Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мероси Михаил Горбачёв: Аз бозсозӣ то суқути СССР


Михаил Горбачев ва Борис Немтсови ҳанӯз ҷавон. Акс аз поёни солҳои 80

Михаил Горбачев ва Борис Немтсови ҳанӯз ҷавон. Акс аз поёни солҳои 80

Михаил Горбачёв, муаллифи бозсозӣ ва нафаре ки суқути Иттиҳоди Шӯравиро ба номаш рақам мезананд, рӯзи 2 март ба синни 85 расид. Президенти аввалин ва охирини СССР чӣ меросе аз худ ба ёдгор мегузорад?

Михаил Горбачёв, президенти аввалин ва охирини Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзи 2 март 85-сола шуд. Горбачёв аз барҷастатарин сиёсатмадорони солҳои 80 ва ибтидои солҳои 90-и дунёст, ки дар сарнавишти кишвари бузурге, ки раҳбарӣ мекард, нақши муҳим бозӣ кардааст. Ва бюо вуҷуди гузашти инак чоряк аср аз анҷоми раёсаташ, назарҳо ба шеваи раҳбарии Горбачёв низ чӣ дар ҷомиа ва чӣ дар байни соҳибназарон хеле мутафовит боқӣ мемонад. Аз ҷумла дар Тоҷикистон.

Як гурӯҳ Горбачёвро нахустин мунодии озодӣ ва демократия дар паҳнои бузурги Шӯравии собиқ, ки то расидани ӯ ба раёсат дар тӯли қариб 70 сол зери бори режимҳои мустабиди коммунистӣ қарор дошт, унвон мекунанд. Ба ақидаи ин гурӯҳ, Горбачёв бо сиёсати бозсозиаш, ки соли 1985, ҳамагӣ чанд моҳ баъди интихобаш ба мақоми котиби генералии Кумитаи марказии ҳизби ҳокими коммунист (КПСС) оғоз кард, хеле мехост ба бадани ниммурдаи ин империяи бузург, ки нафақат 15 ҷумҳурии Шӯравӣ, балки даҳҳо кишвари дигари сотсиалистиву моил ба сотсиализмро дар саросари сайёра зери султаи худ дошт, ҷони тоза бидамад. Вале фурсат ва талотуми ҳодисот имкон надод, ки ӯ ин нақшаашро то охир бирасонад.

Умед Бобохонов

Умед Бобохонов

Журналисти тоҷик Умед Бобохонов мегӯяд, ки ӯ ҳам дар солҳои 80 аз ҷумла миллионҳо ҳаводори сиёсати Горбачёв буд: “Бозсозӣ, ошкорбаёнӣ, аз байн бурдани низоми яккаҳизбӣ, ҳаракати коопертивӣ ва навовариҳои дигар таваҷҷӯҳи ҳамаро ба худ кашида буд. Вале имрӯз ман нақши ӯро баҳои яксон дода наметавонам. Ба назари ман, Горбачёв яке аз сиёсатмадорҳои пуртаззоди асри 20 боқӣ мемонад. Аз як тараф, ӯ ҷуръати кофӣ пайдо кард, то мушкилоти сахти Шӯравиро эътироф ва ислоҳотро ошоз кунад. Аз тарафи дигар, воқеъбинии сиёсӣ ва хирадаш кифоят накард, ки ӯ ин раванди ислоҳотро таҳти назорат нигоҳ бидорад.”

Аммо агар мухлисони собиқи Горбачёв аз дилсард шуданашон аз оқибатҳои бозсозӣ изҳори таассуф мекунанд, ҷониби дигар маҳз Горбачёвро гунаҳкори асосӣ дар фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, як қудрати як замон бузург ва дар саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ матраҳ мешуморанд. Ин гурӯҳ мӯътақиданд, ки агар ӯ бо сиёсати бозсозиаш намешуд, Шӯравӣ ва дигар кишварҳои ҷаҳони коммунистӣ то ҳол побарҷо буд ва ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ чунин саргардону дарбадар намешуданд ваё мисли Тоҷикистон ба вартаи ҷанги хунини шаҳрвандӣ намеуфтоданд.

Исмоил Талбаков, муовини раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ақидаи ӯ, исми Горбачёв дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои сиёҳ сабт хоҳад шуд: “Сабаби ин қадар бадбахтиҳои мардуми Шӯравӣ ҳамин одам шуд. Горбачёв сиёсати давлатҳои Ғарбро пеш мебурд ва ба хотири манфиатҳои Ғарб Шӯравиро шикаст дод ва ба империализми ҷаҳонӣ дар шашяки рӯи замин роҳ кушод. Ман бовар дорам, ки кишварҳои дунё як рӯз ҳатман ба низоми сотсиалистӣ бармегарданд, вале коре ки Горбачёв кард, ҳамеша ҳамчун як саҳифаи сиёҳ дар таърих боқӣ хоҳад монд.”

Михаил Сергеевич Горбачёв 2 марти соли 1931 дар рустои Приволноеи кишвари Қафқози шимолӣ, ҳоло кишвари Ставрополи Русия дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1950 ӯ мактаби миёнаро дар зодгоҳаш бо медали нуқра хатм кард ва ба риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Маскав шомил шуд. Соли 1955, баъди хатми донишгоҳ ва ҳамагӣ 10 рӯз дар додситонии Ставропол, Горбачёв, ки соли 1952, ҳанӯз дар даврони донишҷӯияш узви КПСС шуда буд, ба кори комсомол гузашт.

Ӯ алакай соли 1956 котиби аввали комсомоли шаҳр ва соли 1961 котиби аввали комсомоли кишвари Ставропол шуд. Аз соли 1962 ба кори ҳизби гузашт ва соли 1970 ба мақоми котиби аввали ҳизби коммунисти кишвари Ставропол расид. Дар поёни соли 1978 ба Маскав даъват ва котиби Кумитаи марказии КПСС таъин шуд. Баъди даргузашти паиҳами се раҳбари солхӯрдаи Иттиҳоди Шӯравӣ – Леонид Брежнев, Юрий Андропов ва Константин Черненко - дар солҳои 1982, 1984 ва 1985 – қарор шуд, ки ба ҳайси ҷойгузини Черненко ягон нафари ҷавонтар интихоб шавад ва ин интихоб рӯи Горбачёв қарор гирифт. Горбачёв 11 марти соли 1985 котиби генералии КМ КПСС интихоб шуд ва дар ин мақом то 24 августи соли 1991, яъне то рӯзе ки бо фармони худи ӯ фаъолияти КПСС манъ карда шуд, раҳбарии ин ҳизби иборат аз 24 миллион узвро бар ӯҳда дошт.

Ӯ алакай дар моҳи апрели соли 1985 аввалин тезисҳояш дар бораи сиёсати бозсозиро эълон кард ва ба бархе озодиҳои сиёсӣ дар ҷомиаи қариб 70 сол бастаи Шӯравӣ роҳ кушод. Аз ҷумла маҳз дар ҳамин давра нахустин ҳизбҳову ҷунбишҳои сиёсӣ дар муқобили ҳизби яккатози коммунист рӯи кор омаданд, ҷумҳуриҳое, чун Латвияву Литва, Эстония, Гурҷистон даъвои истиқлол ва ҷудоӣ аз Маскав карданд, забонҳои миллӣ дар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ, аз ҷумла забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон, мақоми давлатӣ гирифтанд, аввалин бор интихоби раҳбарони корхонаҳо сурати демократӣ гирифт ва дар соли 1989 барои бори нахуст дар СССР интихоботи алтернативии вакилони Шӯрои олӣ сурат гирифт, ки дар он як силсила аз номзадҳои мухолифин низ соҳиби курсӣ дар парламенти Иттиҳоди Шӯравӣ шуданд.

Давлат Худоназаров, коргардони маъруфи синамои тоҷик, ки дар интихоботи соли 1989 вакили Шӯрои олии СССР аз ҳавзаи Бадахшон интихоб шуда буд, дар як сӯҳбати қаблиаш бо Озодӣ гуфт, баъди аз фурӯпошии ШӮравӣ дар тақрибан ҳеҷ кадоме аз кишварҳои Осиёи Марказӣ интихобе доир нашуд, ки аз лиҳози сатҳи озодӣ ва рақобаташ ҳамсони интихоботҳои солҳои 1989-1991 барпокардаи Горбачёв бошанд.

Исмоил Талбаков

Исмоил Талбаков

Исмоил Талбаков мӯътақид аст, ки агар Шӯравӣ дар аҳди Горбачёв на аз роҳи бозсозӣ, балки аз роҳи Чин пеш мерафт, дучори суқут намешуд: “Кори кардаи Горбачёв бояд барои раҳбарони имрӯза ҳам намунаи ибрат бошад, ки хулосаҳои дуруст бароранд ва аз роҳҳои дуруст бираванд, ки мабодо номашон дар таърих чунин сиёҳ шавад.”

Аммо аз поёни солҳои 90 сиёсати бозсозии Горбачёв мунҷар ба тақвияти ҷараёнҳои марказгурез дар аксари қаламрави Шӯравии собиқ шуд ва ибтидо 3 ҷумҳурии соҳили Балтик, сипас Гурҷистон эълони истиқлол карданд. Дар августи соли 1991 як гурӯҳи мансабдорони баландпояи ҳукумати Горбачёв ӯву ҳамсараш Раиса Горбачёваро дар бӯстонсарои онҳо дар Фороси Қрим бандӣ карда, раҳбариро ба дасти худ гирифтанд. Аммо ин талоши барканор кардани ҳукумати Горбачёв бо шарофати ҳазорон нафаре, ки ба майдонҳо рехтанд ва алайҳи ГКЧП қиём карданд, баъди ҳамагӣ се рӯз шикаст хӯрд ва Горбачёв ба Маскав баргашт.

Баъди бозгашт ӯ фаъолияти ҳизби коммунистро манъ кард ва ҳамаи 15 ҷумҳурии Шӯравӣ эълони истиқлол карданд. Дар моҳи декабри соли 1991 раҳбарони Русия, Украина ва Беларус Борис Елтсин, Леонид Кравчук ва Станислав Шушкевич эълон карданд, ки ҳама мустақил шудаанд ва Иттиҳоди ШӮравӣ бояд дигар пароканда шавад. Горбачёв рӯзи 25 декабри соли 1991 дар охирин паёми телевизиониаш ба ҳайси президенти СССР эълон кард, ки ин кишвар дигар вуҷуд надорад ва ӯ аз мақомаш истеъфо медиҳад.

Горбачёв баъди истеъфояш аз мақом Сандуқи вижаеро бо номи “Горбачёв-Фонд” таъсис дод, дар чандин реклама, ба мисли рекламаи “Пицца –Хатт” бозӣ кард ва то ҳол, гоҳ-гоҳе дар бораи масоили гуногуни сиёсии Русия ва ҷаҳон изҳори назар мекунад. Умед Бобохонов мегӯяд, баҳогузорӣ ба нақши Горбачёв ба ин ҳам вобаста аст, ки ҷумҳуриҳои собиқ баъди ҷудо шудан аз Шӯравӣ ба кадом сатҳи зиндагӣ расиданд: “Агар зиндагиашон беҳтар шуда бошад, Горбачёвро ба некӣ ёд мекунанд, вагарна дар зеҳни ҷомиа ӯро раҳбаре хоҳанд дид, ки бо бемасъулиятиаш як кишвари бузургро хароб кард. Бахусус он сокинони СНГ, ки бино ба назархоҳиҳо, то ҳол Шӯравиро ба ҳасрат ёд мекунанд.”

Худи Горбачёв чандин бор гуфтааст, ки сиёсати бозсозии ӯ дар солҳои 80 беалтернатива буд ва Шӯравӣ ҳам дар он шароит шонси зиёди зинда мондан надошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG