Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА дар низоми муҳоҷираташ ислоҳот ворид хоҳад кард.

Бо 11 миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ, ки дар ИМА кору зиндагӣ доранд, чӣ бояд кард? Ин суолест, ки мақомоти Амрико дар чорчӯби ислоҳоти низоми муҳоҷират посухи онро ҷустуҷӯ доранд. Бисёриҳо бар ин назаранд, ки ба ин муҳоҷирон бояд имкон дод, ки аз роҳи қонунӣ шаҳрвандии ИМА-ро касб кунанд.

Муҳоҷири ғайриқонунӣ, ки худро шартан Тома меномад, тахминан 50-сола асту панҷ сол инҷониб ғайриқонунӣ дар ИМА истиқомат дорад. Ӯ ба ҳайси сайёҳ аз Гурҷистон ба Амрико омад ва баъди анҷоми мӯҳлати сафараш тасмим гирифт, ки дигар ба Гурҷистон барнагардад.


Тома мегӯяд, дар Гурҷистон чун дар бисёр кишварҳои Аврупои Шарқӣ, пайдо намудани кор осон нест ва аз ин рӯ ӯ мехоҳад дар Амрико истода, зиндагиашро беҳтар кунад. Вай умедвор аст, ки як рӯз не як рӯз ҳузури ӯ дар Амрико қонунӣ хоҳад шуд. “Ман бояд оилаамро хӯронам, - мегӯяд Тома. - Ба шарофати кори ман дар ин ҷо онҳо дар Гурҷистон гурусна нестанд. Ман ба бисёре аз наздиконам пул мефиристам. Ҳатто барои амалиёти ҷарроҳӣ пул фиристодам, зеро онҳо пул надоштанд. Ҳамааш ба шарофати Амрико аст. Ман ин кишварро мисли модари дуюм дӯст медорам”, гуфт ин хонуми гурҷӣ.

Дар пайи интихоби дубораи Барак Обама ба курсиии раёсатҷумҳурии ИМА Қасри Сафед ва Конгресс масъалаи ислоҳоти муқаррароти муҳоҷират ба Амрикоро ба роҳ монданд. Саволи асосӣ ин аст, ки бо чӣ василае муҳоҷирони ғайриқонунӣ мақоми худро ба расмият дароварда, ба касби шаҳрвандии Амрико муваффақ хоҳанд шуд? Акнун Тома ва мисли ӯ 11 миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ интизор доранд, ки ҳукумат барои онҳо роҳи қонунии касби шаҳрвандии Амрикоро нишон медиҳад.


Ба қавли Одрӣ Сингер, шореҳи пажӯҳишгоҳи Брукингси Вашингтон, имрӯз зарурати ислоҳоти низоми муҳоҷиратро ҳам соҳибкорон, ҳам диндорон, ҳам сиёсатмадорон ва раҳбарони муассисаҳои мухталиф дарк мекунанд. Тибқи иттилои пажӯҳишгоҳи ПЮ (PEW) аз миёни 11 миллион муҳоҷири ғайришаръӣ тахминан 60 дар садро мексикоиҳо ташкил медиҳанд. Ҷомеашиноси маркази ПЮ Ҷефрӣ Пассел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ тахминан 50 ҳазор нафар буда, ин рақам дар давоми даҳ соли гузашта тағйир наёфтааст.


Ҷои ёдоварист, ки дар солҳои ҳаштодуми қарни гузашта ҳам ҳукумати ИМА дар чорчӯби ислоҳоти низоми муҳоҷират ба 3 миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ шаҳрвандии ИМА-ро тақдим намуд, то убури ғайриқонунии марзи Мексика бо ИМА қатъ гардад, вале натиҷааш баръакс шуд.


Дар интихоботи президентии соли гузашта вазъи демографии ИМА возеҳ намуд, ки дар пирӯзии Барак Обама саҳми раъйдиҳандагони ба истилоҳ “Латино” ё худ мардуми испанизабон хеле бузург аст. Ба онҳо мавқеи Обама дар масъалаи муҳоҷират писанд омад.

Аз ин ҷост, ки қонунгузорони ҷумҳурихоҳ низ ба ислоҳоти низоми муҳоҷират рӯй оварда, дар моҳи январ як пешнависи ислоҳоти низоми муҳоҷиратро матраҳ намуданд. Дар ин лоиҳа дарёфти шаҳрвандии Амрико ҳамзамон бо таҳкими назорати марзҳо пешниҳод шудааст. Аммо президент Обама тақдими шаҳрвандиро бо таҳкими назорати марзу амният марбут намедонад. Дар паёми солонааш, ки 12-уми феврал ироа шудааст, президент Обама гуфт:

“Ислоҳоти воқеӣ маънои онро дорад, ки роҳи масъули дарёфти шаҳрвандӣ матраҳ гардад. Ин роҳ бояд таҳқиқи гузаштаи фард, супурдани андоз, муҷозоти муассир, омӯзиши забони англисӣ, бозгашт ба ватан ва вуруди расмӣ ба ИМА-ро мадди назар гирад”.


Ба қавли Тома чунин роҳи дарёфти шаҳрвандӣ мантиқӣ мебошад:
“Ман ба президент ва ин кишвар дуо хоҳам кард.” Тома мегӯяд, ӯ ҳозир аст, андоз супораду тамоми тақозоҳои матраҳшударо иҷро кунад.
XS
SM
MD
LG