Пайвандҳои дастрасӣ

"Намедонам, чаро эътироз дар назди сафорати Амрико сурат гирифт"


Ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар умури равобит бо ҷомеа гуфт, барои онҳо амнияти дипломатҳо ва кормандони сафорат, муҳим мебошад.

Ёвари вазири умури хориҷии Амрико, Майк Ҳаммер, дар пайванд ба тазоҳуроти рӯзи ҷумъа дар рӯбарӯи сафорати кишвараш дар Душанбе гуфт, ҳар кас ҳуқуқ дорад, ки эътироз кунад, аммо барои онҳо амнияти дипломатҳояшон муҳим аст.

Зеро ба гуфтаи ҷаноби Ҳаммер, мавориди ҳамла ба намояндагиҳои ин кишвар дар Афғонистон, Туркия ва Бенғозӣ рух дода буд ва онҳо дипломатҳои худро аз даст дода буданд. Ба ин далел, ба гуфтаи ӯ, ИМА таъмини амнияти ҳам дипломатҳо ва ҳам кормандони сафоратро муҳим медонад.

Вай аз шарҳи ҳадафи эътирози рӯзи панҷшанбе дар рӯбарӯи сафорати Амрико дар Душанбе худдорӣ кард ва гуфт, "намедонам, чаро он дар назди сафорати Амрико сурат гирифтааст".

Ҷаноби Ҳаммер, ки шомгоҳи душанбе дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, аз ҳукумати Тоҷикистон тақдир кард, ки дар пасманзари тазоҳуроти эътирозии рӯзи ҷумъаи 6-уми апрел дар рӯбарӯи сафорати Амрико дар Душанбе, тавонистанд амниятро таъмин кунанд.

Ӯ дар робита ба қатъи фаъолияти муваққатии дафтарҳои СММ дар пасманзари ин эътирозҳо гуфт, ки сафири кишвараш дар Тоҷикистон ҳама тадбирҳоро хоҳад андешид, то амнияти кормандони сафорат таъмин бошад.

Майк Ҳаммер гуфт, ки бо раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мулоқот надоштааст, аммо дар дидор бо муовини ӯ мавқеи Амрико дар мавриди озодиҳои суханро ба ӯ расонидааст. Ёвари котиби давлатии ИМА дар умури ҷамъиятӣ Майк Ҳаммер сафараш ба Тоҷикистону Узбакистонро шурӯъ кард, ки то 15-уми апрел идома хоҳад дошт.

Пешбинӣ мешавад, ки ӯ бо рӯзноманигорон, мансабдорони ҳукуматӣ, донишҷӯён ва пешвоёни ҷомеаи шаҳрвандии ду кишвари Осиёи Марказӣ дидору гуфтугӯ хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG