Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 нафар дар робита бо ҳамлаи Лондон боздошт шуд


Полиси Бритониё рӯзи 23 март гуфт, ки дар робита бо таҳқиқи ҳамлаи террористии рӯзи чоршанбе дар наздикии бинои порлумон дар Лондон 7 нафарро боздошт кардааст. Марк Ровлӣ, раиси полиси зиддитерристӣ гуфт, ки дар қаламрави Лондону Бирмингем ва ҳам ҷойҳои дигар аз рӯи шаш суроға тафтишу ҷустуҷӯ сурат гирифт. Вай гуфт, ҷузъиёти дигарро намешавад феълан ошкор кард.

Дар ҳодисаи рӯзи 22 март дар Лондон марде нахуст бо мошин роҳгузарҳоро пахш карда, баъдан як афсари полисро бо корд захмӣ кард. Ровлӣ гуфт, ки дар ин ҳодиса чор нафар, аз ҷумла худи ҳамлагар кушта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, вазъи 7 маҷрӯҳи ин ҳодиса сангин арзёбӣ мешавад. Ровлӣ гуфт, ки феълан ба бовари онҳо "ҳамлагар бо илҳом аз терроризми байналмилалӣ ба танҳоӣ амал мекард". Вай гуфт, ки дар марҳилаи кунунӣ ҳеҷ хатаре ба амнияти ҷомеа таҳдид намекунад.

XS
SM
MD
LG