзи ҳар ду кишвар вуҷуд дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG